Устоди фидокор, ки тамоми умр ва фаъолияти меҳнатии худро ба рушди соҳаи таълими кишвар бахшидааст, номзади илмҳои кишоварзӣ, аълочии таълими олӣ Карим Ойбекович Эгамқулов 14 феврали соли ҷорӣ дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Карим Эгамқулов 5 майи соли 1939 дар ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарё таваллуд шудааст. Соли 1964 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомӣ)-ро хатм намуда, дар ҳамин даргоҳ ба ҳайси лаборанти калон ба кор шурӯъ намуд. Сипас, дар аспирантураи донишкада таҳсил гирифта, рисолаи номзадиро дифоъ кард.
Солҳои 1969-1972 ҳамчун котиби масъули ҷамъияти «Билим»-и вилояти Сирдарё фаъолият намуда, ҷиҳати тарғиби маърифат миёни мардум саҳми арзанда гузошт.
Солҳои 1972-1975 дар вазифаи проректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Сирдарё босамар кор карда, иқтидори роҳбарӣ, ташкилотчигӣ ва ташаббускории худро нишон дод.
Солҳои 1975-1987 дар вазифаи директори филиали Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсиясозии соҳаи кишоварзӣ дар Янгиер хидмат намуда, бобати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои ин бахши ҷумҳурӣ фидокорона меҳнат кард.
Карим Эгамқулов илмро бо амалия пайваста, махсусан дар рушди таълим ва амалиёти соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ мактаби таҷрибавии худро ба вуҷуд овард.
Ҳамчун муаллифи беш аз 20 барномаи таълимӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ дар соҳаи ирригатсия ва кишоварзӣ шинохта шуд.
Омӯзгори пуртаҷриба ва пешқадам дар вазифаҳои декани факултети такмили ихтисос, мудири кафедраи хокшиносии Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсиясозии соҳаи кишоварзии Тошканд, инчунин директори Маркази бозомӯзии ҳисобдорони вилояти Сирдарё фаъолияти самарабахш намуда, дар таҳкими дониш ва малакаҳои амалии намояндагони соҳаи ирригатсия ва кишоварзии ҷумҳурӣ, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои муосири илму фан саҳми назаррас гузошт.
Солҳои охир, новобаста аз пиронсолӣ, ҳамчун намояндаи фидокори ҷомеа ва пирамарди рӯзгордида, дар тарғиби ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, корҳои шоистае, ки ба обод намудани деҳаву маҳаллаҳо, беҳбуди шароити зисти аҳолӣ нигаронида шудаанд, фаъолона иштирок мекард. Бо маслиҳатҳои оқилонаи худ ба корҳо бобати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ сару сарвар мегардид.
Хотираи олими боиқтидор, устоди меҳрубони ҷавонон, инсони хоксор Карим Эгамқулов ҳамеша дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд.
Ш.Мирзиёев, Т.Норбоева, Н.Исмоилов,
А.Арипов, С.Турдиев, Э.Турдимов