Як ғазали ишқӣ
Оташи бемеҳрият ҳар рӯз месӯзад маро,
Бехабар бигзаштанат бесӯз месӯзад маро.
Ҷони моро бас халос аз сӯхтан бошад муҳол,
Тири мижгони каси дилдӯз месӯзад маро.
Оқибат моро халос аз сӯхтан бошад муҳол,
Дай агар сардӣ кунад, Наврӯз месӯзад маро.
Ошиқонро сӯхтан зебанда аст аз ҷаври дӯст,
Оташи ҳиҷрони ӯ фирӯз месӯзад маро.
Сӯхтам, гуфтам зи сабрам марҳаме бар ҷон задӣ,
Баъд аз ин бемеҳрият нимсӯз месӯзад маро.
Чокари ишқи туро Дониш бас аст ин сӯзу соз,
Ин муҳаббат мегудозад сӯзу месӯзад маро.
То ба кай Дониш зи дасти сӯхтан нолон шавам,
Оқибат аҳволи сӯзандӯз месӯзад маро.
МАРСИЯ ДАР СӮГИ ФАРЗАНД
Рафтӣ чун аз барам, эй сарви хиромони падар,
Булбули рӯҳ парида зи гулистони падар.
Тоқи абрӯи ту то дур шуда аз назарам,
Тоқатам тоқ шуд, эй сарви хиромони падар.
Ҷӯйбори дилам аз сарви қадат хуррам буд,
Рафтиву гашт хазон гулшану бӯстони падар.
Бори андӯҳи туро кӯҳ наёрад тоқат,
Ба чӣ тадбир ман ин бор кашам, ҷони падар?
Ҳар замон қатраи ҳасратзада бар рӯйи замин,
Аз ғами рӯйи ту ин дидаи гирёни падар.
То туро боди аҷал бурда зи гулзори вуҷуд,
Гум шуда сар ба сар, эй гул,сару сомони падар.
РУБОӢ
Аз устураҳои ёд як-як гӯям,
Шаҳномаи адлу дод як-як гӯям.
Хоҳам, ғазали тавили зулфайни туро,
Дар қолиби мустазод як-як гӯям.
Илҳоми НАСАФӢ.
ЛУТФИ АШУР САФАР
Шукр, ки носир аст
– Устод, оё дар ташвиш нестед, ки писратон Гурез ҳаҷвнигор шудаасту нонатонро нимта мекунад? – аз Ашур Сафар мепурсад Бурҳон Ғанӣ.
– Шукр ки, – мегӯяд Ашур Сафар, – ӯ нозим не, носир асту нони Шуморо нимта мекунад.
ҶУРОБИ БОЗОР СОБИР
Шабе Бозор Собир меҳмони Ашӯр Сафар мегардад. Ӯ меҳмонро хуб зиёфат мекунаду саҳар ба фурудгоҳ мегуселонад. Панҷ-даҳ дақиқа пеш аз парвоз Бозор Собир мебинад, ки дар як пояш ҷуроб ҳасту дар пойи дигараш не.
– Эҳ, акаи Ашур, як ҷуробамро дар хонаи Шумо фаромӯш кардам, – бо таассуф мегӯяд ӯ ва гумон мекунад, ки Ашур Сафар кас фиристода ҷуробро меорад.
– Э, Худо гирад ҳушатро-е! – мегӯяд Ашур Сафар. – Инашро ҳам барору ба ман деҳ, ки ваяш бекор намонад!
ҶАВОБИ УЗР
Дар тӯйи 60-солагии Ашур Сафар дӯсташ Бобохон Маҳмадов каме дер мемонад ва чунин узр мепурсад:
– Домулло, бубахшед, ки каме дертар омадам.
– Ҳеч гап не,– мегӯяд соҳибҷашн, – дертар ҳам омада бошед, дасти холӣ наёмадагистед.
ВАСИЯТИ ВАЛИЗОДА
Миралӣ Маҳмадалиев раиси колхоз аз Ашур Сафар мепурсад:
– Ту то дами вопасин болои сари Вализода будӣ, ягон чиз бахшид ба ту ё не? Чӣ васият кард?
– Васият кард, ки, – ҷавоб медиҳад Ашур Сафар, – ҳар чизе, ки раисони колхоз медоданд, акнун гӯй, ки ба ту диҳанд.
ҲАМСАФАРИ МАЪҚУЛ
Аз Ашур Сафар пурсиданд:
– Чаро аксар вақт бо шоир Қутбӣ Киромед ва ҳамеша якҷоя сафар мекунед? Куҷои он кас ба Шумо маъқул аст?
– Ба ман ҳимматаш маъқул аст, – ҷавоб додааст Ашур Сафар. – Куҷое равем, ҳам пули роҳро медиҳаду ҳам хӯрду хӯроку ҳам ҷойи хобро. Чаро ин хел ҳамсафар маъқул набошад?
Таҳияи Собир Эргашев, ноҳияи Фориш.