Варзишгарон мукофотонида шуданд

Гӯштини камарбандӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзиши миллӣ аст.

Айни замон дар вилоят 1683 нафар бо ин усули варзиш машғуланд, ки аз онҳо 298 нафарашон занон мебошад. Ба онҳо 51 мураббӣ, аз ҷумла 5 мураббии дараҷаи байналмилалӣ таълим медиҳанд.
Раиси Федератсияи гӯш-тини камарбандии вилоят Шералӣ Қосимов бо варзишгарон ва мураббиёне, ки дар ин самт кор мекунанд, вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар 10 ноҳияи вилоят марказҳои ин намуди варзиш фаъолият дорад. Варзишгарон танҳо дар соли гузашта дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё 37 медал  ва дар мусобиқаҳои сатҳи Ӯзбекистон 199 медалро ба даст оварданд.

Дар вохӯрӣ нақшаҳои имсола ва омилҳои татбиқи онҳо муаррифӣ шуданд. Ба як гурӯҳ намояндагоне, ки дар соҳа ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд, ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷумла, мураббии дараҷаи байналмилалӣ ва дорандаи унвони фахрии «Мураббии шоистаи ҷавонони Ӯзбекистон» Неъматулло Тӯйчиев бо нишони «Варзишгари фахрӣ» сарфароз гардид.

– Ин эътироф на танҳо ба ман, балки ба тамоми варзишгарон, хусусан ба гӯштингирони вилоят дода шудааст, – мегӯяд мураббӣ. – Аз хурдсолӣ бо ин намуди варзиш машғулам. Чунки барои оилаи мо гӯштингирӣ аз бобокалонамон мерос мондааст ва ҳоло сулолаи ҳаштум бо ин намуди варзиш машғул мебошад. Дар давраи бачагӣ мо дар рӯи хоку гил гӯштин мегирифтем. Дар тӯйу иди Наврӯз мусобиқаҳо ташкил мекардем. Дар ин хусус ба варзишгарони ҷавон такрор-такрор мегӯям, то ки ба қадри шароит ва имкониятҳои васеи имрӯза расанду муносиб шаванд. Ҳоло дар Мактаби варзиши гӯштини ноҳияи Тӯрақӯрғон машғулот мегузарем. Шароиту имкониятҳои мусоид бисёранд.

Шоҳида ДАМИНОВА, мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: