Зарраҳаҷвияҳо

Одами хушбахт

Худоё, ин чӣ гап-а?  Замин кафида дар бозор одам баромадааст. Савдои фурӯшандаҳо ҳам тафсон.
Растаи қассобон аз намоишгоҳ фарқе надорад. Тамоми намудҳои гӯшти гову гӯсфандро чунон буридаву дар ҳалқаҳо овехта мондаанд, ки ҳаваси одам меояд. Назару писанд накарда, аз паҳлӯяш гузаштам.
Дар растаи меваҳо қариб ҳамаи нозу неъмати ҷаннатро дидан мумкин аст. Як ангурҳои ҳусайнии назаррабои тилоранг, як мурӯдҳои заб-зарди хӯрданибоб, анҷирҳои шарбаташ чакидаистода, зардолуҳои «даҳон ёбу хӯри» моҳтобиву қандак, гелосҳои калон-калони сиёҳи иштиҳоовар, шафтолуҳои моҳтобранги тунукпӯсти ширин... Э, онҳоро дида, оби шоридаистодаи даҳонатонро бо рӯймолча ба пок кардан имкон намеёбед. Вале ман, ҳамчун ходими музейе, ки ҳар рӯз аз дидани чунин экспонатҳои осорхона безор шудааст, бепарво аз паҳлӯяшон гузашта рафтам.
Аз қатораи сабзавотфурӯшон ҳам чизе нахаридам.
Чормағзу писта, донаку бодом, меваҳои қоқ ҳам даркор набудааст, ки ҳатто нархашонро напурсидам.
 Гӯё ишкамам сери сер бошад,  дуди хуши сихкабобу бӯйи оши палаву манту, ки ҳамчун реклама ба димоғи одам мезаданд, диққати маро ба худ ҷалб карда натавонистанд.
Дигарон ба бозор дароянд, ним рӯз барояшон камӣ мекунад. Вале ман дар давоми 4-5 дақиқа аз даруни бозори калон бо ду дасти холӣ баромадам. Ман гӯё одами хушбахт ва таъминоти хонаводаам ҳаматарафа пуру фаровон бошад, аз ҳамин гуна бозор чизе нахаридам.
Уф-ф, бепулӣ чӣ қадар бад аст!

СУПЕРИХТИРОИ ШАЙТОН

Э ту чӣ хел чизӣ-а? Суперихтирои шайтон барин дар ҳар ҷо худро нишон диҳӣ, қиблаи тамоми мардуми олам ба сӯйи ту мегардад. Ба имои бурути ту ба рақс даромадани хурду калон ҳеч гап не. Туро гуфта, чоплусиву лаганбардорӣ ба мансабдорон ривоҷ меёбад. Ҳама ба шарофати ту бодигиву худнамоӣ мекунанд.
Иғвогару ҷангбарангез ту. Бародарро бо бародар ҷанг меандозӣ? Писарро гиребонгирӣ падар месозӣ? Ту дар байни ду хоҳарони ҷонӣ дароӣ, онҳо бо якдигар ногапу душман мегарданд. Ба туфайли ту байни  ҳамсояҳо рахна афтад, дидорбинии онҳо дар рӯзи қиёмат муяссар мешавад.
Барои ту шуда, дар баъзе кишварҳо ошӯбу корпартоиҳо ба амал меоянд. Бо фиребу найранги ту саноати силоҳбарорӣ шабу рӯз ба кор медароянд. Барои ҳар чӣ бештар ба даст овардани ту мамлакатҳо бар зидди якдигар ҷанг эълон мекунанд. Куштор, сӯхтор, муромурӣ, хунрезиҳои гӯшношунид ба амал меоянд.
Э, бар падаракат ҳазорҳо лаънат, пул! Ту аз шайтони раҷим ҳам гузарондӣ!

ГАДОИ ХУДАМОН ҲАСТ

– Ҷӯгидухтарак ба як олам роҳ аз пасат садақапурсон омад, ақаллан як сӯм надодӣ-а? Аз ин рафтори ту ман шарм доштам...
– Охир мо садақаро ба гадойи худамон медиҳем-дия.
– Гадойи худатон кӣ?
– Сардори арҷмандамон! Аз ҳар моҳона рӯйхат карда, ҳаққи худро чинда мегиранд. Шеф агар фаҳманд, ки ман ба гадойҳои дигар садақа медиҳам, лингамро аз осмон меоранд.

ЗАБОНИ ГӮЁ

Аз дилам васвасаҳои воҳимаангези шайтониро дур андохтам. Доруи асаборомкунакро хӯрдам. Ҳамчун сипари гапногузар ба гӯшҳоям пахта халондам. Дар паси ҷевон як шиша арақи чалаи русткардаам – доруи иловагии дилпурӣ...
Хулоса, гӯшамро кару пӯстамро ғафсу забонамро гунгу худамро мисли ҳайкали беҳиссу беҷон сохтам. Акнун аз дар даромадан мумкин...  Се рӯз аз хона гум шуда рафтам, занак маро дидан баробар вулқон барин метаркад. Зиндагӣ ҳамин, тоқат кардан лозим! Таркиши аввалини қаҳру ғазабаш гузарад, баъд номаълум аз балогардон – арақи дилпуриам як пиёла занам, худамро дошта мегирам. Арақ ба афсонабофиам илҳом мебахшад, ки дар куҷо будаму моҳонаи гирифтаамро  чӣ кор кардам. Худоё, ҳангоми афсонабофӣ забони маро гӯё кун!

ҲАЙФАКИ УМР

Ба ҳавливу ҷойи ин мардак нигоҳ карда, ҳуш аз сарам парид. Мо ҳам хонаву ҷойи худро истиқоматгоҳ гуфта гашта будаем! Ҷову макони ин одам манзилгоҳ не, қасри шоҳаншоҳӣ. Деворҳо ялаққос мезананду саҳни ҳавлӣ бо сангҳои сурхи гаронбаҳо фаршпӯш карда шудаанд. Дар мобайни қаср – ҳавз. Аз байн ва гирдогирди он фаввораҳои зиёде обпошӣ мекунанду ҳавлиро сояву салқин нигоҳ медоранд. Ниҳолу дарахтон ҳама яккачину зебо. Дар гаражи паҳлӯи ҳавлӣ ҳамчун намоишгоҳ се-чор мошини тамғаҳои хориҷӣ – қатор.
Беруни ҳавлӣ ҳам дилкашу зебо. Ҳамааш – гулу ниҳол, панҷараи гирди боғча, курсии нишаст бо завқи баланди зебоипарастӣ сохтаву оро дода шудаанд.
Гуфтанд, ки ҳавлибоғ ҳам дораду боз дар шаҳр ду-се хонаи дигар. Меҳмонхонаву ресторану магазинҳояш ҳам  ба ӯ мисли оби ҷӯйи равон пул меовардаанд.
Худоё! Мардак аз Худо давлат пурсида будаасту умр не. Акнун ҳамаи инҳоро партофта рафтан чӣ маънӣ дорад?! Ҳайфаки умр-е!

Бахтиёри Ҷумъа

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: