Зиндагӣ ба ҳаракат ниёз дорад

Дар замони муосир, ки аксари мардум вақти зиёди худро дар назди телефон ё компутер мегузаронанд, аҳамияти варзиш ва тарзи ҳаёти солим рӯз аз рӯз меафзояд.

 Варзиш на танҳо воситаи мустаҳкам намудани саломатии ҷисмонӣ, балки омили муҳими оромии равонӣ ва хушбахтии инсон низ мебошад.
Мутахассисон бар он назаранд, ки машқҳои мунтазам гардиши хунро осон карда, фаъолияти дилу рагҳоро беҳтар мекунанд. Ҳатто машқҳои одӣ, ба мисли роҳгардӣ, давидан ё варзиши саҳарӣ метавонанд хатари бисёр бемориҳоро коҳиш диҳанд. Инчунин варзиш ба инсон неру, ирода ва эътимод мебахшад. 
Тарзи ҳаёти солим танҳо бо машқҳои ҷисмонӣ маҳдуд намешавад. Ғизои дуруст, хоби кофӣ ва сар кашидан аз одатҳои зараровар низ қисми ҷудонашавандаи он мебошад. Шахсе, ки ба саломатии худ аҳамият медиҳад, на танҳо умри дароз, балки зиндагии беҳтарро низ соҳиб мегардад.
Чуноне ки олим ва табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино зикр кардааст: «Ҳар фарде, ки мунтазам бо машқҳои ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеч гуна табобат ниёз надорад».Дар калонсолӣ нигоҳ доштани саломатӣ ба яке аз вазифаҳои асосии зиндагӣ табдил меёбад. Шахсоне, ки ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, на танҳо аз бемориҳои музмин ранҷ мекашанд, балки фаъолияти иҷтимоӣ ва рӯҳии худро низ беҳтар нигоҳ медоранд.
Машқҳои ҷисмонӣ дар ин синну сол бояд мутаносиб ва мунтазам бошанд. Роҳгардии ҳаррӯза, машқҳои сабуки саҳарӣ, шиноварӣ ё гимнастикаи табобатӣ фаъолияти дилу рагҳоро тақвият дода, фишори хун ва вазни зиёдатиро танзим менамоянд.
Яке аз мушкилоти маъмул дар байни калонсолон камҳаракатӣ мебошад, ки ин сабаби бисёр бемориҳо мегардад. Фаъолияти ҷисмонӣ ба коҳиши стресс, беҳтар шудани хоб ва ҳолати равонӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин,  машқ хотира ва фаъолияти зеҳниро фаъол нигоҳ медорад.
Имрӯзҳо дар кишварамон майдончаҳои варзишӣ, толорҳои машқ ва чорабиниҳои оммавии варзишӣ зиёд мегарданд. Ин ташаббусҳо шаҳрвандонро ба ҳаёти фаъол ҷалб намуда, руҳияи солимро дар ҷомеа тақвият медиҳанд.
Дар вилояти Намангон низ ба рушди варзиш, бахусус таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад. Қобили зикр аст, ки имрӯз дар вилоят 120 марказҳои варзиш ва саломатии занон фаъолият мекунад ва ба ин марказҳо 12 870 занони аз 30-сола боло ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин бар асоси қарори дахлдори Девони Вазирон, дар 200 маҳалла 195 маркази варзиш таъсис дода шуда, 17 400 нафар занон мунтазам бо машқҳои варзишӣ машғуланд. Беш аз 70 мураббӣ ба минтақаҳо ҷалб карда шудааст. Корҳо барои таъсиси марказҳои варзиш ва саломатии занон идома доранд.
Ба наздикӣ дар маҷмааи варзишии «Паҳлавон»-и вилояти Намангон дар доираи барномаи «Гимнастика барои ҳама» фестивали гимнастрада баргузор гардид.
Дар фестивали гимнастрада, ки бар асоси таҷрибаи Намангон ташкил карда шуд, дар маҷмӯъ 500 нафар занони аз 30-сола боло, ки аз ҳар ноҳияи вилоят интихоб шудаанд, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҷашнвора иштирокчиён машқҳоро таҳти оҳанги мусиқии гуногун ва намоишҳои саҳнавӣ иҷро карданд.
 – Мо аз ноҳияи Косонсой дар фестивал бо барномаи худ баромад кардем,  – гуфт иштироккунандаи мусобиқа Насиба Муҳаммадҷонова.  – Баргузории чунин чорабиниҳо моро ба ҳаёти фаъол, ҳаракат даъват мекунад. Кайфияти мо аъло, чунки мо сазовори ҷойи 2-юм гардидем.
Дар мусобиқа, масъулини соҳаи варзиш ва оила ва занони вилоят ширкат варзида, ислоҳоти дар кишвари мо татбиқшаванда барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аҳамияти ин мусобиқаро баррасӣ карданд. 
Дар ниҳоят, ҷойи 1-умро ноҳияи Поп, ҷойи 2-юм ноҳияи Косонсой ва ҷойи 3-юмро ноҳияи Чуст ба даст оварданд. Ба дастаҳои ғолиб ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
– Варзиш ҳаракат аст, ҳаёт аст, саломатӣ аст! Ақли солим дар бадани солим аст ва машқ саломатиро тақвият медиҳад.  Аз ин рӯ, дар ноҳияи Косонсой низ корҳои бузурге барои рушди варзиши занон ва наврасон ва ҷалби онҳо ба варзиши оммавӣ анҷом дода мешаванд, – мегӯяд мураббӣ Гулбаҳор Каримова.  – Ҳадафи асосии мо нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани саломатии аҳолӣ, бахусус занон ва духтарон мебошад.
Соли гузашта дар мусобиқаи Ҷоми Президент оид ба гимнастика дар Тошканд дастаи «Жажжи қалқончалар», ки мураббиёни он Малика Қазоқова ва Гулбаҳор Каримова мебошанд, шарафи ноҳияи Косонсойро дар тоифаи то 14-сола ҳимоя карда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Ҳоло ин даста барои дастовардҳои баланд ноил шудан дар ҳаракат аст.
– Лоиҳаи мо «Варзиш — барои ҳама» дар таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни занон ва ҷалби онҳо ба варзиши оммавӣ аҳамияти калон дорад. Мо бовар дорем, ки танҳо занони солим ва хушбахт метавонанд ба наздикони худ ғамхорӣ ва дастгирӣ кунанд ва бо ин васила оилаҳои мустаҳкамро ба вуҷуд оранд, – афзуд сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Насиба Мамадалиева.  – Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди варзиш, бахусус байни занон ва духтарон назаррас аст.
Варзиш ва тарзи ҳаёти солим сармояи бебаҳои ҳар як инсон аст. Агар мо имрӯз ба саломатии худ ғамхорӣ кунем, фардо ҷомеаи солим ва пурқувват хоҳем гашт. Ҳаёти фаъоли имрӯза – кафолати пирии солими фардо аст.
Тавре Арасту фармудааст: «Зиндагӣ ба ҳаракат ниёз дорад ва машқҳои ҷисмонӣ баданро мустаҳкам мекунад».

Мағфират МАМАҶОНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: