Бачагии банда дар яке аз деҳаҳои хушманзараи доманаи кӯҳсори Нурато – Ӯхм паси сар шуд.
Як қисми он ба даврае рост омад, ки ҳукумати Шӯро ҳукм меронд. Албатта, он айём ҳам рӯзгори мардум каму костиҳо дошт. Барои бачаҳо на ҳама чиз муҳайё буд.
Баъде, ки ба остонаи мактаб қадам ниҳодам, оҳиста-оҳиста аз пайи аз бар намудани дониш шудам. Ҳоло акнун он айёмро бо шароити имрӯз қиёс мекунаму натиҷа мегирам, ки миёни қулайиҳои ҳозиру пешин тавофути калон аст, ба қавле, аз замин то осмон...
Ҳоло ҳамаи мактабхонаҳо дар деҳа аз сари нав бунёд ёфтанд. Роҳ то болооби он асфалтпӯш карда шуд.
Хушбахтона, давраи таҳсили мо дар синфҳои болоӣ ва хатми мактаб ба замони истиқлол рост омад. Падари шодравонам Маҳмудҷон Қучқоров дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-ум аз фанни забони форсӣ дарс мегузаштанд. Табиист, ки пандҳои падар ба мо – фарзандон бетаъсир намонд. Баробари ин, сабақҳои судманди устодони шодравон Толиб Қазоқов, Норбой Деҳқонов, Нусратулло Ҳикматов, Ҳотам Бозоровҳоро, ки ба поси забони модарӣ, азизу мукаррам доштани Ватан ва монанди инҳо ҳидоят месохтанд, то ҳол фаромӯш накардаам.
Баъди хатми мактаби олӣ дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бо тақозои тақдир ба ноҳияи Мирзочӯл омадам. Модари мушфиқам Норбибӣ (Худо раҳмат кунад!) ҳар гоҳ маро дуои нек мекард: «Илоҳӣ, муродҳоят ҳосил гардад!»
Инак, беш аз бист сол аст, ки дар ҷодаи таълими халқ меҳнат мекунам. Ҳоло дар шуъбаи таълими халқи томактабӣ ва мактаби ноҳияи Мирзочӯл ба ҳайси равишомӯз, ҳамзамон раиси иттифоқи касабаи он адои вазифа менамоям.
Соли гузашта бахшида ба «Рӯзи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон» бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» сарфароз гардонида шудам. Барои қадр ёфтани меҳнатам дар роҳи маориф хеле хушҳол шудам. Аз ин пас дар ин ҷода дучанд меҳнат карда, барои пешрафти ҷомеа, инкишофи таълим ҷидду ҷаҳд хоҳам кард. Азм намудам, ки пайрави пешиниён бошам.
Нормат Қучқоров,
равишомӯзи шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах.