Дар Оҳангарон маҳсулоти муосири электротехникӣ истеҳсол мешавад

  • Дар Оҳангарон маҳсулоти муосири электротехникӣ истеҳсол мешавад
  • Дар Оҳангарон маҳсулоти муосири электротехникӣ истеҳсол мешавад
  • Дар Оҳангарон маҳсулоти муосири электротехникӣ истеҳсол мешавад
  • Дар Оҳангарон маҳсулоти муосири электротехникӣ истеҳсол мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев дар идомаи ташриф ба ноҳияи Оҳангарон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти техникаи маишии «Premier» шинос шуд.

Солҳои охир дар кишвар рушди саноати электротехника ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Дар натиҷа ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ ва технологияҳои муосир ба соҳа афзуда, коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, дар бозорҳои содиротӣ – рақобатпазир ва дорои арзиши баланди иловашуда густариш ёфтааст.

Бахусус, ин лоиҳа низ дар Оҳангарон тащти ҳамкорӣ бо ширкати «Fajr Al Mustaqbal General Trading»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар масоҳати 10 гектар амалӣ шуда, арзиши умумии он 30 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа 250 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, содироти маҳсулот ба маблағи 4 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ҳоло корҳои сохтмон 95 фоиз иҷро гардида, 11,3 миллион доллар сармоя ҷалб шудааст.

Маҳсулоти истеҳсоли корхона ба кишварҳое чун Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Афғонистон содир карда мешавад.

Ҳоло дар Ӯзбекистон чунин корхона ду адад ва дар Осиёи Марказӣ чорто мебошад, ки дар байни онҳо лоиҳаи мазкур аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Дар оянда, яъне пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани маҷмаа, истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 87 миллион доллар дар назар аст.

Сарвари давлат аз раванди кор, сифати маҳсулоти корхона дидан кард. Бо мутахассисон ва кормандон суҳбат анҷом дод.

Дар ҳамин ҷо барномаи рушди корхона, ки барои солҳои 2026–2027 пешбинӣ шудааст, муаррифӣ гардид. Бо намоишгоҳи корхонаҳои мамлакат, ки маҳсулоти электротехникӣ истеҳсол мекунанд, шинос шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: