Додгоҳи рақамӣ: ислоҳоти муосири судӣ дар Ӯзбекистони Нав

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, рақамикунонии пурраи низоми судӣ мебошад.

Бо фармони Президенти кишвар аз 21 августи соли 2025 таҳти унвони «Дар бораи чораҳои такмили куллии низоми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи адолати судӣ» заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои рақамисозии мурофиаи судӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин фармон вазифаҳои автоматиконии фаъолияти судҳо, даст кашидан аз гардиши ҳуҷҷатҳои қоғазӣ ба таври марҳилавӣ ва гузариш ба низоми пурраи электронӣ муайян карда шудаанд.
Ҳамчунин, бо ин фармон нақшаҳои дурнамои рақамисозии соҳаи суд низ тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи рақамисозии соҳаи суд ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба равандҳои адолати судӣ барои солҳои 2025–2027 пешбинӣ шудааст, ки аз 1 январи соли 2026 дар портали интерактивии хизматрасониҳои «my.sud.uz» модули расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон роҳандозӣ гардад. Дар доираи он мушовири виртуалӣ дар асоси зеҳни сунъӣ таъсис дода шуда, ба муроҷиатҳои ҳуқуқӣ ҷавоб медиҳад ва маълумоти судиро ба таври автоматӣ пешниҳод менамояд.
Инчунин, аз 1 марти ҳамон сол барои шаҳрвандон имконияти дарёфти маълумоти ибтидоии судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тавассути Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ фароҳам оварда мешавад. То охири сол бо мақсади фароҳам овардани шароити қулай барои дастрасӣ ба адолати судӣ 5 намуди нави хизматрасонии интерактивӣ ҷорӣ мегардад. Ҳамчунин, версияи нави платформаи «Ҳуҷраи шахсӣ» дар низоми иттилоотии суд барои истифодабарандагон таҳия карда мешавад.
Фармони дигари Сарвари давлат аз 24 ноябри соли 2025 таҳти унвони «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти ҷомеаи судяҳо ва таҳкими минбаъдаи кафолатҳои мустақилияти суд» ҳамчун марҳилаи навбатии муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ эътироф гардид. Тибқи он, тартиби таъйини судяҳо дар асоси низоми ду марҳила амалӣ мегардад: аввал ба муҳлати 5 сол, баъдан бе маҳдудияти муҳлат. Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ дар ҳайати судяҳо, барои занон дар курсҳои бозомӯзии касбии Академияи адолати судӣ квотаи махсус ҷорӣ карда шуд.
Тавре ки дар фармон таъкид шудааст, консепсияи «Суди рақамӣ» ба таъмини ошкорбаёнӣ, шаффофият, суръат ва адолат дар фаъолияти ҳокимияти судӣ хизмат менамояд.
Самти шашуми афзалиятноки Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба халқ ва Олий Маҷлис низ ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Дар он татбиқи як қатор ислоҳоти дурнамо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар доираи консепсияи «Суди рақамӣ» автоматиконии тамоми равандҳо аз марҳилаи тафтишот то мурофиаи судӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ зикр шудааст. Ин иқдом ба коҳиши омили инсонӣ ва пешбурди босуръату самараноки парвандаҳо мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, аз соли 2026 ба судяҳои тафтишотӣ ҳуқуқи тағйир додан ё бекор намудани санксияҳо ва чораҳои маҷбуркунӣ дода мешавад. Илова бар ин, тавассути баланд бардоштани иштироки ҷомеа дар ҳар як зинаи судӣ таъмини шаффофияти равандҳои адолати судӣ пешбинӣ гардидааст.

М. Содиқов, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: