Олимон аз хатари паҳншавии вируси чикунгуня дар 29 кишвари Аврупо ҳушдор медиҳанд

Мутахассисони Маркази экология ва гидрологияи Бритониё, ки гармшавии глобалиро меомӯзад, ба чунин хулоса омадаанд.

Дар ин бора DW хабар дод.
Ба гуфтаи онҳо, чикунгуня қаблан танҳо дар кишварҳои гарм паҳн мешуд, зеро он аз ҷониби пашшаҳои гармдӯсти ҷинси Aedes интиқол дода мешавад. Ҳоло чунин пашшаҳо на танҳо дар минтақаҳои тропикии Африқо, Осиё ва Амрико, балки дар Аврупо низ паҳн шудаанд.
Чикунгуня боиси заъф ва дарди шадиди буғумҳо мегардад ва метавонад барои кӯдакон ва пиронсолон марговар бошад.
40 фоизи онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, пас аз панҷ сол аз артрит азият мекашанд. Дар солҳои охир, ҳолатҳои ҷудогонаи чикунгуня дар 10 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудаанд.
Дар соли 2025 дар Фаронса ва Италия эпидемияҳо ба амал омада буданд, ки дар онҳо садҳо нафар сироят ёфта буданд. Гарчанде ки пашшаҳои ҳомили вирус дар Британияи Кабир ва Олмон ошкор карда шудаанд, паҳншавии васеъи ин беморӣ мушоҳида нашудааст, хабар медиҳад The Guardian.
Олимон ҳушдор додаанд, ки дар шароити кунунии иқлимӣ, интиқоли чикунгуния тавассути пашшаҳо метавонад дар Испания, Португалия, Италия ва Юнон беш аз 6 моҳ дар як сол идома ёбад.
Дар Белгия, Фаронса, Олмон, Швейтсария ва тақрибан даҳҳо кишвари дигари Аврупо хатар метавонад 3-5 моҳ давом кунад, хабар медиҳад oz.inform.kz.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: