(Дар асоси маводи соли 2025 дар нашрияҳои тоҷикӣ)
Тӯли соле, ки сипарӣ гашт, дар адабиёти тоҷик асарҳои зиёди бадеӣ (назм, наср, драма) офарида шуданд. Назму насри адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон низ дар давоми сол тавассути саҳифаҳои адабиёти як қатор нашрҳои даврӣ ва дар ҳоли маҷмӯаҳои дастҷамъиву алоҳида худнамоӣ намуд. Дар ин сол низ шоирон нисбати нависандагон фаъолтар буданд. Вале рӯи чоп дидани як қатор ҳикояҳо дар «Овози тоҷик», «Дурдонаи Шарқ», «Овози Самарқанд», «Садои Сурхон» ва дигар нашрҳои маҳаллӣ гувоҳ бар он, ки нависандагони мо, айни вақт, ба қаламу коғаз содиқ буда, дар эҷоди бадеӣ беҳтарин анъанаҳоро давом медиҳанд.
Чанд сухан дар бораи ҳикояҳое, ки тӯли сол дар «Овози тоҷик» ба табъ расиданд.
Яке аз муаллифоне, ки бо ҳикояҳои хурди ҷолиб диққати рӯзномахонон, хусусан ҳаводорони насри бадеиро ба худ кашид, Шоистаи Равшан аст, ки номаш дер инҷониб ба дӯстдорони адабиёт ошност. Вай зодаи деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёст. Бо тақозои қисмат агарчи дур аз зодгоҳ кору зиндагӣ мекунад, саъй карда, ки аз дарду ҳирмон ва ормонҳои миллии мардуми кӯҳистон сухан гӯяд. Адиб ба таронагунаҳои худ «Базми ишқу ҳусни ёр» ном гузоштааст.
Адиби сурхондарёӣ Искандари Мирзо аз дер бо рӯзномаи мо ҳамкорӣ мекунад. Ҳикояҳои ӯ «Қиссаи мӯза» ва «Дурӯғи нахустин», ки бо рангу ҷилои бадеӣ оро ёфта, асоси ҳаётӣ доранд ё худ ёддоштианд.
Нависанда ва мутарҷими куҳансол Истад Қосимзода ба ҳикояи воқеии худ «Қиссаи атлас ва аспи танбал» унвон гузоштааст. «Ман гуноҳе надорам» ном маводи адиб ва рӯзноманигор Солеҳи Муҳаммадҷон ҳарчанд таҳти рукни «Дар чорсӯи зидагӣ» ба табъ расида, чун ҳикоя таваҷҷуҳи рӯзномахонро ба худ мекашад.
Ин бор нависанда ва рӯзноманигор Шариф Халил бо «Ангеза» ва «Ҳарза» ном ҳикояҳои хубаш бо муштариёни «Овози тоҷик» қаробат ҷуста бошад, яке аз адибони номвари мо Адаш Истад бо ҳикояи ҳаҷвиаш «Хари Хоҷа Насриддин» ба рӯзномахонҳо кайфияти хуб бахшид, ба дилашон роҳ ёфт. Адаш Истад, ҳамчунин, дар «Овози тоҷик» «Ҳикоя навиштан мушкил нест» ном мақолаи ҷолиб чоп кунонд. Андешаҳои солими нависандаи касбии тоҷик хусусан ба навроҳаҳои майдони эҷод басо муҳим ва хуб мешуд вай, ҳамин тавр, аз таҷрибаҳои адабии худ хонандаро баҳраманд созад, мактаби «устод-шогирд»-ро дар даврони нав ташаккул бахшад.
Чандест Саодат Бекназарова дар тарҷума ва эҷоди бадеӣ низ табъ месанҷад ва ҳикояҳои хуб менависад. Вай соҳибкитоб аст. Як ҳикояи дар «Овози тоҷик» чопшудааш – «Риштаи тақдир» эътибори хонандагони зиёдро ба худ кашид.
Нависандаи боистеъдод Юнуси Имомназар дар давоми соле, ки сипарӣ гашт, аз ҳама фаъолтар буд. «Ҷомаи модарам» ва «Як шаби зимистон» ном навиштаҳояш, ҳамчунин ҳикояҳои хурди ӯ аз силсилаи «Аз кӯлбори дарвеш», гуфтан мумкин, аз беҳтарин ҳикояҳои сол буданд. Мавсуф ҷуз «Овози тоҷик» дар «Ховар», «Дурдонаи Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» (Тоҷикистон) ҳикояҳо чоп кунонд, чандин мақолаҳои адабӣ (аз қабили «Бори қалами Шариф», «Ҷамолат офтоби ҳар назар бод», «Ҳамдилӣ шиори мост» ва ғайра) низ эълон намуд. Романи «Рӯзгори гузашта»-и Абдулло Қодирӣ дар тарҷумаи ӯ тавассути интишороти «Хирадгон»-и Эрон аз нашр баромад, ки ин низ воқеаи муҳими адабист. Хидматҳое, ки Юнус дар роҳи рушди наср ва таблиғи адабиёти тоҷик тавассути маҳфили «Хирадманд» дар ин қаламрави сухан мекунад, мавриди гуфтугӯйи алоҳида аст.
Яке аз асарҳои ҷолиби соли 2025 – «Рӯзи видоъ» ном ҳикояи нависандаи маъруфи мо Чоршанбеи Деҳнавист. Зикри он ҳам бамаврид, ки китоби калонҳаҷми қиссаву ҳикояҳои ӯ «Яке аз ҳазорон» аз ҷониби нашриёти «Адиб» (Душанбе) низ ба дасти хонандагони сершумор расид ва ҷамъи маҷмӯаҳои адиби сермаҳсул ба 12-то расид.
Тавре ба аксарияти мо маълум, собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» шодравон Хӯҷамурод Қулдошев яке аз нависандагони хушқареҳаи ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон ба шумор мерафт. Идораи чопии «Муҳаррир нашриёти» соли 2025 «Бо ту, вале танҳо» ном маҷмӯаи ҳикоёти ӯро ба дӯстдорони насри тоҷик армуғон сохт (мавсуф зуллисонайн буд, ҷамъи ҳикояҳои ба ӯзбекӣ навиштааш низ зери унвони «Сабоқ» дар ҳамин китоб ҷой гирифтааст). Қобили таваҷҷуҳ боз он ки бо ташаббуси Бунёди фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно», ки мунтазам силсиламулоқотҳои адабию эҷодии «Китоб ва китобхон»-ро ташкил менамояд, дар анҷумани навбатии фарҳангиаш рӯнамоии ҳамин китобро доир намуд.
Дар соле, ки сипарӣ гашт, «Ҳадяи тақдир» ном маҷмӯаи ҳикояҳои Илҳом Хидиров низ ба дасти хонандагон расид, ки нишотбахш аст.
Тӯли соли 2025 Фаридуни Фарҳодзод, Раҳимшоҳ Шарифзода (равонаш шод бод) ва дигар адибу мутарҷимҳоямон дар тарҷумаи бадеӣ хидмати босазо карданд ва «Овози тоҷик» аз осори қобили таваҷҷуҳи нависандагони ӯзбек ва дунё (Байрам Алӣ, Абдуқайюм Беккамов, Мунаввар Пардаев, Чалрз Энрайт, Бартолд Брехт ва ҳоказо) намунаҳо чоп намуд.
Ғайр аз қаламкашоне, ки зикр шуданд, дар ҳавзаи ӯзбекистонии адабиёти тоҷик Бахтиёр Ҷумъа, Маҳбуба Турсунова, Маҳбуба Неъматзода, Зоҳир Ҳасанзода, Асадулло Исмоилзода, Солеҳ Саидмуродзода, Тошқул Азимов, Раҳимбердӣ Тошматов, Дилрабо Насимӣ, Саодат Сангинова барин адибони хушқалам як гӯшаи насри ин қаламравро обод мекунанд. Умед аст дар соли 2026 бо саъйи ҳамагон сарҷӯйи насри мо боз сабзтар мегардад.
М.ШОДИЕВ. Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.