Овозхони маъруф, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова барои саҳми боризи худ дар посдорӣ ва тарғиби забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардид.
Тақдими ҷоиза рӯзи 15 феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминстер, Бритониё баргузор шуд.
Дар муаррифии ҷоиза зикр шудааст, ки Амонқулова бо эҷоди оҳанг ва иҷрои сурудҳои Мавлоно, махсусан дар ҳамоишҳои ЮНЕСКО, барои густариши забони форсӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар навори қаблан сабтшуда, ки дар ҳамоиш пахш шуд, гуфт:
“Бароям ифтихор ва хушҳолии бузург аст, ки имсол дар арсаи хидмати забони порсӣ ва мероси куҳани он аз роҳи мусиқӣ шоистаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” дониста шудам. Поянда бод забони порсӣ ва сарфароз бод мардуми нозанини он!”.
Инчунин, соли ҷорӣ Майкл Берӣ, устоди Донишгоҳи Принстон (ИМА), ва Латиф Нозимӣ, адабиётшинос аз Афғонистон соҳиби ин ҷоиза шудаанд.
Ҷоизаи “Қанди порсӣ” аз соли 2014 ҳамасола ба шахсоне, ки барои посдорӣ ва тарғиби забони порсӣ талош мекунанд, тақдим мегардад. Қаблан шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор, фаъоли маданӣ дар Самарқанд Амина Шарофиддинова ва рӯзноманигори ВВС Дориюши Раҷабиён низ соҳиби ин ҷоиза гардида буданд.