Олами табиати пайғамбараралу кӯҳитанг

Вилояти Сурхондарё бо табиати мафтункор, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалак ва дарёҳои шӯхаш ҳар як бинандаро мафтун мекунад.

Аз ин табиати зебову дилрабо баробари баҳра бурдан онро муҳофизат кардан ва баҳри беҳбудиву ободии он кӯшиш намудан низ фарз аст ва бояд вазифаи ҳар инсони солимақл бошад. Маҳз ба ин хотир мамнӯъгоҳҳо дар тасарруфи давлат ташкил мегарданду табиати зинда ҳифз карда мешавад. Яъне, мақсади асосии мамнӯъгоҳҳо аз нобудшавӣ ҳифз намудани олами ҳайвонот ва набототи як ҳудуди муайян ва омӯхтану таҳқиқ кардани табиати зинда мебошад.
Мамнӯъгоҳи давлатии Сурхон аз ду майдони мустақил иборат буда, соли 1986 дар натиҷаи муттаҳид намудани мамнӯъгоҳҳои Пайғамбарарал ва Кӯҳитанг ташкил гардидааст. Ба мамнӯъгоҳи Пайғамбарарал бошад, ҳанӯз соли 1960 бо қарори ЮНЕСКО асос гузошта шуда буд. Агар мамнӯъгоҳи Кӯҳитанг дар қисми шимолӣ-ғарбии ноҳияи Шеробод ҷойгир бошад, Пайғамбарарал дар қисмати шарқии Кӯҳитанг, аниқтараш дар соҳили дарёи Ому ҷойгузин аст.
Ҳудуди мамнӯъгоҳи Кӯҳитанг 24583 гектарро ташкил намуда, аз сатҳи баҳр дар 850 то 3157 метр баланд мебошад. Дарёҳои шӯхи Лайлакон ва Қизилолмасойи ҳудуди он ба олами табиату сокинони атроф оби ҳаёт ато менамоянд. Дар ин мамнӯъгоҳ қуллаҳои баланд, дараҳои тангу борик, сойҳои калону хурд хеле бисёр буда, онро хушманзара ва ҷаззоб мекунанд. Алалхусус, аксҳои одамону ҳайвоноте, ки дар сангҳои дараи Зараутсой ҳаккокӣ шудаанд, диққати сайёҳону бостоншиносонро ҷалб месозанд. Мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа он таърихи 15 ҳазорсола дорад.
Майдони арчаҳои доимо сарсабзи навъҳои туркистонӣ ва зарафшонии Кӯҳитанг 8033 гектар, заранги туркистонӣ 104, бодоми Бухоро 891, санҷид 183 гектарро ташкил менамояд. Бодоми талху ширин, пистаи хандон, зардолу ва чормағз, саксавул ва ҳар гуна буттаҳои пасту баланд дар ин мавзеъ хеле бисёранд. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ 810 намуди олами растанӣ, гулу гиёҳҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 810 навъ 29-тоаш ба Китоби сурх ворид шудааст. Дар бағали сою кӯҳҳо силовсини Туркистон, морхӯр, гург, рӯбоҳ, харгӯш, ҳар гуна морҳои заҳрнок ва қариб 130 навъи паранда зиндагӣ мекунанд. Яъне мамнӯъгоҳ аз олами ҳайвоноту наботот хеле ғанист.
Пайғамбарарал низ дорои олами рангини ҳайвоноту наботот буда, 8 километр тӯл ва 5 километр арз дорад. Масоҳаташ 3044 гектарро ташкил мекунад. Ин ҳудуд асосан аз ҷангал ва тӯқайзор иборат аст. 970 гектари он ҷангалзору қисми боқимонда аз навъҳои дигари олами наботот таркиб ёфтааст. Дар тӯқайзор хонгули Бухоро, хуки ёбоӣ, гурбаи қамиш, ҷайраи ҳинд, навъҳои гуногуни хазанда ва паррандаҳо мавҷуданд.
Дар асрҳои XII-XIII Пайғамбарарал зиёратгоҳи муқаддас будааст. Ривоят мекунанд, ки дар ҷазира яке аз пешвоёни дини ислом дафн шудааст. Дар болои қабри ӯ масҷиди Зулкифл бунёд гардидааст ва аз ин боис ба он Пайғамбарарал ном додаанд.
Маълум аст, ки мамнӯъгоҳҳо аз тарафи нозирони идораҳои муҳофизати табиат қатъиян ҳифз карда мешаванд. Зеро нобуд кардани табиати зинда худ бар зарари инсон аст. Буридани дарахтону растаниҳои шифобахш боиси чӣ хисороте мешаванд, равшан мебошад. Афсӯс, ки мо аксаран оқибатҳои нохуши зарари ба табиат оварданамонро дарк намекунем, ё онро нодида мегирем. Барои манфиат ва кайфияти яклаҳзаинаи хеш ҳам табиат ва ҳам худро ба вартаи ҳалокат мебарем. Ҳол он, ки агар ба табиат оқилона муносибат намоем, аз он бештар манфиат мебинем.
Дар ҳамин маврид нақл кардани воқеаеро аз саргузашти худ ҷоиз донистем. Соли гузашта бо гурӯҳи дӯстони эҷодкор хостем барои истироҳат ба Кӯҳитанг равем. Зеро таърифи ин ҷоро бисёр шунида, боре надида будем. Мардуми муқимӣ он мавзеъро Тангдара мегуфтаанд. Оғози дара, воқеъан  хеле танг аст. Дарёчаи начандон калон, метавон ҷӯйбори бузург гуфт, аз миёни дара ҷорӣ буд. Дараро деворкӯҳҳои баланд иҳота кардаанд. Аз таги деворкӯҳ то соҳили дарёча анбӯҳи дарахтон. Ҳарчанд гармо табиатро ба хазон моил карда буд, дара ҳанӯз тароват ва файзи хоса дошт, дилҳоро ба шавқу завқ меовард. Сайёҳон бисёр буданд. Онҳо дар зери дарахтон ба ҳаловат дам мегирифтанд. Аз сердолу дарахтии мавзеъ аён буд, ки касе онҳоро намебурад. Одамон ҳезумро бо худ оварда дар ҷойи салқин истироҳат карда мераванд. Болотари дара васеътар буда, фароғатгоҳҳо бунёд шудаанд. Мо ҳам дар ҷое қарор гирифтем. Ногоҳ як села кабк аз ҷое парида омаду дар қарибии мо, ба хиромидану хондан пардохтанд. Мо аз ин манзара хеле хушҳол шудем. Сокини он ҷо Сафар Раҳимовро ба сӯҳбат кашида пурсидем, ки оё дар ин кӯҳҳо оҳу ҳаст? Ӯ бо табассум иброз дошт, ки оҳувон дар қарибиҳои деҳа миёни молу рамаҳои мардум наҳаросида, бемалол чарида мегарданд.
Ростӣ, бовар накардем. Аммо ҳангоми бозгашт шоҳиди манзараи аҷиб шудем. Се бузи кӯҳӣ бо бузғолачаҳои худ аз дарёчаи аз мо тахминан 20-25 метр дур об мехӯрданд. Мошинро қади роҳ нигоҳ дошта, ба тамошо пардохтем. Онҳо аз мо наҳаросида бемалол обашонро хӯрданду ҷониби кӯҳ равон ва машғули чаридан шуданд. Мо чун ҳеҷгоҳ оҳувонро дар рӯ ба рӯи худ надида будем, аз тамошои ин манзара хушҳол гардидем. Яке аз рафиқон, шарқшинос Носири Қурбонназар ғолибан сӯйи ман нигариста, гӯё “мана ба шумо исбот” мегуфт.
Ин воқеа гувоҳи он аст, ки агар ба табиат дӯстона муносибат кунем, он ҳамеша ба мо манфиат хоҳад овард, сурурбахш хоҳад буд.
Биёед, табиатро  дӯст дорем, эъзоз намоем ва ҳамеша ҳифозатгараш бошем.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: