Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд чорумин солгарди таъсисёбии худро ҷашн гирифт.
Ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Маркази ҷавонони Самарқанд баргузор шуд, сабаби ҷамъбасти роҳи тайкардаи донишгоҳ – аз қадамҳои аввалини он дар соли 2022 то эътироф ҳамчун «Донишгоҳи инноватсионтарини сол» дар ҷашнвораи асосии илмии Ӯзбекистон «Science and Innovation Awards–2025» шуд.
— Чор сол пеш, мақсади наҷибе, ки дар дилҳои мо оғоз шуда буд, ҳоло ба чунин як оилаи калон ва дӯстона табдил ёфтааст, – таъкид кард ректор профессор Юсуф Абдуллоев. – Ҳадафи мо бетағйир боқӣ мемонад: таълими муҳандис ва технологҳое, ки барои роҳандозии навовариҳо дар саноати ватанӣ омодаанд ва бо як забон бо ҷаҳони технологии ҷаҳонӣ ҳарф мезананд.
Қисми расмии чорабинӣ бо маросими супоридани туҳфаҳои арзишманд аз ҷониби Раиси Шӯрои васиёни SIUT ба 12 донишҷӯйи беҳтарин дар ҳама самтҳои таҳсил анҷом ёфт.
Қисмати эҷодии барномаро гурӯҳи ҳаваскорони санъати иҷроияи донишгоҳ таҳти роҳбарии Зулфия Рашидова, ғолиби озмуни «Садои ҷавонон» пешкаш кард. Тамошобинон аз намоишномаҳои «Мирзо Улуғбек», сурудҳо ва рақсҳои саросари ҷаҳон лаззат бурданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.