Дар Академияи бадеии Ӯзбекистон маросими кушодашавии намоишгоҳи шахсии рассоми рангтасвир Максим Вордонян баргузор шуд.
Дар он 20 намуди эҷодиёти рассом, ки беш аз 3 сол бо ороиши декоративӣ офарида буд, ба намоиш гузошта шуд.
Соли 2024 Вордонян бо ҳамсараш Даима Раҳмонбекова дар самти фото-рангтасвир кор карда, алоқамандии тасвиру рангҳо ва ҳудуди забони визуалиро кушода доданд. Дар доираи намоишгоҳ иштироки навбатии рассом аз расидан ба марҳилаи нави ҷустуҷӯҳои бадеии ӯ дарак медиҳад. Имрӯз корҳои эҷодии калонҳаҷми рассом боз ҳам рушд карда, дарозии панноҳои ороишӣ то 9 метр расидааст. Тавре дар оғози намоишгоҳ таъкид гардид, дар ин ҷо паҳноӣ на ҳамчун усули формалӣ, балки ҳамчун воситаи мустақили эҷоди бадеӣ ифода ёфтааст.
Рассом соли 1969 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Фаъолияти эҷодии ӯ дар синни 23 дар Ӯзбекистон оғоз ёфта, дар Русия ва Аврупо давом кардааст. Дар Фаронса 20 сол фаъолият намуда, баъд ба Тошканд баргаштааст.
Намунаи эҷодиёти ӯ дар бисёр галареяҳои кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шудааст.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.