Доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ васеъ мегардад

Чанд рӯз қабл гурӯҳи эҷодии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғди Тоҷикистон пас аз Намангон бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Фарғона омад.

 Роҳбарият ва гурӯҳи эҷодии Театри драмаи мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Юсуфҷон-қизиқ Шакарҷонови вилоятии Фарғона меҳмононро бо рӯҳияи идона хеле бошукӯҳ истиқбол гирифтанд. 

Дар доираи сафари ҳунарӣ намоишномаи «Қарзи виҷдон»-и коргардон Умар Алиев, ки аз рӯйи асари нависанда Султон Сафаров таҳия ва ба гиромидошти Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ислом Саломов бахшида шудааст, инчунин намоишномаи «Хубони нозпарвар» намоиш дода шуд. Ин ду намоишномаи саҳнавиро тамошобинони зиёд бо шавқу завқи баланд тамошо карданд ва маҳорати актёрони тоҷикро  бо кафкӯбиҳо гарм истиқбол гирифтанд.

 Пеш аз намоиш дар долони театр ба муносибати ташрифи меҳмонони тоҷикистонӣ маросими қабул барпо гардид. Дар он гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ду абармард – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 робитаҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст аз нав мустаҳкам гардиданд ва дар самтҳои гуногун вусъат пайдо карданд.

– Хосатан ҳамкориҳои ду вилояти ҳамҷавор – Фарғона ва Суғд дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабу фарҳанг низ беш аз пеш доман фарох менамояд. Ин сафари эҷодии ҳунарпешаҳои театр маҳз бар ҳамин асос сурат гирифтааст ва минбаъд давом хоҳад кард, – гуфт коргардони тоҷик Умар Алиев. 

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: