Фарогирии томактабӣ тақвият меёбад: иҷозаи бунёди боғчаҳо бо шарикии давлат

Бо иштироки роҳбари Хадамоти иттилоотии Вазорати таълими мактабӣ ва томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилфуза Собирова брифинг баргузор гардид.

Дар он оид ба вазифаҳои муҳиме, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 2026 таҳти унвони «Дар бораи чорабиниҳо ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми таълиму тарбияи томактабӣ» муайян шудаанд, маълумот дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассис, аз соли таҳсили 2026–2027 сар карда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ омода намудани бакалаврҳо аз рӯи самтҳои таълими томактабӣ ва ибтидоӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, барои омӯзгорони дорои маълумоти миёнаи махсус омода намудани бакалаврҳо дар шакли таҳсили дуалӣ дар асоси шартномаи пулакӣ роҳандозӣ мегардад.
Аз 1 апрели соли 2026 (ба истиснои шаҳри Тошканд) дар ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки фарогирии таълими томактабӣ аз 80 фоиз паст аст, барои субъектҳои соҳибкорӣ як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, иҷозат дода мешавад, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ муассисаҳои таълими томактабӣ таъсис дода шаванд. Дар ин ҳолат ҳаққи иҷора то 30 сол ситонида намешавад ва барои ҳар як кӯдак дар ҳаҷми 50 фоизи хароҷоти кӯдакистони давлатӣ дар асоси ҳузури электронии кӯдак субсидия ҷудо мегардад.
Ин имтиёзҳо ба муассисаҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ, ки аз соли 2024 таъсис ёфтаанд, низ татбиқ карда мешаванд. Рӯйхати ҳудудҳое, ки фарогирии онҳо аз 80 фоиз паст аст, аз ҷониби вазорат ҳар соли молиявӣ тасдиқ карда мешавад.
Ҳамчунин, аз соли таҳсили 2026–2027 қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб тибқи тартиби амалкунанда сурат мегирад, яъне ба синфи якуми муассисаи таҳсилоти умумӣ кӯдакон дар ҳамон соле қабул мешаванд, ки онҳо ба синни ҳафтсолагӣ мерасанд.
Аз соли таҳсили 2027–2028 бошад, ба кӯдаконе, ки яксолаи омодагӣ ба мактабро хатм кардаанд, сертификати электронии намунаи давлатӣ дода мешавад ва ин маълумот дар шаҳодатномаи таҳсилоти умумии миёна қайд мегардад. Барномаи таълимии гурӯҳҳои яксолаи омодагӣ ба мактаб ҳамчун марҳилаи ибтидоии таҳсилоти ҳатмии умумӣ ворид карда мешавад.
Бо мақсади фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони 6-сола, гурӯҳҳои яксолаи омодагӣ ба мактаб дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳо ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин, ба муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ низ иҷозат дода мешавад, ки чунин гурӯҳҳоро таъсис диҳанд.

Муҳайё Тошқораева, ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: