Дар шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо ташаббуси кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи донишгоҳ ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё бахшида ба рӯнамоии китоби «Санъатга бахшида умр» («Умри ба санъат бахшида»)-и яке аз намояндагони барҷастаи санъати тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи воҳаи Сурхон – Хайрулло Насриддинов чорабинии махсус баргузор гардид.
Дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ, фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Сурхондарё, ҳаводорони фарҳанг, адабиёт ва санъат ширкат варзиданд. Чорабиниро раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят, дотсент Рамазон Абдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки китоб асари ёддоштии муаллиф буда, барои рушди санъат, маданият ва фарҳанги миллӣ саҳми арзанда дорад ва барои эҷодкорони имрӯза як дастури зиндагӣ хоҳад шуд.
Сипас, садри маҳфил – Хайрулло Насриддинов перомуни офариниши китобаш чанде ҳарф зада, аз воқеаву ҳодисаҳои аз сар гузарондаи худ, ки дар китоб овардааст, ба ҳозирин нақл кард ва ба саволҳои донишҷӯён посух дод.
Ҷамъомадагон сари як пиёла чой бо ҳофизи хушовоз суҳбати самимона карда, таъкид намуданд, ки ин гуна маҳфилу вохӯриҳо барои таҳкими дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек ва рушди тамаддуну адабиёт, санъат ва фарҳанги миллӣ хидмат мекунад.
Дар охир бузургсолон дасти дуо бардошта, барои пешрафти илму маърифат, дӯстӣ ва ободиву осудагии ватани азизамон шукрона гуфтанд ва дар ҳаққи ҷамъомадагони маҳфил, кулли мардуми шарифи Ӯзбекистон ва тоҷику тоҷикзабонони дунё ниятҳои хайр карданд.
Шукрулло СИРОҶ, донишҷӯйи факултаи филологияи ДД Тирмиз.