Забон – оинаи таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат

Забони модарӣ – ганҷи бебаҳо ва муқаддасест, ки инсон онро аз гаҳвора меомӯзад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат мебошад.

Аз ҷумла, забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он таърихи ҳазорсолаҳо дошта, мероси бузурги адабӣ ва фарҳангиро дар худ нигоҳ доштааст. Бо ҳамин забон шоирони бузург, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ ва дигарон ашъори ҷовидона офаридаанд, ки то имрӯз мардумро ба некию зебоӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ин забон рамзи ҳастӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад ва ҳамчун омили асосии ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ хидмат мекунад. Бо ҳамин забон мардум фикру андешаи худро баён мекунанд, илму дониш меомӯзанд ва фарҳанги худро ҳифз менамоянд.

Забони модарӣ барои ҳар як инсон азизтарин забон аст, зеро бо ҳамин забон инсон аввалин суханҳоро мешунавад, аввалин фикрҳоро баён мекунад ва ҷаҳонро мешиносад. Муҳаббат ба забони модарӣ — ин муҳаббат ба миллат, таърих ва фарҳанги худ мебошад. Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Чӣ гӯям, ки ногуфтанам беҳтар аст,
Забон дар даҳон посбони сар аст.

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи доир ба муносибатҳои байналмиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони берунмарзӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии забони модарӣ – 21-феврал таҳти мавзӯи «Забони модарӣ – оинаи таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат» чорабинӣ баргузор гардид. Олимон, забоншиносон, шоиру нависандагон ва намояндагони миллатҳои мухталиф иштирокдорони чорабинӣ буданд. Баромадкунандагон оиди ҳифз ва эҳтироми забони модарӣ, рамзи ҳастӣ ва ифтихори миллат ҳарф заданд. Намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ ба забони модарӣ шеъру суруд ва рақсҳои миллии худро намоиш доданд.

– Дар Ӯзбекистон намояндагони миллатҳои гуногун дӯстонаву ҳамҷиҳатона ҳаёт ба сар мебаранд. Барои онҳо ҳамаи шароит – гиромидошти забон, миллат, урфу одат ва дигар арзишҳои миллӣ, баргузории суҳбату маҳфил ва ҷашнвораҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи миллатҳои дӯсту бародари кишварро бо рӯзи забони модарӣ табрик мекунам, – гуфт фаъоли Маркази миллӣ-мадании поляк Денис Сотников. – Ҳифз ва эҳтироми забони модарӣ вазифаи ҳар як фарзанди миллат аст. Мо бояд кӯшиш намоем, ки забони худро пок нигоҳ дорем, онро омӯзем ва ба наслҳои оянда бо ифтихор мерос гузорем. Зеро то замоне, ки забони модарӣ зинда аст, миллат низ зинда ва ҷовидон мемонад.

Намояндагони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, барандаи мукофоти давлатии «Зулфия» Занҷирой Абдусаломова, корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Дилноза Раҳматова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон Саъбагул Тӯева аз ашъори бузургони хиради форс-тоҷик шеърҳо қироат намуданд.

С. Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: