Ӯзбекистон кишвари таърихи ғановатманд ва бузург буда, иқтисодиёташ бо суръати баланд инкишоф меёбад ва ҳоли ҳозир дар остонаи рушди нави дорои аҳамияти фавқулода қарор дорад, ки он узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) ба шумор меравад.
Ин иқдом, ки деринтизор ва ҳамаҷониба санҷидаву омӯхташуда аст, имкон медиҳад, барои ҷумҳурӣ уфуқҳои нави пешрафт боз гарданд.
Узвият ба СҶС ҷузви танҳо расмӣ нест, балки ҷараёни маҷмӯии қаробат ба низоми иқтисодии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои кишвари мо, ки фаъолона саъй дорад ба диверсификатсияи иқтисодиёти худ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатбардории молу хидматҳояш муваффақ гардад, СҶС ба сифати такони нерӯманди ҷараёнҳои зерин хидмат хоҳад кард.
Пеш аз ҳама ин дастёбии васеъ ба бозорҳост. Яъне узвият ба СҶС маънои онро дорад, ки молҳо ва хидматҳои мамлакат барои ба бозори кишварҳои узви созмон ворид шудан шароити беш аз пеш мусоидтар ба даст меоваранд. Дар натиҷаи он содирот меафзояд, ҷойҳои нави корӣ ба миён меоянд ва даромад чандин карат зиёд мегардад.
Дастоварди дигаре, ки аз узвият ба ин созмони ҷаҳонӣ фароҳам меояд, баланд гардидани рақобатбардорист. Рӯ ба рӯ шудан бо рақобати байналмилалӣ истеҳсолгарони ватаниро ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти худ, коҳиш додани бозистӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳои нав водор менамояд.
Узвият барои Ӯзбекистон истиқбол ва пешомадҳои бузургро мекушояд. Интизорӣ меравад, ки маҳз он бояд барои бозсозии минбаъдаи иқтисодиёт, ҷалб намудани технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ такони пурқувват гардад.
Молҳои кишвари мо дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи васеътару бузургтар ба даст меоварад, ки имкон медиҳад вобастагӣ аз содироти молҳои ашёи хом коҳиш ёбад ва содироти маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ инкишоф ёбад.
Узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо бидуни шубҳа қарори стратегист, ки бояд рушди иқтисодии мамлакатро тезонад ва мавқеи онро дар арсаи ҷаҳонӣ назаррасу мустаҳкамтар намояд. Ҷараёни мазкур бобати татбиқ сохтани ислоҳот ва обсозиш ба шароити нав, бешубҳа, саъю кӯшишҳои зиёдро тақозо дорад, вале дар мавриди мустақимона татбиқ сохтани нақшаҳои пешбинишуда узвият ба созмон метавонад такони хеле пурқуввате барои расидан ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯҳолии шаҳрвандон ва мустаҳкам гардидани обрӯйи байналхалқии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Ораш Акабоев, донишҷӯйи соли чоруми
Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.