Зери роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев маҷлиси видеоселекторӣ бахшида ба муҳокимаи вазифаҳои асосии таъмини суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ дар соҳа ва минтақаҳо баргузор гардид.
Дар аввали ҷамъомад нишондодҳои макроиқтисодӣ дар соли гузашта баррасӣ гардиданд. Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакатамон 7,7 фоиз афзуда, бештар аз 147 миллиард доллар гардид. Беш аз нимаи инкишофи иқтисодӣ ба саҳми хидматрасонӣ рост омад. Дар хоҷагии қишлоқ даромади миёна аз ҳар гектар аз 4,5 то 5 ҳазор доллар, ҳосилнокии меҳнат 4,7 фоиз афзуд.
Дар натиҷаи ба иқтисодиёт татбиқ намудани технологияи пешқадам ва сарфакунандаи энергия, афзудани миқдори лоиҳаҳои молики арзиши баланди изофа, харҷи энергия, ки барои ба вуҷуд овардани 1 доллари арзиши изофа ногузир мебошад, дар як сол 15 фоиз коҳиш ёфт.
Ба нишондодҳои соли 2026, ки муқаррар гаштааст, Президенти мамлакатамон ишора намуда таъкид кард, ки нақшаи то 167 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зимни суръати интизории инкишофи иқтисодӣ дар ҳаҷми 6,6 фоиз ба пешгӯии консерватив такя мегардад, ки бо назардошти вазъияти ҷории геосиёсӣ ва тағйири арзиши иқтисодиёти хориҷӣ ташаккул ёфтааст.
Инчунин таъкид ёфт, ки барои таъмини суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ тамоми имконот фароҳам мебошад ва ҳар як вазир, ҳоким ва роҳбари соҳа дар ҷанбаи худ усулҳои нави идораро татбиқ намуда, истифодаи босамари захираро бо бозорҳои анъанавӣ маҳдуд нагардонда, самтҳои нави содиротро кушояд, мутахассисонро дар соҳаҳои рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ барои татбиқи инноватсия ҷалб намояд ва инчунин «стартап-клубҳо» -ро бо иштироки фаъоли ҷавонон ба вуҷуд оваранд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии корхонаҳои стратегӣ ва коҳиш додани харҷ ҳамаҷониба муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки бинобар таҳлили ширкати «Franklin templeton», ки ба идораи Фонди миллии сармоягузорӣ ҷалб гардидааст, дар соҳаи мустаҳкам намудани маданияти ҳамкорӣ, оптимизатсияи логистика, рақамисозӣ ва баланд бардоштани самарабахшии энергетикӣ зарфияти назарраси татбиқнашуда вуҷуд дорад. Ба роҳбарони 19 корхонаи стратегӣ супорида шуд, ки дар соҳаҳои харид, логистика, рақамисозӣ ва самаранокии энергетикӣ чораҳои қатъӣ андешида, коҳиши нархи аслиро ба 10-15 фоиз таъмин намоянд.
— Сарфасозӣ на аз ҳисоби кам кардани истеҳсолот, балки бо роҳи коҳиш додани арзиши аслии воҳиди маҳсулот бояд таъмин гардад, — гуфт Президент.
Ғайр аз ин, аҳамияти дохил намудани корхонаҳои стратегӣ ба низоми иттилоотии «Ҳисобдории ягона» ва қатъ намудани харҷҳои бесамар бо роҳи таснифи харид дар асоси риск-таҳлилҳо таъкид ёфт.
Камбудиҳо дар тараққиёти саноати минтақавӣ ҳадафи қатъии танқид қарор гирифтанд. Агарчи дар се сол саноати ҷумҳурӣ 21 фоиз афзуд, дар чандин ноҳия ҳатто ба 10 фоиз нарасид, дар баъзе минтақаҳо афзудани захираи кредит ва сармоягузорӣ ба рушди сектори саноатӣ таъсири мутаносиб намегузорад.
Дар назди муовинони ҳокимони вилоятҳо вазифа гузошта шуд, ки дар зарфи як моҳ ба маҳалҳо баромада бевосита дар 12 ноҳия кор баранд, корхонаҳоеро ҷоннок созанд, ки истеҳсолоташ коҳиш ёфтааст ва ба ин тариқ рушди саноатро дар ин ноҳияҳо таъмин намоянд.
Қарор қабул гардид, ки нақшаҳои минтақавӣ ва вилоятӣ оид ба таъмини рушди саноати ҷумҳурӣ дар дараҷаи на камтар аз 8,5 фоиз тасдиқ гардад ва ҳамчунин фаъолияти роҳбарон бо назардошти мушкилоти ошкоргардида ва ҳалли онҳо дар натиҷаи семоҳаи якум баҳогузорӣ шавад.
Таъкид шуд, ки дар мамлакатамон 4 корхонаи калон бо иқтидори истеҳсолии солонаи 650 ҳазор автомобил фаъолият дорад. Соли ҷорӣ истеҳсоли боз 763 ҷузъи онҳоро дар асоси ҳамкорӣ бо беш аз 300 корхонаи маҳаллӣ бояд сар кард ва истеҳсоли автомоблро то 510 ҳазор зиёд кард. Бо мақсади рағбатнок намудани талаб дар байни аҳолӣ супориш дода шуд, ки чораҳо оид ба коҳиши миқдор ва афзоиши ҳаҷми автокредит андешида шаванд.
Роҳҳои нави идоракунӣ ба хотири ҷалби сармоя ва татбиқи босамари лоиҳаҳо муайян карда шуданд.
Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ ҷалб намудани сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 50 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст ва лоиҳаҳои нав пеш аз ҳама бояд ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди изофа мусоидат намояд, босамар истифода намудани захираҳоро таъмин кунад ва ҷойҳои кори баланддаромадро фароҳам орад.
Ба вазирон ва ҳокимон супориш дода шуд, ки бо таҳлил ва баҳогузории ҳамаҷонибаи бозорҳо, зарфияти содирот, арзиши изофа ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор бинобар ҳар як лоиҳа,ки ба барномаи сармоягузории соли 2026 дохил мегарданд, машғул гарданд.
Акнун зимни кор бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ назорати қатъӣ на танҳо руйи роҳандозии лоиҳаҳо, балки рӯйи истифодаи пурраи онҳо, ба вуҷуд овардани арзиши баланди изофа ва содироти маҳсулот ба бозори хориҷӣ барқарор карда мешавад. Бо ин мақсад платформаи «Идораи лоиҳаи ягонаи миллӣ» ба вуҷуд оварда мешавад, ки аз ҳар як лоиҳае, ки ба барнома дохил мегардад, дар зарфи се соли пас аз роҳандозӣ пайгирӣ менамояд.
Ба он ишора намуда, ки соли гузашта бинобар мушкилоти гуногуни ташкилӣ 55 лоиҳаи бузург ақиб партофта шуд, қарор гардид, ки дар соли ҷорӣ 377 лоиҳаи стратегӣ ба миқдори 165 миллиард доллар зери назорати алоҳида гирифта шавад.
Таъкид шуд, ки ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ба миқдори 135 миллиард доллар қарордодҳо имзо гаштаанд. Танҳо дар соли ҷорӣ қарордодҳои сармоягузорӣ ба миқдори 9 миллиард доллар бо Туркия ва 1,428 миллиард доллар бо Покистон имзо гардиданд.
Вазифа гузошта шуд, ки ҳаҷми сохтмон аз ҳисоби вусъат додани сармоя зиёд карда шавад. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки ҳаҷми сохтмон соли ҷорӣ то 400 триллион сӯм расонда шавад, дар ҳоле ки дар соҳа пешрафт на камтар аз 17 фоиз таъмин карда шавад. Таъкид шуд, ки 40 триллион сӯме, ки аз буҷет ба инфрасохтори иҷтимоӣ ва саноатӣ ҷудо гаштааст, ба фароҳам овардани бозори калони фурӯши корхонаҳои сохтмон, металлургия ва электротехника ва ҳамчунин ташкили тавлиди масолеҳи сохтмон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ногузирии пурзӯр намудани назорат рӯйи ширкатҳои инжинирингии «Хидмати фармоишгари ягона» дар минтақаҳо ва ҳамчунин ба он ҷалб намудани сектори хусусӣ дар Қароқалпоқистон, Самарқанд ва Фарғона ба тариқи озмоиш таъкид шуд.
Инчунин фармоишҳои дақиқ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дода шуд.
Бо назардошти истеъмоли дараҷаи баланди солонаи энергия дар корхонаҳои хурд ва миёна қарор гардид, ки низоми нави сарфаи энергетикӣ ва таҳияи барномаи сесола барои чунин тоифаи корхонаҳо қабул гардад. Аҳамияти соли 2026 андешидани чорабиниҳо доир ба сарфаи 100 миллион метри мукааб газ ва 500 миллион киловатт-соат электроэнергия дар корхонаҳои хурд ва миёна зикр гардид.
Ғайр аз ин, ишора гардид, ки 917 ҳазор чароғҳои кӯча дар ҷумҳурӣ соле 330 миллион киловатт-соат электроэнергия истифода менамояд, ҳамзамон баъзе аз онҳо ҳатто рӯзона равшан боқӣ мемонанд. Супурда шуд, ки гузоштани симчӯбҳои чароғи панелҳои офтобии начандон калон, аккумуляторҳо ва ҳисобкунакҳое, ки чароғро мустақилона вобаста аз дараҷаи рӯшноӣ хомӯш ва равшан мекунанд, оғоз карда шаванд.
Дар ҷамъомад инчунин ба масъалаҳои афзудани саҳми истеҳсолгарони ватанӣ дар харидҳои давлатӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Тавре ки таъкид шуд, агарчи дар харидҳои давлатӣ ба миқдори 300 триллион сӯм саҳми маҳсулоти маҳаллӣ ба 68 фоиз расид, дар низомҳои Комбинати кӯҳу металлургияи Олмалиқ, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Узтрансгаз», «Шабакаҳои миллии электрикӣ», «Uzbekistan airports» ва «Uzbekistan airways» ин нишондод ҳатто ба 40 фоиз намерасад. Соҳибкорон инчунин таъкид мекунанд, ки тартиби зиёди бюрократӣ дар ҷараёнҳои харидҳои давлатӣ, экспертиза ва сертификатсия зиёданд ва баъзе роҳбарон то ҳанӯз дар фикри куҳна ҳастанд, ки «моли хориҷӣ сифатан хуб аст».
Акнун вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон шахсан ба афзоиши саҳми маҳсулоти дохилӣ дар тамоми марҳилаҳои лоиҳа – аз мулоқот ва тендер то сохтмон ва гузоштани ашёи хом ҷавобгӯ ҳастанд.
Дар ҷамъомад ба масъалаи таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби бозорҳои хориҷӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Президент таъкид кард, ки таъмини рушди баланди иқтисодӣ танҳо аз ҳисоби талаби дохилӣ номумкин аст. Таъкид шуд, ки вазифаи асосии вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон пеш бурдани маҳсулоти нав ба бозорҳои нав бояд бошад.
Ба мисолҳои аниқ ишора гардид, бо вуҷуди он ки соли гузашта содирот 22 фоиз афзуда, ба 24 миллиард доллар расид, бисёр роҳбарон ҳанӯз аз усулҳои куҳнашудаи кор дар ин соҳа даст накашидаанд. Аз ин пас талабот ба содирот нафақат ба ҳаҷм дахл бояд дошта бошад, балки ба вуҷуд доштани маҳсулоти нав ва бозорҳои нав низ гузоша мешавад.
Инчунин вазифаи таъмини суботи нарх дар бозори дохилӣ, бармаҳал ифшо намудани омилҳои инфлятсионӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу фасли амалӣ гузошта шуд.
Таъкид шуд, ки моҳи январ инфлятсияи солона 7,2 фоизро ташкил намуда, 45 фоизи инфлятсия ба маҳсулоти озуқаворӣ рост омад, аз он ҷумла 13 фоиз бинобар боло рафтани нархи гӯшт ба вуҷуд омадааст.
Ба Маркази тадқиқотҳои бозорҳои соҳавӣ ва ҳосилнокии меҳнат дар назди Вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шуд, ки бармаҳал хавфҳои инфлятсияи дохилӣ ва хориҷиро ошкор намуда, ҳар ҳафта бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳоро таҳлил намуда, пешгӯии талаботро ташаккул дода, дар ҳар се моҳ таносуби маҳсулоти асосии озуқавориро таҳия намоянд.
Бо назардошти аз ҳафтаи оянда оғоз ёфтани моҳи мубораки Рамазон таъмини суботнокии нарх дар бозори дохилӣ махсусан муҳим мегардад, аз ин рӯ ташкил намудани ярмаркаи молҳои арзони озуқаворӣ дар бозорҳои деҳқонӣ ва маҷмӯъҳои калони тиҷоратӣ супориш дода шуд.
Вазифаҳо оид ба таъмини суботи нарх ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ инчунин дар хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд.
Таъкид шуд, ки барои коҳиш додани вобастагӣ аз гӯшти воридотӣ захираи хурокаро мустаҳкам бояд кард. 5 ҳазор гектар замин, ки ба муомила дохил карда шудааст ва инчунин роҳандозии кор оид ба кишти ҷуворимакка дар ноҳияи Муборак ба сифати мисол оварда шуд ва супурда шуд, ки соли ҷорӣ чунин корҳо боз дар 60 ҳазор гектар ташкил карда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки захираи хурокаи кафолатдодашуда барои барилова 350 ҳазор сар мол фароҳам оварда мешавад.
Бо назардошти воридоти 772 ҳазор тонна картошка дар соли гузашта, супурда шуд, ки зарурати соли ҷорӣ ба даст овардани 4,5 миллион тонна картошка таъкид гардид.
Дар ҷамъомад ҳисоботи роҳбарони соҳа ва минтақаҳо шунида шуд.
ӮзА.