Зеҳни сунъӣ ва рушди он

Зеҳни сунъӣ ба рушди мошинсозӣ ва технологияҳои автоматиконидашудаи идоракунӣ вобаста буда, аз ҷониби одамон офарида ва идора карда мешавад.

Зеҳни сунъиро ҳамчун як шакли мошин ва ё компутер дар шароити замони муосир муайян кард, ки фаъолияти он ба таври тақлидӣ ба асоси функсияҳои маърифатии инсон, аз ҷумла тафаккур сурат мегирад.
Мафҳуми интеллект (intellect) аз калимаи лотинӣ пайдо шуда, маънои «зеҳн, ақл, хирад, шуур, фаҳмидан ё дарк кардани малакаҳои фикрронӣ»-ро ифода мекунад. Зеҳн ё худ интеллект яке аз мураккабтарин мафҳумҳои психологӣ аст. Ҳарчанд равоншиносон дар маҷмӯъ муътақиданд, ки зеҳн на ашё ва ё чизи мушаххас (муайян), балки натиҷаи фаъолияти маънавии инсон аст, ки маҳсули он мафҳум ё худ ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи чизе ва ҳодисае мебошад, бояд иқрор шуд, ки доир ба мавзӯъ ҳанӯз саволҳои беҷавоб бисёранд.
Тавлиди зеҳни сунъӣ баъди сохтани мошини электронии ҳисоббарор дар солҳои 40-уми асри ХХ аз ҷониби Норберт Винер ва пайдоиши илми наве бо унвони кибернетика имконпазир гардид.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи нави илм ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетика.
Нейрокибернетика аз сохтани таҷҳизоти «зеҳнӣ» иборат буда, он бояд бо ягон тарзе сохтори муайяни (мағзи сари) инсонро аз нав ба вуҷуд оварад.
Кибернетика илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.
Олими шинохтаи англис Алан Норинг соли 1950 мақолаеро бо унвони «Оё мошин фикр карда метавонад?»-ро интишор намуд. Дар он зикр шудааст, ки ҳоло бо «тести Тюринг» баҳо додани «Зеҳниятнокӣ»- и компутер доир ба муоширати мулоҳизакорона имконпазир гаштааст.
Нахустин шабакаҳои нейронӣ дар охири солҳои 50-уми садаи ХХ пайдо шуданд. Дар соли 1957 аз тарафи Ф. Розенблатт кӯ-шиши сохтани системае ба харҷ дода шуда буд, ки тартиби моделсозии чашми инсонро эҷод намояд ва ҳамкории онро бо майнаи сарперсепторон ба роҳ монад.
Яке аз тадқиқотчии намоёни зеҳни сунъӣ Р. Бенерҷи соли 1969 навишта буд:  «Доираи тадқиқоте, ки зеҳни сунъӣ номида мешуд, ба монанди маҷмӯаи методҳо, инчунин, сохтани мошинҳое мебошад, ки онҳо иқтидори ҳалли масъалаҳои то ҳол фақат одам иҷро карда метавонистаро доранду халос. Ҳамин тариқ, суръат ва самараи мошинҳо бояд ба одам баробар бошад».
Зеҳни сунъӣ ҳамчун як самти илмӣ ба омӯзиши рафтори боақлонаи инсон, ҳайвон ва мошин машғул буда, барои ёфтани роҳҳои рафторҳо дар намудҳои гуногуни сохтани механизми сунъӣ равона гардидаанд. Тӯли як аср олимону мутахассисон корҳо ва тадқиқоти гуногуни илмиро бо роҳу тарзҳои гуногун барои сохтани чунин системаҳо анҷом дода истодаанд.
Забони табиӣ тарзи як бахши соҳаи зеҳни сунъӣ ва забоншиносӣ мебошад. Ин соҳа тарзи коркард ва истифодаи забони табииро меомӯзад. Коркарди забони табиӣ ҷанбаҳои зиёде, аз қабили шинохт, фаҳмиш, насл ва дигар қисмҳоро фаро мегирад.
Ба ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад.

Таҳияи Собир Эргашев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: