Ба каломи Заҳириддин Муҳаммад Бобур шеъри шуарои форс-тоҷик таъсиргузор будааст. Дар он рӯзгор аҳли илму адаб забони форсиро дар сатҳи забони модарии худ медонистанд. Дар мактабу мадрасаҳо адабиёти форс-тоҷикро меомӯхтанд.
Аз осори Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аксарияти зиёиён баҳраманд буданд. Бобур дар «Бобурнома» ва «Рисолаи арӯз»-и хеш ба эҷодиёти Шайх Саъдӣ такрор рӯ овардааст. Ӯ дар рисола овардааст: «Дар боби панду насиҳату мавъиза «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ дар олам ҳамто надорад».
Дар ин хусус худи ӯ (Саъдӣ) фармудааст:
Суханҳои Саъдӣ мисол асту панд,
Ба кор оядат, шавӣ корбанд.
Дареғ аст аз ӯ рӯй тофтан,
К-аз ӯ рӯйи давлат тавон ёфтан.
Бобур дар «Бобурнома» аз одати худ, ки раҳораҳ дар тахтасангҳо суханони ҳикматомезро ҳаккокӣ менамуд, ёдовар шудааст. Аз ҷумла, дар ҷое фармудааст: «Дар харсанги лайси лаби чашма ин абётро ҳаккокӣ намудам:
Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар санге навишт:
Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд то чашм бар ҳам заданд:
Гирифтем олам ба мардию зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр».
Бобур ҳарчанд дақиқ нагуфтааст, ки ин абёт аз «Бӯстон»-и Шайх Саъдиянд, вале ин иқтибос аз садоқати бепоёни ӯ ба эҷодиёти шоири бузурги форс-тоҷик далолат медиҳад. Дар маҷмӯъ бояд гуфт, ки фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодиёти Бобур бозгӯйи онанд, ки ӯ аз адабиёти форс-тоҷик вуқуфи комил дошта, шеърҳои зиёди намояндагони ин адабиётро ҳифз намуда будааст.
Шоири зуллисонайн ба забони форсӣ низ шеърҳои зиёде эҷод кардааст. Инак, намунае аз хирвор:
Дарвешонро агар на аз хешонем,
Лек аз дилу ҷон муътақиди эшонем.
Дур аст магӯй шоҳӣ аз дарвешӣ,
Шоҳем, вале бандаи дарвешонем.
***
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаи моро.
***
Ҳеч кас чун ман харобу ошиқи расво мабод,
Ҳеч маҳбуба чу ту бараҳму бепарво мабод.
***
Агар бахайру саломат гузар зи Синд кунам,
Сиёҳрӯй шавам, гар ҳавои Ҳинд кунам.
Бобур беш аз дусад рубоӣ таълиф намудааст. Аз ин миқдор ҳафт рубоии ӯ дар шакли тарона эҷод шудааст. Умари Хайм дар боби рубоинависӣ ҳамто надорад. Бобур дар ин жанри адабӣ аз сабки эҷоди Умари Хайём таъсирпазир будааст. Ӯ дар осораш аз Хайём ном набурдааст, ба рубоиёти ӯ низ ишорае надорад. Бо вуҷуди ин, дар рубоиёташ ба тақдири инсон, ҳаёт ва масоили фанову бақо гоҳе аз дидгоҳи ӯ қаробат ҷустааст. Хайём ба одаму олам бо чашми як файласуф менигарад, аз ҳаёт маънӣ меҷӯяд ва аз дарёфтҳои худ низ қаноат ҳосил намекунад. Барои аз қайди ғаму андӯҳ раҳоӣ ёфтан, аз май мадад меҷӯяд. Вале майе, ки Хайём меситояд ишқи ҳақиқиест, ки ба инсон роҳи озодӣ ва саодати хаёлиро боз менамояд.
Профессор А. Ҳайитметов гуфтааст: «Одатан шоирони олимтабиат, файласуфмизоҷ ва амиқандеш ба рубоӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Рубоиҳои Умари Хайём, Паҳлавон Маҳмуд, Навоӣ, Бедил далели ин гуфтаанд. Ба рубоиҳои Бобур низ, ки талхиҳои зиндагиро бисёр чашида, на танҳо гувоҳ, балки иштирокдори фаъоли ҷангҳо будааст, аз ин дидгоҳ метавон қаробат ҷуст».
Воқеан, Бобур олим ва мутафаккир аст. Ӯ ба ҳаёт бо чашми як файласуф менигарад. Ин дидгоҳ барои рубоинависӣ ба ӯ замина фароҳам овардааст.
Аз қайдҳои Бобур пайдост, ки ӯ рубоиро раҳораҳ, бадоҳатан гуфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки рубоиҳои Хайём низ ба масобаи як раҳоварданд ва бадоҳатан гуфта шудаанд. Дар рубоиёти Хайём нафосату салосати забони форсӣ ба назар мерасад. Рубоиёти Бобур низ намоёнгари нафосати забони туркӣ-ӯзбекиянд.
Дар шеъри Шарқ фикр тавассути тимсол, маҷоз ё дигар санъати бадеӣ ифода ёфтааст. Шоирон тимсолҳои шеъриро ба мисли мӯй, зулф,чашму абрӯ, хол бисёр ба кор бурдаанд. Онҳо саъй бинмудаанд, ки бо ин тимсолҳо фикри тозае гӯянд. Май ва майхӯрӣ рамзи хушдилӣ ва сабаби хушҳолӣ бошад. Улфат аҳли дард ва инсони роздону ҳолдоест. Дар маркази аксарияти рубоиҳои Хайём инсони ҳамдил ва марҳами роз қарор дорад. Дар рубоиҳои Бобур низ образи аҳбоб ва марҳами роз дучор мешавад:
Аҳбоб, йиғламоқчи фароғат тутингиз,
Жамъиятингиз борини давлат тутингиз.
Чун гардиши чарх будурур, Тангри учун
Бир-бирни неча кун ғанимат тутингиз.
Бобур дар баъзе рубоиҳояш ба ҳаммаслаки Хайём табдил ёфтааст:
Келди Рамазону мен тақи бодапараст,
Ийд ӯлди-ю, зикри май қилурмен пайваст.
Не рӯзаю не намоз йиллар, ойлар,
Тун-кун маю маъжун била девонаю маст.
Умари Хайём:
Гӯянд, ки май махӯр ба Шаъбон на равост,
На низ Раҷаб, ки он маҳи хоси Худост.
Шаъбону Раҷаб маҳи Худоянду расул,
Мо май Рамазон хӯрем, к-он хосаи мост.
Одатан, рубоӣ бе ном ва тахаллуси шоир эҷод мешавад. Вале дар баъзе рубоиҳои Хайём мухотаб худи шоир аст:
Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,
Бо дилбараке даме нишастӣ, хуш бош.
Поёни ҳама чизи ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!
Бобур низ ин ҷиҳатро дар баъзе рубоиҳояш пайравӣ кардааст.
Умари Хайём рубоинависиро то ба қуллаи баланди маҳорат бардоштааст. Дар рубоиҳои ӯ маъно ва мазмунҳои ба худ хос таҷассум ёфтаанд. Бобур тавонистааст рубоиро ба оинаи тафаккури инсоне табдил диҳад, ки ба ҳаёт нуқтаи назари худро дорад.
Хосият БЕКМИРЗОЕВА,
доктори фалсафа доир ба илмҳои филологӣ (PhD).