Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд

  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд
  • Имкониятҳои иловагии дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муайян гардиданд

Дар қароргоҳи Кўксарой мулоқоти Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ тавассути студияҳои Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд зиёда аз 60 ҳазор ҷавонон иштирок намуданд.

Сарвари давлат ҳозиринро самимона табрик карда, таъкид намуд, ки беш аз 22 миллион ҷавони кишвар неруи бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошанд. Гуфта шуд, ки роҳбарони тамоми сатҳҳо бояд дар самти бозомӯзии забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар, ҷалб ба варзиш, дастгирии ғоя, лоиҳа ва стартапҳои ҷавонон, соҳиби ҷойи кор ва даромад намудани онҳо боз ҳам фаъол амал намоянд ва ҳеҷ як писару духтарро бе таваҷҷуҳ нагузоранд.

Дар натиҷаи имкониятҳое, ки дар давоми солҳо фароҳам гардиданд, ҷавонони мо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ 66 медали тилло, 147 нуқра ва 221 биринҷӣ ба даст овардаанд. Шумораи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Гарвард, Йел, Принстон, Колумбия, Корнелл таҳсил доранд, аз 500 нафар, теъдоди писару духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шомили ТОП-100 таълим мегиранд, аз 3,5 ҳазор нафар афзуд.

63 лоиҳаи стартап, ки ҷавонони мо офаридаанд, ба бозорҳои ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва Амороти Муттаҳидаи Араб роҳ ёфтаанд. Варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 720 медали тилло, 671 нуқра ва 854 биринҷӣ гардиданд. Имрӯз соҳибкорони ҷавон 35 фоизи аҳли тиҷорати кишварро ташкил медиҳанд.

Ба ҳамин далел, беҳуда нест, ки Ӯзбекистон дар Индекси ҷаҳонии рушди ҷавонон чун яке аз кишварҳое, ки босуръат пеш меравад, эътироф шудааст. Соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд таъсис ёфтани қароргоҳи асосии Ҳаракати ҷавонони ҷаҳон барои сулҳ, дар шаҳри Самарқанд баргузор гардидани Конфронси 12-уми глобалии аъзои парлумонҳои ҷавонон, ҳамоиши байналмилалии стартапии “Take Off” ва Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот, ин мақомро боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳар сол 600 ҳазор ҷавон ба бозори меҳнат ворид мегардад ва то соли 2030 ин нишондиҳанда ба 1 миллион хоҳад расид. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои ҷавонон ҷиҳати дарёфти кори мувофиқ ба қобилият ва шавқмандӣ чун масъалаи муҳим арзёбӣ шуд.

Тибқи натиҷаи пурсиш миёни ҷавонон, аз се як ҳиссаи онҳо хоҳиши соҳибкор шудан доранд.

Таъкид гардид, ки соли гузашта барои таъмини шуғли ҷавонон ба бонкҳо ва Агентии корҳои ҷавонон 400 миллион доллар ҷудо гардида, дар доираи барномаҳои «Тиҷорати ҷавонон» ва «Қадам ба оянда» 15 ҳазор ҷавон фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ монда, 50 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин намуданд.

Эълон гардид, ки ҳамчун идомаи ин корҳо барои дастгирии соҳибкории ҷавонон 200 миллион доллари иловагӣ ҷудо мешавад.

Имкониятҳои маблағгузорӣ васеъ мегардад: ҳаҷми кредит барои ҷавононе, ки худро бо шуғл фаро мегиранд, аз 100 миллион то 300 миллион сӯм зиёд карда мешавад. Барои лоиҳаҳои соҳибкорони ҷавон то 10 миллиард сӯм кредит пешниҳод хоҳад шуд. Дар лоиҳаҳои стартапи инноватсионӣ то 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ иҷозат дода мешавад. Барои ҷавононе, ки ба кушодани филиал бо роҳи гирифтани франшиза аз брендҳои маҳаллӣ, ки дар бахшҳои хидматрасонӣ ва хӯроквории умумӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ таъсис додаанд, завқ доранд, бастаҳои мусоиди маблағгузорӣ ҷорӣ мегардад.

Аз соли ҷорӣ Барномаи «Соҳибкори оянда» оғоз гардида, ба соҳибкорони ҷавон тақдими кредити 15-фоизӣ ба муҳлати 7 сол роҳандозӣ мешавад. Бахусус,  ба ҷавононе, ки худро бо шуғл фаро гирифтаанд, бидуни гарав то 20 миллион сӯм, ба онҳое, ки таҷрибаи соҳибкорӣ доранд ва тиҷорати худро оғоз менамоянд, то 300 миллион сӯм, барои ононе, ки мехоҳанд фаъолияти худро густариш диҳанд, то 2 миллиард сӯм ва ба соҳибкороне, ки дастикам 5 хатмкунандаро ба кор мегиранд, то 10 миллиард сӯм кредит дода мешавад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки 30 фоизи ҷавонон, ки нав ба соҳибкорӣ шурӯъ мекунанд, аз сабаби набудани малакаҳои тиҷоратӣ бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, дар ҳар як минтақа "Инкубатори тиҷорати ҷавонон" таъсис дода мешавад, ки хидматҳои маҷмӯиро бобати омӯзиши соҳибкорӣ, табдили ғоя ба тиҷорат, муҳосибот, бонкдорӣ, маркетинг ва ворид шудан ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мекунад.

Гуфта шуд, ки донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ барои ҳамкорӣ ҷиҳати таълими ҷавонон ба соҳибкорӣ дар асоси таҷрибаҳои пешқадам омодаанд ва тасмим гирифта шуд, ки Барномаи «Соҳибкорони насли нав» барои омӯзиши ҳадди ақал 40 ҳазор ҷавон ба тиҷорат роҳандозӣ мешавад. Барои лоиҳаи ҳазор нафар ҷавони беҳтарине, ки барномаро бомуваффақият хатм мекунанд, барои се сол то 200 миллион сӯм ссуда бо фоизи 7 дарсад дода мешавад.

Ҳар сол озмуни «Соҳибкорони ҷавон» гузаронида шуда, барои ба бренд табдил додани 100 лоиҳаи беҳтарин аз бунёди «Ёшлар венчурс» то 1 миллиард сӯм ҷудо мегардад.

Аз 1 март барои соҳибкорони ҷавоне, ки нав ба кор шурӯъ мекунанд, хароҷоти хидматҳои давлатии марбут ба пайвастшавӣ ба инфрасохтор аз ҳисоби Хазинаи соҳибкории ҷавонон пардохт карда мешавад.

Дар самти ташаббусҳои иҷтимоӣ таҷрибаи истироҳатгоҳи инклюзивии «Фикратро бигӯ (Voice Up)» густариш ёфта, аз рӯйи дар ҳар як минтақа гузаронидан ва фаро гирифтани ҳазор нафар ҷавонон, инчунин, бо иштироки ташаббусҳои беҳтарин дар шаҳри Самарқанд таъсис додани истироҳатгоҳи байналмилалии ҷавонони инклюзив вазифаҳо гузошта шуданд.

Дар доираи лоиҳаи «Рушд ва пешрафт (Upshift)» низ имсол дар бахшҳои медиа, дизайн, ҳунармандӣ, истеҳсол ва инноватсия озмунҳо гузаронида мешавад. Барои маблағгузории 40 стартапи беҳтарин 2 миллиард сӯм ҷудо мегардад.

Аз рӯйи дар асоси талаби корфаромён нав кардани барномаҳои таълимӣ, густариш додани фарогирӣ бо таълими дуалӣ ва беҳтар кардани пойгоҳи моддиву техникӣ дар техникумҳо вазифаҳо баён гардиданд.

Ба мактабҳои техникӣ низ мисли донишгоҳҳо иҷозат дода мешавад, ки «spin-off» боз намоянд ва барои лоиҳаҳои стартапии донишомӯзон то 1 миллиард сӯм ҷудо мегардад. Соли ҷорӣ барои донишомӯзони техникумҳо низ дар асоси барномаи «Кор кун ва саёҳат намо (Work and travel)» имкони тӯли 6 моҳ дар хориҷ кор кардан ва даромади иловагӣ ба даст овардан фароҳам мегардад, барои хароҷоти роҳкирои иштирокдорон ссуда ҷудо карда мешавад.

Таъкид гардид, ки механизми дастгирии ҷавонони дорои сертификати забонҳои хориҷӣ натиҷаи мусбат дода, шумораи ҷавонони сертификатдор аз 600 ҳазор нафар афзудааст, 72 ҳазор омӯзгор, ки забонҳои хориҷиро мукаммал медонанд, омода гардидааст. Шумораи марказҳои таълимии хусусӣ се баробар афзуда, аз 38 ҳазор гузаштааст.

Ташаббуси таъсиси Иттиҳодияи марказҳои таълимии хусусӣ дастгирӣ ёфта, соҳибкороне, ки биноҳои худро ба марказҳои узви ин иттиҳодия ба иҷора медиҳанд, аз пардохти андози даромад ва фоида, ки аз иҷора ба даст меоянд, озод мегарданд. Ҳамчунин, таҷрибаи барои такмили ихтисос ба марказҳои пешрафтаи таълимӣ фиристодани омӯзгорони чунин муассисаҳо роҳандозӣ мешавад.

Дар доираи барномаи «Кӯмак» барои густариши фаъолияти марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар минтақаҳои дурдаст ва камаҳолӣ то 300 миллион сӯм қарзи бефоиз тақдим мегардад. Марказҳои таълимии минтақаҳои дурдаст андози иҷтимоиро ба андозаи 1 фоиз ва омӯзгорон андози даромадро 7,5 фоиз пардохт мекунанд (ҳозир 12 фоиз).

Барои марказҳое, ки дар минтақаҳо ҷавонони оилаҳои ниёзмандро ройгон таълим медиҳанд, имтиёзҳои иловагӣ дода мешавад: аз пардохти андози замин ва молу мулк озод гардида, нисфи хароҷоти коммуналӣ ҷуброн карда мешавад. Андози даромад ва андози иҷтимоие, ки барои омӯзгорон пардохт мегардад, ба шакли «кешбек» баргардонида мешавад.

Ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ) эътибори алоҳида дода шуд. Дар натиҷаи фароҳам гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ дар мамлакат шумораи ихтиёриёни ҷавон панҷ баробар афзуда, теъдоди онҳо дар самтҳои экология, хизматрасонии тиббӣ, таълим ва кумак дар ҳолатҳои фавқулодда аз 100 ҳазор нафар гузаштааст.

Бо мақсади рушди ҳаракати ихтиёрӣ таъсиси Шӯрои васоят ва дар назди Агентии корҳои ҷавонон ташкили “Фонди дастгирии волонтёрӣ” ба нақша гирифта шуд. Ба ин фонд ҳамасола аз буҷети давлатӣ 20 миллиард сӯм ва иловатан аз буҷетҳои маҳаллӣ 3 миллиард сӯмӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо ба лоиҳаҳои ихтиёрӣ то 100 миллион сӯм грант дода шуда, низоми холгузорӣ тавассути «корти фаъолияти иҷтимоӣ» ҷорӣ мегардад.

Дар ҷамъомад масъалаҳои дастгирии оилаҳои ҷавон ва тарғиби фарҳанги китобхонӣ низ баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки дар доираи Барномаи ипотекаи манзил барои оилаҳои ҷавон қисми фоизи кредит, ки аз 14 дарсад зиёд аст, аз ҳисоби буҷет пардохт карда мешавад.

Тавассути Бунёди «Рушди фарҳанги китобхонӣ» ба нависандагони боистеъдод фармоиши эҷодӣ дода шуда, дар давоми як сол ҳар моҳ 20 миллион сӯм ҳаққи қалам пардохт мегардад. Ҳамчунин, нисфи хароҷоти тарҷума ва нашри беҳтарин осори хориҷӣ ба забони ӯзбекӣ ва адабиёти миллӣ ба забонҳои хориҷӣ ҷуброн карда мешавад.

Вазифа гузошта шуд, ки то оғози соли нави таҳсил маҷмӯаи 100 асари беҳтарин омода ва ба ҳамаи мактабу техникумҳо расонида шавад ва хонандагони китобхони аз ҳама фаъол бо мукофоти 10 миллион сӯм қадрдонӣ гарданд.

Ба соҳибкороне, ки китобхона, «book cafe» ё мағозаи китоб таъсис дода, дар як моҳ беш аз 10 ҳазор нусха китоб мефурӯшанд, барои се сол то 1 миллиард сӯм бо фоизи 7 дарсад ссуда дода мешавад.

Ҳамчунин, барои зудтар ба ҷамъият мутобиқ гардидани ҷавононе, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазо баргаштаанд, лоиҳаи «Имкони дуюм» оғоз мегардад. Дар доираи он дар курсҳои фишурдаи 8–12-моҳа барои барномасозӣ, веб-дизайн, муҳандисии компютерӣ, дигар касбу забонҳои хориҷиро омӯхта, кори сердаромад пайдо кардани онҳо шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари давлат бо ҷавонон суҳбат карда, пешниҳод ва ташаббусҳои онҳоро оид ба соҳаҳои гуногун шунид.
Дар идомаи чорабинӣ ҳисоботи масъулон низ шунида шуд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: