Хонаободӣ – аз падари бузургвор

Хабари нобаҳангоми чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани устод, марди донишманду фидоӣ, бофарҳангу инсондӯст Мирзомаҳмуд Акрамовро шунида, сахт андӯҳгин шудем ва суҳбатамон бо ӯ дар ҷанозаи собиқ мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов ба хотир расид.

– Бовари кас намеояд, ки рӯзи гузашта бо мудир ҳамроҳ будему имрӯз барои ба роҳи охирин гусел карданаш омадем, – гуфта буд Мирзомаҳмуд Аҳмадович, – ҷудоӣ аз ӯ барои таълим, ёру дӯстон, ҳамкасбу ҳамкорон талафоти бузурге аст.
Мирзомаҳмуд Акрамов 10-уми майи соли 1956 дар Самарқанд таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Ӯ бо дипломи мактаби олӣ фаъолияти худро дар омӯзишгоҳи касбҳои техникаи рақами 185-уми шаҳр оғоз намуд.
Боре собиқ ҳокими ноҳияи Самарқанд, шодравон Раҳима Ҳакимова ба омӯзишгоҳи мазкур омада, бо ӯ шинос мешавад, аз маданияти рафтору гуфтори ӯ хушаш меояд ва ӯро ба кор таклиф мекунад. Акрамов корманди масъули ҳокимияти ноҳияи Самарқанд таъин мегардад. Сипас, ҷонишини директори мактаби рақами 29-уми ноҳия ва то дами вопасин дар шуъбаи таълими халқи ноҳия кор мекунад.

– Раҳматӣ дар тӯли фаъолияти хеш ба мо роҳбалад, маслиҳатгари хирадманд, инсони поксиришту бебок, – гуфт мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Шерзод Абулхайров. – Устод барои ривоҷу равнақи таълими халқӣ, ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудани шуъба, ҳаллу фасли муаммоҳои сарбаста саҳми арзанда гузоштаанд. Эшон дар байни муаллимон, падару модарони шогирдон бо дилёбиву  масъулиятшиносӣ эҳтироми хоса доштанд.
Ҳарчанд устод алҳол дар байни мо нестанд, кори неку номи некашон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Воқеан, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, соҳиби бисёр мукофотҳо Мирзомаҳмуд Акрамов падари бузургвору ҳамсари меҳрубон ҳам буд.
Ӯ бо завҷааш, собиқ директори мактаби миёнаи рақами 76-ум Гулӣ Акрамова се нафар – гулдухтараш Азизабону, писарҳояш Мирзоанвар ва Мирзоулуғбекро таълиму тарбияи хуб додаанд.
– Қиблагоҳ шаҳсутуни хонадон, маслиҳатгару офтоби бахту тахти мо буданд, – бо дидаи гирён моро ба оғӯш гирифта, мегуфт Мирзоанвар. – Хушбахтӣ, зиндагии осуда, хонаободии мо аз падари бузургворам буд...

Оре, раҳматӣ Мирзомаҳмуд Акрамов аз ҷумлаи онҳоест, ки номашонро зикри хайр зинда медорад.

Зоҳир Ҳасанзода. Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: