Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...

Ҳар як оила ба кишвари хурдакак монанд аст.

 Сарҳади моддиву маънавӣ, тартибу қоида ва қонуниятҳои хоси худро дорад. Бахусус, дар оилаҳое, ки пиронсолон умр ба сар мебаранд, файзу тароват ва тартибу интизом ҳис карда мешавад. Аъзои хонадонҳо аз хоб барвақт хеста, ба якдигар «субҳ ба хайр» гуфта, дар гирди дасторхон ҷамъ мешаванд. Бо дуою ниятҳои неки бобою момо ба иҷрои кору вазифаҳои худ машғул мегарданд. Бобою момо ва падару модар фариштаю сариштаи рӯзгори ҳар яки моянд. Инсон меҳрубонӣ ва некӣ карданро қабл аз ҳама бояд аз худ ва наздикони худ оғоз кунад.
Аз намоиши телевизионии «Панди падарон», ки овони бачагӣ дида будем, мисол меорам: «Падару модар фарзанди ягонаи худро бо меҳрубониҳои зиёд ва бекаму кост ба воя мерасонанд. Ҳар чи мехост муҳайё месозанд. Хонадор мекунанд ва арӯси нозанин ба хизмати онҳо мепардозад.  Солҳо мегузаранд, падари ҷавон аз ҳаёт чашм мепӯшад. Модараш низ пир шуда, қуваи бозуяш заиф гардида, ба ғамхории писару келин мӯҳтоҷ мешавад. Вақте ки ӯ хӯрок мехӯрд, дастонаш меларзиданд, косаю пиёла аз дасташ афтида мешикаст. Ба ҳавлӣ пойҳои бемадорашро кашолакунон базӯр медаромад. Чунин ҳаракатҳои пиразан арӯсашро монда карда буд ва ӯ баробари аз дар даромадани шавҳар лаб ба шикоят мекушод. Писар барои аз шикоятҳои ҳаррӯзаи занаш раҳоӣ ёфтан, ба модари муштипар, ки бо ноз ӯро калон карда, дар зарфҳои чиннию булӯрин хӯрок дода буд ва қариб ҳар рӯз эркагӣ карда пиёлаю чойник мешикаст, аз чӯб косаю чумча сохта, минбаъд дар он ба модараш хӯрок медиҳад.
Ҷавон рӯзе аз кӯча ба ҳавлӣ баргашта мебинад, ки писарчааш дар даст тешаю табар ва арраю гулмех бо коре машғул буд. Ҳайрон шуда пурсид:
–  Писарам, чӣ сохта истодаӣ?

– Ба шумо ва модарам косаю чумчаи чӯбин месозам. Ба мисли момоям пир шуда, дасту поятон ларзон шавад, дар ҳамин зарфи чӯбин хӯрок медиҳам, – ҷавоб дод писарчааш.

Овози фарзанди ба остонаи балоғат нарасидааш ба ӯ мақоли «ҳар чӣ корӣ – ҳамонро даравӣ»-ро ёдовар намуд. Ҷавоби ҷигарбандаш дар қалби хирагаштаи ӯ равшанӣ эҳё сохт. Ҳиссиёти фарзандӣ ва меҳру муҳаббати модариро, ки побанди рӯзгори худ шуда фаромӯш карда буд, ба хотир оварда худро ба пеши пойи модар андохт...»

Ҳангоми куҳансолӣ ба падару модар ғамхорӣ намудан, ба инҷиқию нотавонии онҳо сабру тоқат намуда, ба хизматашон  доимо омода будан вазифаи ҳар як инсони комил ба шумор меравад.

Дар деҳаамон рӯзгоре момои Ҷумъагул умр ба сар бурдааст. Нақл мекунанд, ки ӯ аз шавҳару фарзанди ягонааш барвақт ҷудо шуда, ба бемории вазнин мепечад. Момо баъд аз муолиҷаи дуру дароз ба по мехезад. Бо як қатъияти мардона, ба меҳнати сангини он давр тоб оварда зиндагӣ мекунад. Ба кори мардум, бахусус корҳои занон, аз қабили ресмонбофӣ, калобаресӣ, намадпазӣ, лагандаю қатора рафтани кӯрпаю кӯрпача, танӯрсозӣ ва ғайра кумак мерасонад. Аз кӯҳу кӯтал ҳезум мекашонд, пистаю бодому чормағз ҷамъ мекард. Хуллас, бори гарони зиндагӣ бар дӯши тани танҳояш буд. Ба занони ҳомила доягӣ мекард. Бисёриҳо қабл аз шифокорро ҷеғ задан ба ҳузури момо мешитофтанд, ба қавле «дасташ сабук» буд.

Момо умри дароз дид. Ҳангоми пиронсолӣ хешу табор ва додарзодаҳояш парасторӣ карданд. Арӯсон аз маслиҳату тавсияҳои ӯ баҳраманд мешуданд. Ҳаққу ҳамсоя бо як коса хӯроку нони гарм ба аёдаташ омада дуои ӯро мегирифтанд. Аз ҳаёти момо қиссаҳои дуру дароз навиштану гуфтан мумкин. Вақте ки аз олам даргузашт, яке барои савоб, дигаре раҳмдилу ғамхор ва сеюмӣ ба хотири ҳоҷатбарори мардум будани ӯ аз пойи тобуташ доштанд...

Имрӯзҳо дар байни мо падару модарони серфарзанд ҳастанду худро танҳо ҳис мекунанд. Фарзандони нохалаф пиронсолӣ ва нотавонии волидонро ба худ «бори вазнин» ҳисобида, ба хонаи пирон месупоранд ва ё танҳо монда аз ҳолашон хабар намегиранд. Бехабар аз он ки онҳо низ рӯзе пир мешаванду ба фарзанд ва наздикони худ мӯҳтоҷ мегарданд.

Соҳиби хирад Фаридуддини Аттор фармудааст:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ.

Саодат РӮЗИЕВА.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: