Дар ҳар давру замон дар саҳифаи таърихи матбуот чеҳраҳое ҳастанд, ки исму насаби онҳо на танҳо бо қалам, балки бо ҷасорату матонати шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сабт хоҳад ёфт.
Яке аз чунин шахсиятҳо фарзанди фарзонаи Самарқанд, журналисти варзида, тарҷумони моҳир шодравон Аҳмадҷон Мухторов буд, ки барои ӯ ҳақиқату адолат ва ошкорбаёнӣ муқаддасу гиромӣ буда, ба зеҳни шахсони курсинишин бидуни тарсу ҳарос бо қалами тез зарба мезад.
Вале сад дареғ, ки устоди сухан Аҳмадҷон Мухторов дар айни гашти пирӣ соли 2000-ум ба Ҳақ пайваст. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, ҳоло 90-солагии хешро ҷашн мегирифт.
Ҷамоаи рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» ба муносибати мавлуди собиқ муҳаррири худ китоби хотиротеро бо номи «Умрнинг олтин тарозуси», ки очерку мусоҳиба, мақолаву андешаҳо ва тарҷумаи соҳибҷашнро дар бар мегирад, чоп кард.
Рӯнамоии асари мазкур баргузор гардид, ки дар он аҳли фарҳангу эҷод, хешу пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва ҳамдеҳагони Аҳмадҷон Мухторов ширкат варзиданд.
Муҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев таъкид намуд, ки раҳматӣ Аҳмадҷон Мухторов фаъолияти худро дар рӯзномаи собиқ «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон «) аз вазифаи мусаҳҳеҳ оғоз намуда, то дараҷаи сардабир расидааст. Ӯ ҳамчун сардабири рӯзномаи «Қишлоқ ҳаёти», сипас рӯзномаи «Халқ сӯзи» – «Народное слово» фаъолияти пурсамар бурдааст.
– Аҳмадҷон Мухторов аз онҳое набуд, ки барои курсии мансаб дари адолатро ба рӯйи мардум бандад. Ӯ исбот кард, ки журналист метавонад, бо қалам ва виҷдон ҳақиқату адолатро дифоъ намояд, – гуфт ҳамдеҳаи соҳибҷашн Эркин Хоҷаев.
Инчунин раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Шуҳрат Неъматов, духтари собиқ корманди рӯзномаи «Зарафшон» Бобоқул Имомов Дилбар Имомова, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, набераи соҳибҷашн Азизабону ва дигарон ба сухан баромада, ёди неки Аҳмадҷон Мухторов намуданд.
– Мо, хешу пайвандон аз чунин гиромидошт ва эҳтироми падари бузургворам сипосгузор ҳастем, – дар поёни тадбир иброз дошт духтари соҳибҷашн Озода Мухторова.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.