Мушовирони мактаб: киҳоро интихоб мекунанд

Дар солҳои охир дар низоми маорифи Ӯзбекистон тағйироти муҳим ба амал меояд.

Ҳадаф аз ин ислоҳот танҳо нав кардани барномаҳо ё беҳтар сохтани инфрасохтор нест, балки сохтани чунин муҳити таълим аст, ки хонанда дар он ҳам дониш гирад, ҳам қобилияту истеъдодашро ошкор кунад, ҳам малакаҳои ҳаётӣ ва касбиро аз бар намояд. Дар ҳамин замина, дар мактабҳои давлатӣ лавозими нав – «мушовири мактаб» ҷорӣ карда мешавад. Ин вазифа ба дастгирии ташаббусҳои хонандагон, рушди иқтидор ва ҳамоҳангсозии корҳои беруназсинфӣ равона гардида, барои татбиқи як низоми ягонаи амудӣ  дар фаъолияти мактаб хизмат мекунад.

Бо забони сода, мушовири мактаб шахсе мешавад, ки на танҳо ба хонанда маслиҳат медиҳад, балки тамоми равандҳои марбут ба маҳфил, чорабинӣ, лоиҳаҳои рушди қобилият ва роҳнамоии хонандагонро ҳамоҳанг мекунад. Ҳадаф он аст, ки дар ҳар мактаб як шахси масъул бошад, ки ба хонанда кумак кунад: кадом самтро интихоб намояд, аз куҷо оғоз кунад, чӣ гуна имкониятҳои таълимии мавҷударо истифода барад ва чӣ гуна худро барои мақсадҳои калонтар – аз олимпиада то дохилшавӣ ба мактабҳои махсус омода созад. Дар ин маврид бо мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Камола Шамиева суҳбат оростем, ки фишурдаи он пешкаши хонанда мегардад.

– Чаро ба мактаб чунин мутахассис лозим аст?

– Таҳлил нишон медиҳад, ки аксар вақт имкониятҳо ҳастанд, вале механизмҳои истифодаи онҳо дар ҳама мактабҳо яксон нестанд. Дар баъзе мактабҳо маҳфилҳо хуб ташкил мешаванд, дар ҷойи дигар имкониятҳо камтар истифода мегарданд. Баъзан мушкилӣ на дар набудани имконият, балки дар набудани роҳнамоӣ аст: хонанда намедонад, ки кадом маҳфил ба ӯ мувофиқ, чӣ гуна иштирок кунад, ё барои азхуд кардани STEM, забонҳои хориҷӣ, шоҳмот, дизайн, медиасаводнокӣ ва дигар самтҳо аз куҷо оғоз намояд. Дар чунин шароит мушовири мактаб метавонад ҳамин «холигӣ»-ро пур кунад.
 Илова бар ин, имрӯз маориф танҳо бо дарси синфӣ маҳдуд намешавад. Ҷомеа аз хонандаи имрӯза на танҳо дониши китобӣ, балки қобилияти муошират, кор бо иттилоот, саводи рақамӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагӣ ба ҷаҳонбинии муосирро талаб мекунад. Мушовир дар мактаб метавонад шахсе бошад, ки ба хонандагон барои ташаккули ин малакаҳо шароит фароҳам созад – на бо сухан, балки бо ташкил ва роҳнамоии амалии лоиҳа, маҳфил ва чорабиниҳои рушди қобилият.

– Доир ба фаъолияти «Марказҳои оянда» ва ҷойгоҳи онҳо дар низоми нав чанд сухан мегуфтед.

– Дар доираи ислоҳоти соҳа дар кишвар «Марказҳои оянда» таъсис меёбанд. Ин марказҳо дар заминаи муассисаҳо ва ташкилотҳои мавҷуда ташкил шуда, ба таври ихтисосӣ фаъолият мекунанд. Мақсади онҳо рушди истеъдод ва шавқу завқи хонандагон дар самтҳои гуногун аст. Дар чунин марказҳо, аз ҷумла, тайёрӣ барои мактабҳои Президентӣ ва мактабҳои эҷодӣ, STEM, илму фан, маҳфилҳои инклюзив ва эҷодӣ, забонҳои хориҷӣ ва шоҳмот пешбинӣ мешавад.
   Фарқ дар он аст, ки ин марказҳо танҳо «макон» нестанд, балки бояд ба як шабакаи густурда табдил ёбанд. Яъне маҳфилҳо ва имкониятҳои онҳо бояд ба мактабҳо ҳам расанд. Маҳз дар ҳамин ҷо мушовири мактаб ҳамчун пайвандкунанда ва ҳамоҳангсоз нақши асосӣ мегирад. Ӯ вазифадор мешавад, ки дар мактаб фаъолияти «маҳфилҳои соҳавӣ» – маҳфилҳои шабакавии марказҳоро ташкил кунад, хонандагонро ҷалб намояд ва бо мутахассисон ҳамкорӣ кунад.
 Дар баъзе вилоятҳо ташкил шудани «Базаҳои сайёҳии кӯдакон» дар назди марказҳо низ дар назар аст. Ин ҷузъиёти муҳим аст, зеро маорифи муосир танҳо бо синфхона маҳдуд намешавад: саёҳат, таҷрибаомӯзӣ, муҳити табиӣ ва омӯзиши амалӣ низ як қисми тарбия ва рушди шахсият мегардад. Агар ин тарҳҳо дуруст татбиқ шаванд, метавонанд барои ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи ҳаётии хонандагон таъсири хуб расонанд.

– Вазифаҳои мушовири мактаб — моҳият ва мазмун аз чӣ иборат аст?

– Моҳияти вазифаи мушовири мактабро метавон дар як ҷумла ҷамъбаст кард: дастгирии ташаббусҳои хонандагон ва сохтани муҳити рушди истеъдод дар мактаб. Вале барои дарк кардани он, ки ин кор дар амал чӣ гуна мешавад, бояд ба мазмуни вазифаҳо назар кард.
Аввалан, мушовир дар мактаб раванди маҳфил ва фаъолиятҳои беруназсинфиро ба танзим медарорад. Маҳфилҳо танҳо барои «гузаштани вақт» нестанд, балки бояд ба рушди малакаҳои мушаххас хизмат кунанд. Масалан, агар маҳфили STEM бошад, хонанда на танҳо формула ё қоида меомӯзад, балки лоиҳа месозад, масъала ҳал мекунад, таҷриба мегузаронад ва тафаккури муҳандисиро инкишоф медиҳад. Агар маҳфили забон бошад, танҳо грамматика не, балки муошират, навишт, пешниҳоди фикр, баромад ва хондан бо фаҳмиши матн омӯзонида мешавад. Мушовир вазифадор мешавад, ки чунин раванди ҳадафмандро ташкил кунад.
Дуюм, мушовир ба хонандагон дар интихоби самт кумак мекунад. Дар амал бисёр хонандагон иқтидор доранд, вале роҳ намеёбанд. Як нафар ба илм шавқ дорад, вале намедонад аз куҷо олимпиадаҳоро сар кунад. Дигаре ба санъат ё дизайн майл дорад, вале дар мактаб муҳити дуруст намеёбад.
Сеюм, вазифаи мушовир ба ташаккули малакаҳои коммуникативӣ ва ташкилотчигии хонандагон низ дахл дорад. Ин ҷо сухан танҳо дар бораи «гуфтугӯ» намеравад. Масалан, хонанда бояд тавонад фикрашро равшан баён кунад, дар гурӯҳ кор кунад, нақша кашад, масъулият гирад, дар пеши ҷамъият баромад кунад, чорабинӣ ташкил намояд ва ташаббус нишон диҳад. Ин малакаҳо дар оянда – хоҳ дар донишгоҳ, хоҳ дар кор – бисёр заруранд. Мушовир вазифадор мешавад, ки чунин муҳитро ба вуҷуд оварад.
Чорум, дар вазифаҳои мушовир масъалаи медиасаводнокӣ ва саводнокии рақамӣ ҷойи муҳим дорад. Дар асри интернет хонанда бояд аз иттилооти зиёде, ки ҳар рӯз мебинад, ба таври дуруст истифода барад. Ӯ бояд фарқ кунад, ки кадом маълумот боэътимод аст, кадомаш не, чӣ гуна аз манбаъҳо истифода кунад, чӣ гуна амнияти рақамиро риоя намояд ва чӣ гуна бо воситаҳои муосир (аз платформа то барномаҳои омӯзишӣ) кор барад.
Панҷум, мушовир дар мактаб шарҳи мазмун ва имкониятҳои барномаи миллии «Фарзандони боиқтидори Президент»-ро ба уҳда мегирад. Ин барнома ба маънои дастгирии истеъдодҳо ва роҳ кушодан барои онҳо ба имкониятҳои бештар мебошад.

– ERP.Portfolio: портфолиои электронӣ ва аҳамияти он аз чӣ иборат аст?

Яке аз навовариҳои муҳим дар ин раванд ташкил шудани платформаи ERP.Portfolio дар мактабҳост. Ин платформа барои хонандагони синфҳои 1–11 базаи портфолио месозад ва онро мушовир пеш мебарад. Аз соли таҳсили 2028–2029 маълумоти портфолио дар шаҳодатномаи мактабӣ қайд мегардад.
Портфолио маънои онро дорад, ки хонанда танҳо бо баҳоҳои синфӣ баҳогузорӣ намешавад, балки дастовардҳои ӯ дар лоиҳа, олимпиада, маҳфил, фаъолиятҳои эҷодӣ ва варзишӣ ҳам сабт мешаванд.

– Киҳоро ба вазифаи мушовири мактаб интихоб мекунанд?

– Азбаски ин вазифа масъулиятнок аст ва маоши он бо муовини директор баробар карда мешавад, интихоби кадр бояд ҷиддӣ бошад. Барои мушовир шахсе лозим аст, ки ҳам муҳити мактабро бифаҳмад, ҳам малакаҳои ташкилотчигӣ дошта бошад, ҳам бо технология кор карда тавонад ва ҳам бо хонандагон «забон ёбад».
Дар маълумоти расмӣ гуфта мешавад, ки барои онҳое, ки сертификати менеҷерӣ доранд, иловапулӣ (30%) пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки давлат мехоҳад ба ин вазифа кадрҳои қобили идоракунӣ ва ташкилотчигиро ҷалб намояд. Аммо сертификат танҳо ҳуҷҷат аст, муҳимтар аз ҳама қобилияти воқеӣ ва муносибат ба кор мебошад.

– Нуктаҳои муҳими таҳлилӣ: имконият ва хавфҳои он чӣ гуна буда метавонанд?

– Ҷорӣ шудани вазифаи мушовири мактаб метавонад имкониятҳои зиёд кушояд, аммо баъзе хавфҳо ҳам вуҷуд доранд. Агар ин вазифа ба корҳои зиёди ҳисоботӣ вобаста шавад, мушовир метавонад вақти асосиро аз даст диҳад, вақт барои кор бо хонандагон кам мемонад. Агар кадрҳо бе омӯзиши кофӣ интихоб шаванд, дар баъзе мактабҳо вазифа формалӣ мешавад. Агар ERP.Portfolio бе меъёрҳои шаффоф пеш бурда шавад, эҳтимоли пур кардани расмӣ ё рақобати носолим пайдо мешавад.
Барои пешгирии ин хавфҳо чанд чиз муҳим аст: омӯзиши ягона ва методикаи равшан барои мушовирон, кам кардани ҳисоботбозии нолозим, назорати шаффофияти портфолио ва муҳимтар аз ҳама – нигоҳ доштани ҳадафи асосӣ: дастгирии на танҳо фаъолони пешсаф, балки ҳар хонанда.
Агар интихоби кадрҳо ҷиддӣ сурат гирад, вазифаҳо равшан бошанд ва мушовир воқеан бо хонанда кор кунад, мактаб метавонад ба муҳити рушди шахсият табдил ёбад – муҳите, ки дар он хонанда соҳиби иқтидор, мақсад ва роҳ ба оянда мешавад.

Суҳбатнигор  Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик». Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: