Шукронаи давлату сарвари он

  • Шукронаи давлату сарвари он
  • Шукронаи давлату сарвари он

Солҳои охир дигаргуниҳои хубу назарраси ҳам шаҳр ва ҳам деҳот ба кас фараҳ мебахшад. Симои деҳаву шаҳрҳо куллан замонавӣ мешаванд. Ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар – Ӯзбекистони азиз аст.

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод» аз маркази ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд дар масофаи 12 километр мавқеъ гузидааст.
Агар 5-6 моҳ пештар ба ин деҳа омада бошед, имрӯз онро намешиносед.
Солҳои охир бо ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар сартосари ҷумҳурӣ таҳти шиори «Маҳаллаи обод, кӯчаи обод, хонадони обод» барномаи давлатӣ амалӣ мегардад. Тӯли 6 моҳи гузашта, татбиқсозии он дар маҳаллаи зикршуда назаррас гардид. Онро метавон баробари воридшавӣ ба деҳа ҳис кард. Навиштаҷоти «Хуш омадед, ба деҳаи Навобод!», роҳи ҳамвори мумфаршшудаву ниҳолҳои ороишии ду тарафи роҳи калони маркази деҳа табъи шуморо, воқеъан хуш мекунанд. Дуконҳои яке аз дигаре зеботару ободи озуқавориву маҳсулоти хоҷагӣ ба деҳа ҳусни хос бахшидаанд. Идораи кормандони маҳалла, шуъбаи тиббии хидматрасонии рӯзона, корхонаи дӯзандагӣ – ин ҳама дар чанд моҳи охир қад афрохтанд. Роҳҳои дохилии деҳа мумфарш гардиданд, ки аз ин аҳли деҳа хеле мамнунанду шукронаи кишвару сарвари худ мекунанд. 
Ходимон ва кормандони Маъмурияти Президент, сенаторони Олий Маҷлис, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ҳокимияти вилояти Тошканд ва ноҳияи Бӯка «Маркази дӯзандагӣ»-и маҳалларо кушода, онро тамошо карданд. Бояд гуфт, ки ин марказ дар муддати кӯтоҳ бо супориши гурӯҳи кории Маъмурияти Президент, ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия аз ҷониби тадбиркори маҳалла Нусратхӯҷа Қосимов сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло он  ба маҳалла ҳусн мебахшад. Тадбиркор азм дорад, ки беш аз 20 нафар занони маҳалларо бо кори доимӣ банд кунад.
– Мо нийят доштем ба занон ва духтарони маҳалла барои хидматҳояшон дар пешрафти Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят туҳфаи арзанда кунем. Хушбахтона, аз ҳисоби грант барои «Маркази дӯзандагӣ» 21 адад дастгоҳ харид кардем, – мегӯяд раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Тошканд Саврон Мирзоев. 
Баъд меҳмонон идораи азнавтаъмиршудаи маҳалла, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол ва воркаут, майдони мини-футболи  «Навобод-арена»-ро кушода эълон карданд. Ба ҳамагон майдони мини-футболи «Навобод-арена» писанд омад. Бояд гуфт, ки он аз ҷониби омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Давлат Сангинов ба истифода супурда шуд. Аз ин толор нафақат варзишгарони маҳалла, балки боз дӯстдорони варзиши маҳаллаҳои ҳамсоя баҳра мебаранд. Дар маросими ифтитоҳӣ футболбозони наврас Қурбон Қурбонов ва Абдулазиз Зуҳуров аз номи варзишгарон миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки аз ин имкониятҳои фароҳамовардашуда истифода бурда, парчами давлатамонро дар майдонҳои футбол баланд мебардоранд.
Пас аз ифтитоҳи иншоот ва майдонҳои варзишӣ барномаи консертӣ, маросими туҳфасупорӣ ороста шуд. Дар маросим раиси Бунёди ҷумҳуриявии «Нуроний»-и Ӯзбекистон Содиқҷон Турдиев, раиси Кумитаи занону бонувони Ӯзбекистон Зулайхо Маҳкамова ба сухан баромада, шаҳрвандони маҳалларо бо ин навгониҳои фараҳбахш табрик намуданд. Дар маросим якчанд сокини маҳалла, аз ҷумла, Давлат Сангинов бо нишони сарисинагии «Маҳалла ифтихорӣ»-и Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Абдурофеъ Рабиев ва Маҳмадсаид Холиқов бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и Бунёди ҷумҳуриявии «Нуроний», Рӯзибой Ғафуров ва Муҳаммадшариф Абдуллоев бо нишони «Илғор фермер»-и Шӯрои фермерони Ӯзбекистон, Рашидбой Наврӯзов бо нишони «Намунали томорқачи», Маҳмадқул Сафаров, Нурмаҳмад Наврӯзов ва Ҷонибек Шосаидов бо нишони «Меҳнаткаш деҳқон»-и Вазорати шуғл ва аз байн бардоштани нодорӣ, Мосафар Қурбонова ва Зулайхо Рабиева бо нишони сарисинагии «Муътабар аёл»-и Кумитаи оила ва занону бонувори ҷумҳурӣ, Мирзоҷон Қосимов, Давлатбибӣ Холова, Ислом Сафаров ва Ойлармо Сангинова бо ташаккурномаҳои раиси Бунёди ҷумҳуриявии «Нуроний» тақдир карда шуданд.

М. Қодирзода, мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик».
Вилояти Тошканд.

Аксбардор: С. Сулаймонӣ.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: