Фарорасии моҳи шариф

Дар мамлакатамон пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон омодагиҳои ҳамаҷониба дида мешаванд.

Имрӯзҳо мардум ба тозаю озода намудани хона, муассиса ва масҷидҳо, хариди маҳсулоти ғизоӣ барои саҳарӣ ва рӯзакушоӣ, инчунин тақвияти корҳои хайру дастгирии ниёзмандонро аллакай оғоз намудаанд. Одамон якдигарро бо фарорасии моҳи муборак табрик намуда, рӯҳан барои рӯзадорӣ ва ибодат омода мешаванд. 
Аз ҷумла, ба ин муносибат дар Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён бо ташаббуси иттифоқи касабаи шаҳри Тошканд дар мавзӯи «Рамазон – моҳи хайру саховат ва шукргузорӣ» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ходимони соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва хидматрасонии пойтахт Дилфуза Исмоилова ба аъзои иттифоқи касаба дар ин моҳ сиҳативу саломатӣ, иродаи матин ва иҷобат шудани амалҳои некашонро таманно намуд.
– Бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон ҳамаи ҳозиронро табрик менамоям,– гуфт сармутахассиси маркази фатвои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон Муҳаммад Аюбхон Ҳомидов. – Воқеан, калимаи «рӯза» ба лафзи арабӣ «сиём» буда, маънои луғавии он парҳез кардан, нигоҳ доштани нафсро дорад. Дар истилоҳи шариат «аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани Офтоб» аз хӯрдан, нӯшидан худро нигоҳ дошта, бештар амалҳои некро иҷро кардан аст. Рӯзадор бояд тақводор, яъне боирода, парҳезкор, савобталаб, худотарс, ҳақиқатнигор ва қалбаш пок бошад.
Вақтҳои охир табибон собит кардаанд, ки бо рӯзагирӣ кас метавонад ба дардҳои худ даво ёбад. Барои рӯзадор ду хурсандӣ ҳаст: нахуст ӯ ҳангоми ифтор мамнун, сониян ба Офаридгор наздик мешавад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки рӯзадорӣ дар дигар динҳо низ вуҷуд дорад, вале бо тартибу қоидаи дигар.Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Аллоҳи таъоло фармуд: «Ҳамаи амалҳои фарзанди Одам барои худаш, танҳо рӯзадориаш барои ман аст ва мукофоти онро Худам медиҳам».
Пайғамбарамон (с.а.в.) доир ба фазилатҳои рӯза ва чӣ гуна рафтор кардани рӯзадор чунин фармудаанд: «Рӯза шахси рӯзадорро аз корҳои бад, гуноҳ содир кардан ва бемориҳо нигоҳ медорад. Аз даҳони рӯзадор суханҳои бемаънӣ, беҳуда, ношоиста намебарояд. Агар ягон одам бо ӯ ҷанг карданӣ ё дашном доданӣ шавад, вай бояд «ман рӯзадорам» гӯяд. Чунин рафтор ва гуфтор одоби баланд ва олиҷаноб аст».

Дар поёни чорабинӣ иштирокдорон ба саволҳои худ оиди рӯза ва рӯзадорӣ аз ҷониби  Муҳаммад Аюбхон Ҳомидов ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: