Занону духтарони мо дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият доранд. Гарчанде бонувон бо мардон баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти онҳо бештар эҳсос мегардад.
Барои он, ки занон ба илму ихтироъкорӣ машғул шаванд, пеш аз ҳама бояд вазифаи аввалиндараҷаи худро, ки дар хона бар дӯши онҳост, иҷро намоянд. Аз ҷумла, тарбияи дурусти фарзанд, ба тартиб овардани хонаву дар, пухту паз, шустушӯй, омода кардани таом ва ғайра. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, занону духтарони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз сафи мардон қафо намонанд. Имрӯзҳо рушду нуфузи тамоми соҳаҳо бидуни иштироки занон тасаввурнопазир аст. Албатта, дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Роҳбари давлат аст, ки занону духтарон дар ҷомеа мавқеи назаррас пайдо намудаанд. Инчунин, санаи таърихи 11 феврал дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи байналмилалии бонувон дар соҳаи илм» эълон гардид. Ин рӯз барои бартараф кардани монеаҳо ва кумак расонидан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътирофи саҳми занон дар рушди илм ва корҳои илмию ихтироъкории онҳо таъсис дода шуд.
Ба ҳамин муносибат дар Кумитаи доир ба муносибатҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ таҳти мавзӯи «Зан ва илм: роҳ ба сӯйи ҷомеаи устувор» анҷуман баргузор шуд. Дар он депутат, олиму шоиру нависанда, журналистон ва аҳли зиё, ки ҳама намояндагон аз бонувон буданд, иштирок карданд.
– Мо кормандони илм, занҳои ихтироъкор хурсанд аз он ҳастем, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон озодона кор ва фаъолият дорем, ки ин ҳама бо дастгирии роҳбари давлатамон мебошад. Мехоҳам нуктаеро қайд намоям, ки Сарвари давлат дар яке аз паёмҳои худ зикр намуда буданд, ки « То он вақте, ки ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам». Ин гуфтаҳо худ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки таваҷҷуҳи роҳбари давлат нисбати пешбурди сиёсати занон басо назаррас аст.Мо занони насли истиқлол, кормандони илм, ихтироъкор бо як ифтихори баланд шукр аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба имзо расидааст, ки иҷрои он таҳти назорати давлат аст. Мо аз он ифтихор мекунем, ки чунин Президенти ғамхор дорем. Пас аз ин моро месазад, ки баҳри ободии ин сарзамин, ин давлати биҳиштосо саҳми худро гузорем ва намунаи насли наврас бошем, – гуфт дар баромади худ роҳбари раёсати баланд бардоштани фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии занон, рушди илм ва таъмини баробарии гендерии Кумитаи кор бо оила ва занони ҷумҳурӣ Ӯғилой Ӯрозова.
Дар чорабинӣ депутат, аъзои Кумитаи оид ба соҳибкорӣ, рушди рақобат ва масъалаҳои саноати Палатаи қонунгузорӣ Нодира Ҷонибекова таҳти мавзӯи «Нақши занони парламент дар рушди Ӯзбекистони Нав», доктори фанҳои таърих, роҳбари шуъбаи Кумитаи доир ба муносибатҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Саодат Давлатова таҳти мавзӯи «Саҳми занон дар соҳаи илм дар таъмини сулҳу таҳаммулпазирии байни миллатҳо», раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова ва раиси Маркази миллӣ-мадании туркманҳои ҷумҳурӣ Гулдана Авездурдиева таҳти мавзӯи «Саҳми занону духтарон дар рушди баланд бардоштани фаъолнокии марказҳои миллӣ-фарҳангӣ» баромад карданд.
Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».