Дар ноҳияи Чуст заводи замонавии коркарди партов ва истеҳсоли қувваи барқ қад рост менамояд, ки ҷойҳои нави корӣ бунёд ва садҳо эҳтиёҷмандони минтақаро таъмин мекунад.
Барои сохтмони минтақаи экосаноатӣ дар маҳаллаи Зарафшон 15 гектар замин ҷудо карда шуда, аз он 10 гектараш бо иштироки сармоягузорони Чин ба лоиҳаи корхонаи хориҷии ҶММ «Everbright Environmental Energy Namangan» ҷалб карда шуд. Арзиши умумии лоиҳа 150 миллион доллари ИМА аст.
Ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов бо рафти кори сохтмон шинос шуда, бо сармоягузорони хориҷӣ масъалаҳои аёншударо муҳокима карда, барои суръатафзоии сохтмон ва ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои дахлдор дод. Бо шарикони чинӣ дар бораи суръат бахшидан ба раванди сохтмон ва оғози пурраи лоиҳа то охири сол ба мувофиқа расиданд.
Аз рӯйи нақша корхона дар як сол 547,5 ҳазор тонна партовро аз нав кор карда, 310 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол мекунад. Аз он 254 миллион киловатт-соат бо таъминоти қариб 300 ҳазор нафар аҳолӣ ба шабакаи барқ гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, аз рӯйи лоиҳа, 180 ҷойи кори доимӣ барпо мешавад, ки он ҳиссаи калон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа аст.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.