Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа 558,7 ҳазор тонна ангишт содир кард, ки харидори асосӣ Ӯзбекистон шуд: 558,2 ҳазор тонна ё худ 99,91% аз ҳаҷми умумиро харидорӣ намуд.
Дар ин бора "Азия плюс" бо истинод ба маълумоти вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2,8 млн тонна ангишт истихроҷ шуд, ки 235 ҳазор тонна ё худ 10% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Истихроҷ аз ҷониби 20 корхонаи ин кишвар дар 15 кон сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки харидори асосии ангишти Тоҷикистон Ӯзбекистон шуд, ки 558,2 ҳазор тонна ё худ 99,91% аз ҳаҷми умумиро харидорӣ намуд. Ба Афғонистон ҳамагӣ 474 ҳазор тонна ангишт фиристода шуд.
Аз содироти ангишт Тоҷикистон ҳудуди 6,5 млн доллар даромад ба даст овард.
Дар хабар таъкид гардидааст, ки дар мавриди ҷалби сармоя ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар соҳаи истихроҷи ангишт, бо ширкатҳо аз Русия, Чин, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.