Ба муносибати моҳи мубораки Рамазон, ҳукумати Ӯзбекистон чорабиниҳои бузурги ифторӣ барои ҳамватанони хориҷиро ташкил мекунад.
Имсол ин ташаббус 10 кишвар ва 50 шаҳри ҷаҳонро фаро гирифта, ҳамватанонеро, ки дар хориҷ кору фаъолият доранд, таҳсил мекунанд ё ба таври доимӣ зиндагӣ менамоянд, муттаҳид месозад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, чорабиниҳои ифторӣ дар шаҳрҳои бузурге ба монанди Макка ва Мадина, Сеул, Истанбул ва Анқара, Қоҳира, Аммон, Куала-Лумпур, Вашингтон, Ню-Йорк ва Торонто дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Ҷуғрофияи тадбирҳо хеле васеъ буда, аз ҷумла дар 20 шаҳри бузурги Русия ва 10 шаҳри Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ барои ҳамватанон барномаҳои махсус таҳия шудаанд.
Ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон тавассути сафоратхонаҳо ва консулгариҳои хориҷӣ бо ҳамкории Идораи мусалмонони кишвари мо ва Кумитаи корҳои динӣ ташкил карда мешаванд. Дар мулоқотҳо бо иштироки олимон ва имом-хатибони маъруф, ба масъалаҳои моҳияти инсондӯстонаи ислом, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии маънавии ҳамватанон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҳамзамон, бо дастгирии ташаббуси Президент, ифторҳои иловагӣ таҳти сарпарастии ҳамватанон дар Даллас, Филаделфия, Орландо, Вашингтон, Макка, Новосибирск, Томск ва Екатеринбург ташкил карда мешаванд. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо дастгирии маънавӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва тақвияти минбаъдаи эҳсоси робитаи онҳо бо ватани худ мебошад.