Рӯзҳои 11-12 феврали соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти мавзӯи «Мубориза бо савдои одам дар Ӯзбекистон бо истифода аз технология» тренинг барои мураббиён баргузор шуд.
Тренинги дурӯза аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бо савдои одам ва масъалаҳои меҳнати шоиста дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ташкил гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи Сенат оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва сайёҳӣ, узви Комиссияи миллӣ Алишер Аъзамхӯҷаев, намояндаи махсус ва ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо савдои одам Кэрӣ Ҷонстон, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Антти Карттунен, инчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати технологияҳои рақамӣ, Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл ва Омбудсмани кӯдакон иштирок карданд.
Семинар-тренинг ба ошкорсозии саривақтии ҳолатҳои савдои одамон бо ёрии технология, таҳлили таҳдидҳои онлайн ва ташаккули таҷрибаҳои муосири амалӣ нигаронида шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ зикр шуд, ки ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба савдои одам тавассути муҳити онлайн, платформаҳои виртуалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ торафт меафзоянд.
Таъкид гардид, ки низоъҳои байналмилалӣ, ноустувории иқтисодӣ ва равандҳои муҳоҷирати маҷбурӣ хатари савдои одамонро афзоиш медиҳанд. Бахусус, занон, кӯдакон ва қишри ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ бештар мавриди ҳадафи ин ҷиноят қарор мегиранд.
Дар доираи барномаи тренинг оид ба истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар марҳилаҳои гуногуни савдои одамон, хатарҳои марбут ба даркнет ва абзорҳои молиявии рақамӣ, муайян ва тарҳрезии платформаҳои онлайни хатарнок, инчунин таҳқиқи ҳолатҳои истисмори онлайнии кӯдакон машғулиятҳо баргузор шуд.
Машғулиятҳо дар шакли интерактив, бар асоси кейсҳои амалӣ ва машқҳои симулятсионӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин оид ба методикаҳои бозомӯзии омода кардани мураббиён, ҳамгироии модулҳо ба раванди таълим ва равишҳои муосири педагогӣ сессияҳои алоҳида гузаронида шуданд.
Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.