Имрӯз инсоният дар давраи бисёр мураккаб ва пурозмоиш зиндагӣ дорад.
Дар чунин шароит, бахусус масъалаи об ба омили стратегие табдил ёфтааст, ки бо суботи глобалӣ, амнияти озуқаворӣ ва тақдири наслҳои оянда бевосита алоқаманд аст. Дар воқеияти имрӯза, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани фишор ба захираҳо идома дорад, муносибат ба об сатҳи муносибат ба тараққиро муайян мекунад. Имрӯз сарфаю сариштакорӣ нисбат ба об ба масъулияти умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Дар кишварамон ба ин самт ҳамчун бахше аз Стратегияи рушди дарозмуддат муносибат мекунанд. Дар солҳои охир, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, масъалаи истифодаи самараноки об ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, навсозии низомҳои обёрӣ ва рақамисозии ҳисобу китоб корҳои бузург анҷом дода мешаванд. Дар ин раванд, қарори роҳбари давлат аз 1 апрели соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об» ислоҳоти соҳаро ба марҳалаи сифатан нав баровард. Дар он бобати густариши технологияҳои сарфакунандаи об, навсозии инфрасохтори обёрӣ, таҳкими механизмҳои дастгирии давлатӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда вазифаҳои афзалиятнок муқаррар карда шудаанд.
Пешниҳодҳои наве, ки чанде пеш ба роҳбари давлати мо дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва васеътар ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об муаррифӣ шуданд, идомаи мантиқии корҳо дар ин самт мебошанд.
Рақамҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз масоҳати заминҳое, ки дар онҳо технологияҳои сарфакунандаи об ҷорӣ шудаанд, ба 2,6 миллион гектар расидааст. Ин тақрибан 60 фоизи заминҳои обёришавандаро ташкил медиҳад. Ҳол он ки то соли 2017 ин нишондод ҳамагӣ 19 ҳазор гектар буд. Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол миллиардҳо метри мукааб об сарфа мешаванд. Ин на танҳо самараи иқтисодӣ, балки барои суботи экологӣ низ аҳамияти бузург дорад.
Марраҳои пешгузошташуда низ бузурганд. Дар солҳои наздик фарогирии технологияҳои сарфакунандаи об боз садҳо ҳазор гектар зиёд гардида, ҳиссаи умумӣ то 80 фоиз расонида мешавад. Ин ислоҳот барои фермероне, ки дар минтақаҳои аз лиҳози таъминоти об мушкилдошта фаъолият доранд имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад ва шароитро барои кишти такрорӣ муҳайё месозад.
Ҷиҳати ҷолиби диққат он аст, ки раванд дигар танҳо ба дастгирии умумӣ маҳдуд намешавад. Механизмҳои нав пешниҳод мешаванд: муайян кардани андоз ва маблағи субсидия вобаста ба дараҷаи таъминот бо об, татбиқи коэффисиенти баландтар дар минтақаҳои мушкил, пешакӣ ҷудо намудани субсидия барои ташаббускороне, ки бо маблағи худ технология ҷорӣ менамоянд. Чунин муносибат низоми дастгирии одилона ва ҳадафмандро ташаккул медиҳад.
Ҳамчунин, татбиқи обёрии қатрагӣ ва дискретиро танҳо бо баъзе навъҳои зироат маҳдуд накарда, ҷорӣ гардидани тартиби тақдими субсидия барои заминҳои ғалладона низ таваҷҷуҳи фермеронро зиёд мекунад. Амалиёти пӯшонидани як қисми фоизҳои кредит ва ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ пеш аз мавсим – аз моҳи ноябр бошад, ба кори нақшавӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, ҷорӣ намудани тартиби додани субсидия барои истифодаи обёрии қатрагӣ ва дискретӣ на танҳо дар баъзе навъҳои зироат, балки дар заминҳои ғалладона низ таваҷҷуҳи фермеронро бештар мекунад. Пӯшонидани қисми фоизҳои кредит ва ҷудо кардани маблағҳои қарзӣ аз моҳи ноябр — пеш аз мавсим ба кори нақшавӣ мусоидат менамояд.
Масъалаи сифат ва натиҷа низ дар канор намемонад. Акнун ташкилотҳои пудратӣ, ки технологияҳои обсарфакунандаро насб мекунанд, ӯҳдадоранд, ки на камтар аз ду сол кафолат ва панҷ сол хизмати сервисӣ пешниҳод намоянд. Хусусан он чиз ҷолиби диққат аст, ки аз баҳри равиши кӯҳнаи «насб кардем ва рафтем» баромада, низоми самаранокии дарозмуддат ба кор дароварда мешавад.
Низоми назорат мувофиқи талаби замон тағйир меёбад. Мисли ҳисобкунакҳои «ақлнок»-и об, низомҳои иттилоотии рақамӣ, мониторинг бо дрон, истифодаи камераҳои насбшаванда ҳангоми санҷиш, ки ин ҳама шаффофиятро афзоиш медиҳанд. Яке аз қоидаҳои муҳимтарин ин аст, ки ба ҳолатҳои субсидия гирифта, технологияи сарфакунандаи об насб карда, аз он истифода накардан ба сифати истифодаи худсаронаи об баҳо дода мешавад. Ин дар навбати худ ба мустаҳкам кардани интизом хидмат мекунад. Ҳамчунин, ташаббуси озод кардани мақомоти танзимкунанда аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба додгоҳҳо дар баҳсҳои марбут ба насби технологияҳои сарфакунандаи об ба таъмини қонуният дар ин бахш хизмат хоҳад кард.
Масъалаи кадрҳо такягоҳи ҳамаи ислоҳот аст, гӯем муболиға нахоҳад шуд. Аз ин нуқтаи назар, дар доираи лоиҳаҳо чун «Мактаби обмонон» баланд бардоштани малакаи ҳазорҳо мутахассис ва фермер, омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҳамоҳангии технологияро бо дониш таъмин мекунад.
Бояд қайд кард, ки иштироки парлумон ва вакилон дар ин раванд нақш ва масъулияти худро дорад. Ҳамаи мо инро эҳсос мекунем. Тавассути пурсишҳо дар маҳал ва мулоқотҳо бо деҳқонон ва истифодабарандагони об, мо мустақиман мушкилотро меомӯзем ва таҳлилҳо мегузаронем. Илова бар ин, дар ин раванд пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа, тақвияти имтиёз ва кафолатҳо, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони бовиҷдон низ таҳия карда мешаванд.
Имрӯз як ҳақиқати зиндагӣ беш аз пеш собит мегардад: ҷомеае, ки обро ҳифз мекунад — ояндаи худро ҳифз мекунад. Ин масъала дигар танҳо бо самараи иқтисодӣ ё ҳосилнокӣ ҳисоб карда намешавад. Он ба ҳосилхезии замин, даромади аҳолии деҳот, амнияти озуқаворӣ ва тавозуни экологӣ робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, қарор додани равиши илмӣ ва идораи замонавӣ талаботи таъхирнопазири рӯз аст.
Ҳилола ЮСУПОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.