Ҳамду сано бод Худованди мутаолро, ки моҳи мубораки Рамазон фаро расид. Ба ин муносибат мо бо имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд Ҳоҷӣ Яъқубхон Мансуров суҳбат оростем.
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим! Ва баъд, маълум аст, ки «рӯза» дар забони арабӣ «сиём» буда, маънояш худдорӣ кардан аз чизест. Дар истилоҳи шариат бошад, рӯза яъне бо нийят аз дамидани субҳ то ғуруби Офтоб худдорӣ намудан аз чизҳоест, ки рӯзаро мешикананд.
Рӯзаи моҳи Рамазон дар соли дувуми ҳиҷрӣ фарз гардонида шудааст. Манфиатҳои ин ибодат барои инсон бисёранд. Муҳимтар аз ҳама, рӯза тақворо зиёд мекунад, саломатиро барқарор месозад, сабабгори мағфирати гуноҳҳо мегардад ва инсонро сабру таҳаммул меомӯзад.
Ба сабаби раҳмати Худованд бар уммати ислом моҳи Рамазон дорои фазилатҳои зиёд аст. Маҳз дар ҳамин моҳ Қуръони карим нозил шудааст. Он барои муъмин моҳи тақво ва накӯкорист.
Инсон бо фарзи рӯза доштан дар ин моҳи муборак ба манфиатҳои зиёди дунявӣ ва охират мерасад.
Дар оятҳои Қуръон таъкид шудааст, ки рӯза боиси ҳосил шудани тақвост. Тақво итоат ба амрҳои Худо ва канорагирӣ аз манъкардаҳои Ӯст. Тақво василаи расидан ба биҳишт аст.
Дар моҳи Рамазон савоби амалҳои нек чандин баробар зиёд мегардад. Аз ин хусус ҳадисҳои зиёде ҳастанд. Паёмбари акрам (с) дар моҳи Рамазон саховатмандии худро бештар зоҳир мекарданд, ки бартарии хайру эҳсонро дар ин моҳ собит месозад.
Бояд таъкид кунем, ки рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки нигоҳ доштани забон ва дигар аъзои бадан аз бадгӯӣ ва гуноҳҳост. Дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ мафҳуми «нигоҳ доштани забон» фаъолияти инсонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаро мегирад. Паҳн кардани хабарҳои носанҷида, маълумоти бардурӯғ, иштирок дар ғайбат ва туҳмат савоби рӯзаро аз байн мебаранд ва гуноҳи бузург шумурда мешаванд.
Аз ин рӯ, инсон бояд дар фазои маҷозӣ низ тақворо фаромӯш накунад, дар хотир дорад, ки барои ҳар калима ва ҳар хабар дар Рӯзи қиёмат ҷавоб хоҳад дод.
Ҳамчунин пушти профилҳои «ноошно» пинҳон шудан ва таҳқир кардани дигарон, истифодаи суханони қабеҳ ва барангехтани фитна ба ахлоқи муъмин мутлақо мувофиқ нест. Инсон метавонад номи худро пинҳон дорад, вале аз Худо ва фариштагони нависандаи аъмол чизе пинҳон намемонад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Муслим касест, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд» (ривояти Имом Бухорӣ).
Дар моҳи Рамазон саховати Паёмбар (с), хусусан пас аз мулоқот бо Ҷабраил (а) ва қироати Қуръон бештар мегардид.
Мо низ бояд аз эшон ибрат бигирем ва дар ин моҳи муборак саховатманд бошем, ба ниёзмандон кумак расонем. Дастгирии камбизоатон талаботи дини мубини мост.
– Муҳтарам имом, бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон амали ифтор оғоз ёфта, баъзе шахсон дар ин бобат ба исрофгарӣ роҳ медиҳанд...
– Дуруст гуфтед, мутаассифона, баъзан исрофкорӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки дар қарори Президенти мамлакат “Дар бораи дар сатҳи шоиста гузаронидани моҳи мубораки Рамазон” ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Дар қарор таъкид гардидааст, ки чорабиниҳои моҳи Рамазон мутобиқи анъана ва арзишҳои миллӣ дар асоси ғояи накӯи «Рамазон – моҳи меҳру муҳаббат, ҳамбастагӣ ва шукргузорӣ» гузаронида шуда, зимни баргузории онҳо ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони камбизоат, ниёзманд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ, ҳифзи замин, об, ҳаво ва муҳити табиӣ, обод кардани қадамҷоҳои муқаддас, зиёратгоҳ ва қабристонҳо диққат карда шавад. Ғайр аз ин, бидуни роҳ додан ба исрофкорӣ, дар шакли ихчам, пурмазмун ва сарфакорона баргузор намудани чорабиниҳои моҳи муборак муқаррар гардидааст. Воқеан, ифтор бояд сода ва бериё бошад. Беҳтар аст таваҷҷуҳ бештар ба оилаҳои ниёзманд равона гардад, пирон, маъюбон ва бевазанонро фаромӯш накунем.
Дар кишвари азизамон барои адои ибодатҳои динии мусалмонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Масҷидҳо ободанд, фазои сулҳу осоиштагӣ имкон медиҳад, ки ибодатҳо бо оромӣ анҷом дода шаванд.
Ин ҳамаи моро водор месозад, ки бештар шукргузор бошем, барои пешрафти Ватан ва осоиштагии халқамон дуо кунем. Шукргузорӣ, сабурӣ ва фаъолнокӣ тақозои дини мост.
Дар моҳи Рамазон Худованд гуноҳҳои бисёре аз бандагонашро мебахшад. Пас, мо низ бояд кинаву адоватро канор гузошта, якдигарро бубахшем, робитаи худро бо Қуръони карим мустаҳкам созем. Зеро Рамазон моҳи Қуръон, зикр ва истиғфор аст.
Паёмбар (с) фармудаанд: «Рӯза доред, саломат мешавед».
Худованд ҳамаи моро ба баракати моҳи мубораки Рамазон мушарраф гардонад, амалҳоямонро қабул кунад ва гуноҳҳоямонро биёмурзад.
Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.