«Келажак» – нишондиҳандаи интихоби касби оянда

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президент «Дар бораи чораҳои ба сатҳи нав баровардани низоми таълими беруназмактабӣ» аз 8 сентябри соли 2025, инчунин такмили минбаъдаи низоми таълими беруназмактабӣ дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ, рушди онҳо дар асоси равишҳои муосир ва ташкили пурмазмун ва самараноки вақти холии наврасон мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 10 декабри соли 2025 дар заминаи мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод» Маркази ҷумҳуриявии «Келажак» таъсис дода шуд.

 

 Мувофиқи қарори зикршуда дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ марказҳои «Келажак» фаъолият сар кард. Дар ин хусус бо директори Маркази  «Келажак»-и вилояти Намангон Шамсиддин Ортиқов суҳбат оростем.
– Марказ бо кадом мақсад ташкил карда шуд  ва вазифаҳои асосии он аз чӣ иборат аст?
– Марказҳои «Келажак» як системаи муосири таҳсилоти беруназсинфӣ мебошад, ки он барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии онҳо фароҳам овардани имкониятҳои нав ва такмил додани истеъдодҳои ҷавонон мебошад.
Марказ муассисаи давлатӣ буда, ба бачагони аз 6 то 18-сола хизматрасонии иловагии таълимӣ пешниҳод мекунад ва  дар соҳаҳои муҳандисӣ, илм, санъат, фарҳанг, варзиш, экология ва хониш қобилият ва истеъдоди ҷавононро инкишоф медиҳад. Ин ба наврасон имкон медиҳад, ки соҳаи дӯстдоштаи  худро пайдо кунанду касби ояндаро барвақт интихоб намояд.
Марказҳо барои пурмазмун гузаронидани вақти беруназсинфии донишомӯзон ва фаъолияти муфиди онҳо таъсис дода мешаванд. Дар натиҷа, ҷавонон бекор намешинанд, аз одатҳои зараровар дур мешаванд ва вақти бештарро барои рушд сарф мекунанд. 

– Дар  марказ кадом маҳфилҳо ташкил шуд ва ба онҳо чанд нафар хонандагон ҷалб шудаанд?

–  Дар марказ, ки дар вилоят аз январи соли ҷорӣ фаъолияти худро оғоз дод,  самтҳои  «Ҳунармандӣ ва корҳои дастӣ», «Фарҳанг ва санъат», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Техника», «Конструкторӣ ва моделсозӣ», «Сайёҳӣ ва экология», « Омодагӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактаб» ва «Забонҳои хориҷӣ» бо  51 ном  780-то маҳфил  дар 2206 гурӯҳ  фаъолият мебарад ва  21 884 нафар хонанда ҷалб шудаанд.

– Ба аъзоёни маҳфилҳо асосан киҳо машғулот мегузаранд?

– Марказ дар заминаи мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод» таъсис дода шуда, албатта, дар ин ҷо  мутахассисони соҳа, ки дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои шабакавӣ ташкил кардаанд,  машғулот мегузаранд.
Ба қарибӣ, дар шаҳри Тошканд  таҳти шиори «Сифат дар таълим, шаффофият дар интихоб» семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ оид ба интихоби довталабон барои вазифаи мушовири  мактаб дар мактабҳои таълими умумӣ ташкил карда шуд. 
Дар чорабинӣ дар бораи корҳои анҷомдодашуда, вазифаҳои дарпешистода ва нақшаҳои оянда суханронӣ карданд.
Дар доираи семинар аз ҷониби масъулон дарсҳои мастер-класс оид ба масъалаҳои молиявӣ дар ташкили фаъолияти марказҳои минтақавии «Келажак» ташкил карда шуд. Дар бораи корҳое, ки дар марказҳо анҷом дода шудаанд ва нақшаҳои дурнамои оянда муаррифӣ шуданд. 
Баъди семинари ҷумҳурӣ ба хулоса омадем, ки барои гузаронидани машғулотҳо  мураббиён ва роҳбарони маҳфил  ба талабҳои стандартӣ бояд ҷавоб дода тавонанд. Бо ин мақсад довталабоне, ки дар ин соҳа хоҳиши кор кардан доштанд, аз  санҷиш гузаронида шуданд. Аз 340 мактаби таълими умумии вилоят 1240 нафар талабгор ҳуҷҷат супорида буд. 13-14 феврал  дониши онҳо бо санҷида шуд. Баъди натиҷаи ҷавоби тест 715 нафарашон аз суҳбат гузаронида шуданд. Дар ҷараёни суҳбат маълум шуд, ки ҷавонони ҳозира ҳозирҷавобу лаёқатманданд ва боварӣ дорем, ки онҳо дар рафти кор ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.

Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: