Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст...

Аҳад Олимов зодаи деҳаи Бузургони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро мебошад.

 Пас аз соҳиби касбу кор шуданаш, волидон  тасмим гирифтанд ӯро хонадор кунанд. Бо машварати хонаводагӣ, барои дур намондан аз хешовандон, духтари хоҳарашро ба ӯ муносиб донистанд. Аҳад, ҳукми падарро воҷиб шумурда, бо Муҳтарама издивоҷ намуд.
 – Тавре ки модарам нақл карда буданд, онҳо зиндагии орому хуш доштаанд, - ёдоварӣ намуд қаҳрамони мо Заррина Олимова. – Фарзандон ба дунё омаданд. Моҳи апрели соли 1984 фарзанди сеюмашон духтар, яъне ман таваллуд шудаам. Хурсандии падару модар ҳадду канор надоштааст. Бо сад орзуву ҳавас  Заррина ном ниҳодаанд. Аммо пас аз чанде маълум шудааст, ки тифл аз неъмати биноӣ маҳрум аст.

– Ин хабар бароямон санҷиши сахт буд, гуфта буд модарам, –нақлро давом дод Заррина. — Наход ин асорати никоҳи хешу таборӣ бошад? Орзуҳои зиёд доштем, аз ҷумла мехостем фарзандонамон соҳиби маълумоти олӣ шаванд. Андӯҳи ноумедӣ дили онҳоро фаро гирифтааст, то он даме, ки тағоям, номзади илмҳои иқтисодӣ ва эҷодкор Шарофиддин Турсунов онҳоро ба сабру умед даъват намуд. Тағоям дар бораи шахсиятҳои нобинои ҷаҳон, ки бо иродаи матину зеҳни қавӣ ба дастовардҳои бузург расидаанд, мисолҳо оварда  таъкид кардаанд, ки чунин кӯдакон аксаран ҳушёру соҳибистеъдод мешаванд. Чунонки Зебунисо фармудааст:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Роҳи дониш ва худшиносӣ

Соли 1991 Зарринаро барои таҳсил ба мактаб-интернати махсуси рақами 24-уми нобиноёни шаҳри Бухоро доданд. Дар мактаб аз донишомӯзони пешқадам буд.  Аввалин талошҳо барои эҷод маҳз аз ҳамон давр оғоз ёфтаанд.
– Дар он   айём Ҷамъияти нобиноёни вилояти Бухоро таҳти роҳбарии шахси бомаърифат Акбар Ҳайдаров бо ин мактаб ҳамкории мустаҳкам доштанд, – иброз дошт З. Олимова. – Дар ҳаёт ва фаъолияти ман ду шахс – тағоям Шарофиддин ва Акбар Ҳайдаров нақши муҳим бозидаанд. Ҳайдаров навиштаҳои толибилмони боистеъдоди мактаб-интернатро таҳрир ва ба чоп ҳозир менамуд. Аз ҷумла, ӯ ба шеърҳои навэҷоди ман низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда дар роҳи эҷод, ки навқадам будам, маслиҳатҳои муфид медод.
Модарам низ дар рӯзҳои таътил бароям китобҳои бадеӣ мехонд, шеърҳои тағоямро қироат мекард, ки аз ин ман завқ мекардам. Муҳити хонаводагӣ ва дастгирии омӯзгорон муҳаббати маро ба шеъру адабиёт қавӣ мегардонд. Дар мактаб устодон бо меҳру самимият дарс мегузаштанд, ба мо китобҳо пешниҳод мекарданд, маслиҳатҳо медоданд. Ҳамин тавр, орзуи омӯзгор шудан дар вуҷудам шакл гирифт.
Заррина мактабро бо баҳои аъло хатм карда, соли 2002 орзуҳои айёми мактабхонӣ ӯро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Ба факултаи филологияи ӯзбек ҳуҷҷат супорида, аз имтиҳонҳо сарбаландона гузашт. Дар раванди таҳсил низ фаъол буд. Баробари аз худ кардани фанҳои гуногун, асрори эҷодро низ мукаммалтар меомӯхт. Ва маҳз рағбату завқ ба донишандӯзӣ, инчунин роҳнамоиву дастгирии устодон ӯро водор кард, ки таҳсилро дар шуъбаи магистратура идома диҳад.
Духтараки заковатманду меҳнатдӯст дараҷаи магистрро дар риштаи забон ва адабиёти ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ гирифт.

Фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодӣ
Заррина Олимова аз соли 2007 узви Ҷамъияти нобиноёни вилояти Бухоро буд. Аз ин рӯ, пас аз хатми магистратура хост фаъолияти худро дар ин ҷамъият идома диҳад ва ба ҳайси раиси шуъбаи фарҳангӣ-маърифатӣ, кор бо занону ҷавонони ҷамъият ба кор шурӯъ кард. Дар назди ҷамъият курси бозомӯзии компутер амал мекард ва Заррина дар он ба ҷавонони хоҳишманд асрори кор бо компутерро меомӯхт.
– Фаъолияти педагогии худро аз соли 2009 дар коллеҷи касбу ҳунари кишоварзӣ ва фарҳангии Пешкӯ идома дода, аз фанни адабиёт ва санъати суханварӣ дарс гуфтаам.  Он солҳо ҳам ба фаъолияти омӯзгорӣ ва ҳам барои эҷод кардан фурсати қулай буд. Махсусан, соли 2011 дар озмуни эссеҳои созмони ҷопонии «Онкия» миёни нобиноёни Осиё бо эссеи «Ҷойгоҳи нобиноён дар ояндаи ҷомеа» иштирок карда, сазовори эътироф шуданам бароям муваффақияти назаррас буд. Баъди шаш соли омӯзгориам дар коллеҷи номбурда, ба мактаб-интернати рақами 10-уми шаҳри Нуқус ба кор даъват карданд. Ин мактаб бо Иттифоқи нависандагони  Қароқалпоқистон ҳамкорӣ дошт ва он бароям хеле муҳим буд. Онҳо барои баргузор намудани вохӯриҳо бо шоиру нависандагон, шабҳои эҷодӣ ва озмунҳои китобхонӣ  шароит зарурӣ муҳайё мекарданд, - таъкид намуд ӯ.
Дар мактаби мазкур пешниҳод ва татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба такмили раванди таълим кардаашро ба инобат мегирифтанд. Бо назардошти чунин иқдомҳои накӯву шоиста Заррина бо унвони фахрии Аълочии таълими халқи  Қароқалпоқистон сарфароз гардид.
Дар давраи пандемия шуъбаи Ҷамъияти нобиноён дар шаҳри Нуқус дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Қароқалпоқистон ва рӯзномаи «Адабиёти қароқалпоқ» озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхони ҷавон»-ро ташкил намуд. Заррина дар баргузории ин чорабинӣ иштироки фаъолона дошт.
Соли 2020 дар озмуни «Дунёро ба кӯдакон диҳед!», ки бахшида ба 1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ширкат намуда, барои асари «Офтоб ва китоб» ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Ҳамон сол Иттифоқи нависандагони Қароқалпоқистон бо мақсади тарғиби эҷодиёти сенатор, Шоири халқии Қароқалпоқистон, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Гулистон Матёқубова озмуни байналмилалиро ба таври фосилавӣ баргузор кард. Олимова тавассути канали оммавии «Иҷод гулдастаси» дар шабакаи телеграм ва гурӯҳи ҷамъиятии «Дӯстии адабӣ -дӯстии абадӣ!» дар ташкилу ҳамоҳангсозии он саҳм гузошт. Барои ин иқдоми фарҳангӣ Ассотсиатсияи «Шоиру нависандагони Осиёи Марказӣ» ӯро ба узвият қабул намуд.
Бояд гуфт, ки мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва шеърҳояш дар нашрияҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дар Озарбойҷон, Туркия, Миср, Таиланд, Индонезия, Олмон ва Бритониё ба табъ расиданд.
Дар солҳои минбаъда ӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзид ва бо як қатор диплому медалҳо мукофотонида шуд.
Боиси эътироф аст, ки то имрӯз китобҳои «Ҷилоҳои тафаккур» (2017), «Соҳили эҳсосот» (2019) ва «The Property of the Soul» («Мулки рӯҳ», 2022)-и Заррина ба табъ расиданд. Нашри китоби англисӣ дар ИМА номи ӯро дар доираи васеи хонандагон муаррифӣ кард.

Мавқеи адабӣ ва эътирофи байналмилалӣ

Дар ашъори Заррина мавзӯъҳои Ватан, меҳри модар, арзишҳои инсонӣ ва эҳтиром ба ниёи бузург ҷойгоҳи муҳим доранд. Масалан, дар шеъри худ таҳти унвони «Ба омӯзгорон» эҳтирому самимияти шоира нисбат ба омӯзгорони фидокору заҳматписанд таҷассум ёфтааст. Ӯ дар шеърҳояш ба шахсиятҳои таърихӣ, чун мутафаккир, султони мулки ғазал Мир Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур бо такя ба манобеи таърихӣ рӯ меорад ва хидматҳои бузургу беҳамтои онҳоро дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг эътироф мекунад. Ба муносибати 580-солагии Навоӣ Иттиҳодияи нависандагон ва муаррихони Осиёи Марказӣ озмуни байналхалқӣ ташкил намуд, ки Заррина дар он низ фаъол иштирок кард. Барои саҳми фаъол дар тарғиби мероси Навоӣ бо медали «Алишер Навоӣ» қадрдонӣ шуд.
Соли 2023 ба узвияти Академияи адабиёт, санъат ва коммуникатсияи Олмон пазируфта шуд. Ҳамчунин узви чандин созмонҳои байналмилалии адабӣ, чун узв ва ҷоизадори Иттиҳодияи «Шоирони ҷаҳон»-и Техас, узви Ҷамъияти дӯстии шоирони «Бунёди Иқро»-и Ҳиндустон ва узви Ассотсиатсияи нависандагони Аргентина мебошад. 
Ҳамзамон, Заррина барои фаъолияти байналмилалӣ ва саҳм дар тарғиби фарҳанги миллӣ бо нишони сарисинагии «Фидокори маънавият» ва медали байналхалқии «Турон бирлиги» мукофотонида шудааст.
Инчунин, узви «Платформаи занони пешсаф»-и Ӯзбекистон, Ассамблеяи нобиноёни Осиё мебошад. Заррина таъкид менамояд, ки соли 2023 барояш соли дастовардҳои назаррас буд. Ӯ ба узвияти Иттиҳоди байналмилалии нависандагони Турони назди Академияи илмҳои Турон пазируфта шуд. Ҳамзамон, Бунёди эҷодии «Қӯшқанот»-и Қазоқистон ӯро ба узвият қабул намуда, бо медали «Барои хидматҳои байналмилалӣ» сарфароз гардонид.
Моҳи июни соли 2023 дар семинари «Ҳафтаи Ӯзбекистон», ки дар Донишгоҳи Гаҷа Мадаи Индонезия баргузор гардид, иштирок намуд. Ҳамон сол дар конфронси Донишгоҳи Қоҳира (Миср), ки ба муносибати нашри китобаш дар Амрико баргузор шуд, бо ифтихорнома сарфароз гардид.
Маълумот дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ ҳамчун шоири муосир дар вебгоҳи байналмилалӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва англисӣ мунташир шудааст. Шеърҳояш дар антологияи нависандагони ӯзбек, ки дар Бритониё нашр шудааст, дохил карда шуданд.
Заррина ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 45-уми шаҳри Бухоро аз фанни адабиёт дарс мегӯяд. Шукр мегӯяд, ки Парвардигор ба ӯ як фарзанди солеҳ додааст. Мехоҳад ва мекӯшад писараш дар оянда як фарди ба ҷомеа нафърасон шуда ба воя расад.

Иродае, ки мағлуб намешавад
Сарнавишти З. Олимова намунаи равшани пирӯзии ирода бар маҳдудиятҳост. Маҳрумият аз неъмати биноӣ натавонист садди роҳи камолоти ӯ гардад - баръакс, ин озмоиши зиндагӣ иродаашро қавитар ва ҳадафҳояшро равшантар сохт. Бо такя ба дониш, меҳнат ва эътимод ба неруи ботинӣ, ӯ аз зинаҳои таҳсилу фаъолияти ҷамъиятӣ гузашта, то ба мақоми шоири шинохта ва омӯзгори соҳибэҳтиром расид.

Зиндагии Заррина Олимова ба мо меомӯзад, ки инсон бо иродаи устувор ва ҳаракати мақсаднок метавонад ҳар монеаро ба зинаи болоравӣ табдил диҳад. Ӯ имрӯз на танҳо омӯзгор ва шоир, балки рамзи матонат, худшиносӣ ва умед барои насли ҷавон аст.

Гулҷаҳон КАБИРОВА, хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: