"Uber" имконияти фармоиши таксии ҳавоиро дар Дубай тавассути барномаи худ эълон кард. Дар ин бора дар вебсайти ширкат хабар дода шуд.
Барои роҳандозии таксии ҳавоӣ, "Uber" бо ширкати "Joby Aviation", ки нақша дорад ин хидматро дар Дубай роҳандозӣ кунад, шарикӣ кардааст.
Таксиҳо метавонанд то чор мусофирро ҷойгир кунанд ва аз ҷониби халабонони тиҷоратӣ идора карда мешаванд. Барои ин, дар Дубай чор майдончаи фуруд сохтан ба нақша гирифта шудааст. Онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳр, маркази савдо, меҳмонхона дар ҷазираи Палм Ҷумейра ва Донишгоҳи амрикоии Дубай ҷойгир карда мешаванд.
"Uber" ва "Joby Aviation" нақша доранд, ки дар оянда хидматҳои таксии ҳавоиро дар Ню Йорк, Лос-Анҷелес, Британияи Кабир ва Ҷопон роҳандозӣ кунанд. Қайд карда мешавад, ки барои татбиқи ин нақша дар шаҳрҳои ИМА, ширкатҳо бояд сертификатсия гиранд ва аз ҷониби Идораи федералии авиатсияи ИМА озмоиш гузаронанд.
Қаблан, аввалин парвози озмоишии мошини парвозкунанда, ки аз ҷониби ширкати ҷопонӣ SkyDrive таҳия шудааст, дар Токио сурат гирифт.