Бозгашти хирси малла

Деҳаи хушҳавои Амонқӯтон дар байни вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё, ағбаи Тахтақарағоч ҷойгир аст.

Табиати нотакрор, ҳавои тоза, чашмаҳои шаффоф, нағмасароии паррандаҳои хушхон меҳмонон, хосатан сайёҳони хориҷиро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашад.
Соли гузашта ба ин маҳал мақоми «Минтақаи сайёҳӣ» дода шуд, ки бунёди иншоот, нуқтаҳои фурӯши хушкмева, ошхона, хидматрасонии тиббӣ ва ғайра авҷ гирифт. Дар асоси қарори Девони Вазирон ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот, рустаниҳои шифобахш боғи миллии «Амонқӯтон» ташкил ёфт.
– Аз ҳисоби хоҷагии ихтисосшудаи ҷангали Ургут 1,5 ҳазор гектар майдон ба тасарруфи мо гузашт, – иброз дошт директори боғи миллӣ Азамат Амруллоев, – аз ҳамин ҳазор гектар ҳудудҳои мамнӯъгоҳ эълон гардид ва бо симтӯр иҳота шуд.
Маълумотҳои оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳоло дар боғи миллӣ беш аз 1300 намуди рустанӣ, 120 намуди ҳайвонот, хазанда, даррандаҳои ваҳшӣ мавҷуд. Қариб 20 нафар ходимон ба ҳифзи олами ҳайвонот ва табиат машғул мешаванд. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки 37 намуди рустанӣ ба Китоби Сурхи байналхалқӣ дохил шуда, бо ғайрату ташаббуси ҷамоа ва маслиҳату машварати факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд эҳё ва афзуда истодааст.
Аз сабаби манъ гардидани шикори ҳайвоноту паррандаҳо, решакан кардани рустаниҳо, хосатан гули лола, боғи миллӣ ба мамнӯъгоҳи табиӣ табдил ёфт.
Аҷиб ин аст, ки дар боғи миллӣ хирси малла бо ду сар бачаҳои шӯху беқарораш пайдо шуд, ки тааҷҷубовар аст. Аз ин навид меҳмонону мизбонон, хосатан бачаҳо хурсанд буда, кунҷковона тамошо мекунанд. 
Умед дорем, саршумори онҳо дар кӯҳсори Оҳалик, Миронқул ва Оқсой низ бисёр хоҳанд шуд.

Зоҳир Ҳасанзода,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: