Дар доираи иҷрои фармон ва қарорҳои Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи самараноки бино ва иншооти холии моликияти давлатӣ, ҷалби фаъоли сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содирот дар минтақаҳо корҳои ҳадафмандона ба роҳ монда шудаанд.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов бо пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорие, ки аз ҷониби роҳбарони Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ вобаста ба истифодаи самараноки бино ва иншооти холӣ дар шаҳри Тирмиз пешниҳод гардидаанд, шинос шуд.
Дар ҷараёни муаррифӣ масъалаи ба савдои музояда баровардани биноҳои холии дар тавозуни бонкҳо қарордошта тибқи шартҳои сармоягузорӣ, инчунин фаврӣ ба роҳ мондани лоиҳаҳои омода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби роҳбари вилоят вобаста ба суръат бахшидани корҳои ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо сармоягузорон тавсия ва дастурҳои дахлдор дода шуданд.
Баъдан, роҳбари вилоят бо лоиҳаи истеҳсоли қолинҳои бофташудае, ки бо иштироки сармоягузори хориҷӣ дар минтақаи саноатӣ ва соҳибкории ҷавонони маҳаллаи «Тинчлик» амалӣ мегардад, шинос шуд. Таъкид гардид, ки тавассути ба роҳ мондани истеҳсоли ин маҳсулот, ки дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд дорад, барои занон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо соҳибкор лоиҳаро дар муҳлати кӯтоҳ ба кор дароранд ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани занони бекори минтақа чораҳои мушаххас андешанд.
Сурайё НОРМАНӢ. Вилояти Сурхондарё.