Санъаткорони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Намангон бо сафари ҳунарӣ омаданд.
Солҳои охир сухан гуфтан дар хусуси ҳамкорӣ ва дӯстии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба воқеаи одатӣ табдил ёфт. Зеро ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва сиёсати дурандешидаи президентҳои ду мамлакат ҳамкориҳои гуногун ва робитаҳои дӯстонаи мо ба зинаи нав бардошта шуданд.
Санъаткорони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд бо сафари эҷодӣ ба вилояти Намангон омаданд.
Меҳмононро дар ҳудуди «Поп – Навбунёд», ки дар ноҳияи Поп воқеъ аст, вакилони ҷамоатӣ, куҳансолон ва ҷавонон бо нону намак ва рақсу сурудҳои дилнишин пешвоз гирифтанд. Онҳо давоми ду рӯз дар ҳудудҳои тоҷикнишини ноҳияи Чуст ва ҳатто, дар театри лӯхтаки вилоят, ки дар ин ҷо тоҷикони ноҳияҳои Намангон, Косонсой, Поп ва Чуст ҷамъ омаданд, ба тамошобинони калонсол намоишномаи «Қарзи виҷдон» ва ба хурдтаракон намоиши «Хубони нозпарвар»-ро пешкаш намуданд.
Намоишномаи драмавии «Қарзи виҷдон», ки ба қалами адиб Султон Сафар мансуб аст, дар бораи писари сардори милиса Камол аст, ки дар муҳити хатарноки ҷинояткорӣ меафтад. Камол ба гурӯҳи роҳзанҳо ҳамроҳ шуда, ба дуздиву ғорат даст мезанад. Падар, ки вазифаи пурмасъулият дорад, дар моварои муҳаббат ба фарзанд ва адолат мемонад. Ин интихоб барои ҳар ду оқибатҳои вазнин меоварад ва бо ҳукми зиндон анҷом меёбад...
Намоишнома тамошобинро водор мекунад, ки инсон дар мақоми масъулият, ҳудудҳои муҳаббати хешовандӣ роҳи дурустро интихоб кунад, соҳибирода бошад.
– Воқеаҳои намоишнома хеле таъсирбахшанд ва аз ҷиҳати тарбиявӣ аҳамияти калон доранд. Онҳо водор мекунанд, ки падару модарон бобати тарбияи фарзанд масъулияти худро фаромӯш накунанд, ҷавонон низ роҳи дурусти ҳаётро пеш гиранд, – мегӯяд сокини деҳаи Варзик Ҳабибҷон Ғафуров.
Ҳангоми суҳбат аз роҳбари театр, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Эҳсон Ҳомидов таассуроти ӯро дар бораи ин сафари эҷодӣ пурсидем.
– Шодем, ки мардуми шумо моро бо анъанаҳои миллӣ – нону намак, чеҳраи кушод ва меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо бунёди сохтмонҳои азим, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, биноҳои бисёрошёнаву боҳашами ин маскани пурфайзро дида, эҳсос кардем, ки дар ин гӯша ислоҳот ва навсозиҳо дар авҷ аст. Дар ҳар куҷо, ки будем, моро самимона пазироӣ намуданд. Дар ҳудудҳои тоҷикнишин намоишҳои худро ба ҳамзабонон пешкаш намудем. Боз аз он хушнуд гаштем, ки дар ин ҷо ба санъату фарҳанг ва намояндагони онҳо аҳамияти бисёр медодаанд. Бинои театрҳо на танҳо дар маркази вилоят, ҳатто дар деҳоти дурдаст, низ бо усули замонавӣ сохта ва муҷаҳҳаз шудаанд. Барои намоишҳои саҳнавии мо ҳама чиз муҳайё карда шуд. Ба ташкилкунандагон, хусусан ба директори театри ба номи Алишер Навоии вилоят Озодахонум Усмонова ташаккури зиёд мегӯем.
Мардуми Намангон меҳнатдӯсту меҳмоннавоз ва зиёда санъатдӯст будаанд.
Намангон бошад, дарҳақиқат, шаҳри гулҳо будааст. Мо – аҳли ҷамоа ният дорем, ки дар Ҷашнвораи 65-уми байналмилалии иди гулҳо иштирок кунем.
Дар охири чорабинӣ ба дастаи меҳмонон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ин ҳамкории эҷодӣ барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангии ду кишвар, мубодилаи таҷриба дар соҳаи санъати театрӣ ва пешниҳоди асарҳои сатҳи баланди бадеӣ ба тамошобинон хидмат хоҳад кард.
Сафари ҳунарии театри вилояти Суғд дар Фарғона идома ёфт.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.