Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчинро, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, қабул намуд.
Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом саломи самимӣ ва таманноҳои неки Президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба Сарвари давлати мо расонд.
Масъалаҳои мубрами тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Беларус дар доираи татбиқи мувофиқаҳои сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сатҳи баланди ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи савдою иқтисод ба даст омадааст. Тибқи натиҷаҳои соли гузашта гардиши мол 25 дарсад афзоиш ёфта, ба қариб 1 миллиард доллар расид. Ҳамкории корхонаҳои пешсаф дар соҳаҳои авлавиятнок низ васеъ мегардад.
Зарурати ташкили рӯзномаи нави иқтисодӣ аз ҳисоби пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинасозӣ, электротехника, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳо таъкид гардид.
Ҳамчунин ба зарурати фаъолсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ ишора гардид.