Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ оид ба муҳлатҳо ва маҳдудиятҳои муҳим барои зиёраткунандагон дар мавсими «Умра – 2026» маълумот пешниҳод намуд.
Тибқи он, пеш аз оғози мавсими имсолаи Ҳаҷ, анҷом додани зиёрати Умра муваққатан боздошта мешавад.
Маркази Ҳаҷ ва Умраи Идораи мусулмонони Ӯзбекистон вобаста ба ин ҳолат аз шаҳрвандоне, ки нияти анҷом додани зиёрати муборакро доранд, хоҳиш намуд, ки ҳангоми тартиб додани нақшаи сафар ба қоидаҳои зерин риоя намоянд:
• Қабули дархост барои гирифтани визаи Умра то 19 марти соли 2026 идома меёбад;
• Муҳлати охирини воридшавии зиёраткунандагони хориҷӣ ба Арабистони Саудӣ — 2 апрели соли 2026;
• Муҳлати ниҳоии тарки Арабистони Саудӣ аз ҷониби ҳамаи зиёраткунандагон — 18 апрели соли 2026.
Марказ инчунин таъкид намуд, ки барои вайрон кардани муҳлати виза ва зиёда аз вақти иҷозатдодашуда дар қаламрави Арабистони Саудӣ мондан, тибқи қонунгузории ин кишвар чораҳои қатъӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ, аз шаҳрвандоне, ки қасди сафари Умра доранд, дархост карда мешавад, ки ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда қатъиян риоя намуда, нақшаи сафари худро мувофиқи муҳлатҳои зикршуда тартиб диҳанд.