Таъмини шуғли аҳолӣ тавассути рушди косибӣ дар маҳаллаи Бешкапа

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Бешкапаи ноҳияи Учкӯприки вилояти Фарғона аҳолӣ асосан ба ҳунармандӣ машғул мебошанд.

 Аз зиёда аз 700 хоҷагӣ, қариб 400-тои онҳо дар асоси косибӣ ва ҳунармандӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ машғуланд.
Сокини ҳамин маҳалла Абдухалил Раҷаббоев низ ҳамроҳи се писараш дар хонадони худ истеҳсоли маҳсулоти ресмонро ба роҳ мондааст. Дар сехи хурди истеҳсолии хонагӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 2-3 ҳазор метр ресмон бофта мешавад. Тавассути ин фаъолият оила дар як моҳ то 30 миллион сӯм даромад ба даст меорад.
Қобили зикр аст, ки ин фаъолият барои сокинони Бешкапа ба манбаи устувори даромад табдил ёфтааст. Даромади миёнаи моҳонаи хоҷагиҳо аз истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ 15–20 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Дар маҳалла зиёда аз 100 навъи ресмон ва маҳсулоти нахӣ истеҳсол гардида, ба бозорҳои маҳаллӣ ва кишварҳое чун Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия содир карда мешавад.

Шабакаи ҳокимияти вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: