Саволе ба вуҷуд меояд, ки имрӯз дар Ӯзбекистон омӯзгорони фанни ҷуғрофия бояд чӣ гуна бошанд?
Аксари хонандагони мактаб метавонанд номи телефонҳои нав ё барномаҳои рақамиро ном баранд, аммо ҳангоми пурсиш дар бораи уқёнус, қитъа, дарё ё кӯҳҳои бузурги ҷаҳон даступо мехӯранд. Ин ҳолат тасодуфӣ нест. Он нишон медиҳад, ки дар таълим аз як занҷири муҳими маърифатӣ дур шудаанд. Ин занҷир харита мебошад. Зеро маҳз харита аст, ки тамоми ин донишҳоро ба як низоми воҳид мепайвандад. Бе харита маълумот пора-пора мемонад ва ҷаҳон дар зеҳни хонанда шакли муназзам намегирад.
Агар аз хонандаи имрӯз пурсанд, ки чанд уқёнус вуҷуд дорад ё фарқи байни уқёнуси Ором ва Атлантика дар чист, аксар вақт ҷавоб норавшан аст. Ҳол он ки уқёнусҳо танҳо об нестанд. Онҳо иқлим, обуҳаво, бод, боришот ва ҳатто иқтисоди ҷаҳонро муайян мекунанд. Масалан, ҷараёнҳои уқёнусӣ сабаб мешаванд, ки Аврупои Ғарбӣ нисбат ба ҳамон арзҳои ҷуғрофии Канада гармтар бошад. Бе фаҳмиши харита ва ҷойгиршавии уқёнусҳо, ин воқеият барои хонанда танҳо як ҷумлаи китоб мемонад, на дониш.
Ҳамин ҳолат дар бораи қитъаҳо низ дида мешавад. Бисёр хонандагон медонанд, ки Африқо гарм аст, аммо намедонанд, ки чаро он қитъа аз ҳама бештар нури Офтоб мегирад. Ё медонанд, ки Осиё бузургтарин қитъа аст, аммо тасаввур намекунанд, ки чӣ гуна гуногунрангии табиӣ ва иқлимии он аз Ҷопон то Ховари Миёна тӯл мекашад. Харита бояд ин фарқиятро нишон диҳад, муқоиса кунад ва хонанда хулоса барорад, аммо дар амал аксаран чунин намешавад.
Дар чунин шароит нақши омӯзгори ҷуғрофия ҳалкунанда аст. Омӯзгори қавӣ метавонад бо як харита дарси таърих, иқтисод, экология ва ҳатто сиёсати ҷаҳониро шарҳ диҳад. Аммо воқеият талх аст: имрӯз чунин омӯзгорон каманд. Дар бисёр мактабҳо ҷуғрофия ҳамчун фанни дуюмдараҷа пазируфта мешавад, дар ҳоле ки дар асл он калиди фаҳмиши тамоми ҷаҳон аст. Дар бисёр ҳолатҳо дар мактаб харита ҳамчун воситаи ёдгирӣ истифода мешавад: номҳои кишварҳо, пойтахтҳо, кӯҳҳо ва дарёҳо. Аммо чунин муносибат моҳияти аслии харитаро маҳдуд месозад. Дар асл, омӯзиши харита бояд хонандаро ба фикр кардан водор кунад. Харита талаб мекунад, ки хонанда муқоиса намояд, савол диҳад, сабаб ва натиҷаро ҷустуҷӯ кунад. Дар оянда талаб ба омӯзгороне, ки тафаккури таҳлилӣ, дониши васеъ ва методҳои муосир доранд, бешак меафзояд.
Дар кишварҳои пешрафта чун дар ИМА, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Туркия маҳз барои пешгирӣ аз чунин иштибоҳҳо дар мактабҳо харита бо методҳои қавӣ омӯзонда мешавад. Хонанда на танҳо харитаро мебинад, балки онро таҳлил мекунад, чаро сарҳадҳо тағйир ёфтаанд, чаро муноқишаҳо дар минтақаҳои гуногун рух медиҳанд, чаро захираҳои табиӣ сиёсати давлатҳоро дигар мекунанд. Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон, ҷангҳо, муҳоҷират, бӯҳронҳои иқлимӣ бидуни фаҳмиши харита умуман дарк намешавад. Харита хонандаро водор мекунад, ки ҷаҳонро ҳамчун як низоми мураккаб бубинад.
Масъалаи дигар – донишҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ки бе харита маънои худро гум мекунанд. Имрӯз бисёр хонандагон намедонанд, ки номи кишвари Колумбия аз номи Христофор Колумб гирифта шудааст, ё намепурсанд, ки чаро қитъаи Амрико ба номи Колумб не, балки ба номи Америко Веспуччӣ гузошта шудааст. Сабаб дар он аст, ки кашфиёти ҷуғрофӣ бе харита омӯзонда мешавад. Ҳол он ки агар хонанда ҳаракати баҳрнавардон, роҳҳои сафар, масирҳои обӣ ва ҷойгиршавии қитъаҳоро дар харита бубинад, таърих зинда мегардад, на суханҳои хушку холӣ.
Масъалаи ҷиддии дигар – фарқи байни харита ва глобус. Глобус шакли воқеии Заминро нисбатан дуруст нишон медиҳад, дар ҳоле ки харита маҷбур аст сатҳи гирдро ба ҳамвор табдил диҳад. Аз ҳамин сабаб, дар бисёр харитаҳо Гренландия аз Ҳиндустон ё Австралия калонтар менамояд, ё кишварҳои шимолӣ бузург нишон дода мешаванд (дар асл хурд мебошад). Агар омӯзгор инро шарҳ надиҳад, хонанда гумон мекунад, ки ҷаҳон воқеан чунин аст. Ин ҷо на танҳо хатои ҷуғрофӣ, балки хатои ҷаҳонбинӣ ба вуҷуд меояд.
Салоҳиддин ҶАҲОНГИРЗОДА.