Дар аксар гӯгирдҳо талаботи стандарт риоя намешаванд. Якум, миқдори гӯгирдчӯбҳо аз миқдори ҳадди ақали онҳо (аз 37 то 52 дона) ҳам камтар аст. Дувум, дар аксар бастаҳо дар бораи номи истеҳсолкунанда ё тамғаи савдо маълумоте нест. Сеюм, ҳангоми оташ гирифтан низ дуд баромада, бӯйи ғализ ба димоғ мезанад. Хуб, дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Солҳое, ки кӯдак будем, дар деҳа зуд-зуд барқ хомӯш мешуд. Тобистону тирамоҳ аз кӯфтагии даву този рӯз буд ё гарму ҷӯши кор, дар як мижа задан шом ба субҳ мепайваст, аммо рӯз шудани шабҳои тӯлонии зимистон хеле мушкил буд. Аз ин рӯ, бо бародару хоҳарон ҳар хел бозиҳо, чун байтбарак, номгӯяк, сангбозӣ ва чистонгӯӣ мекардем. Гоҳ-гоҳ бозии «Гӯгирдчӯби кӣ бештар?»-ро низ мебозидем.
Дар ин бозӣ қуттиҳои нави гӯгирдро интихоб ва баъд донаҳои даруни онро мешумурдем. Шумораи донаи гӯгирди кӣ бештар бошад, ҳамон ғолиб мегардид. Ҳамзамон, аз гӯгирд хоначаву мошинчаҳо месохтем. Кам-кам дар хотир дорам, ки ҳамон вақт аксар қуттиҳо аз 36 то 45 дона гӯгирд доштанд.
Чанд рӯз пеш бо аҳли оила аз бозиҳои айёми кӯдакӣ ёд кардем. Ҳамроҳи фарзандон чанде аз онҳоро бозидем: бозии «Гӯгирдчӯби кӣ бештар?»-ро ҳам.
Лекин аз чӣ бошад, дар аксар бастаҳо 32, 33 дона гӯгирдчӯб буду халос. Боз чанде аз онҳо бесифату корношоям. Ҳамин вақт ҳисси кунҷкобии касбӣ боло гирифту ба ширкати истеҳсоли он диққат кардам. Саргарми ҷустуҷӯ будам, ки як дӯстамон занг зад. Кӯтоҳ ҳолпурсӣ намуда, хоҳиш кардам, то акси бастаи гӯгирдҳои хонаашонро бо иловаи шумораи чӯбчаҳои онҳо фиристад. «Чӣ гап? Тинҷӣ?» пурсид, ки гуфтораш оҳанги тааҷҷуб дошт. «Даркор» гуфтам. Чанде нагузашта расми гӯгирд ва шумораи онҳоро тавассути телеграм фиристонд. Дар онҳо, ки бо тамғаи «JEEP» истеҳсол шуда буданд, низ 30, 31, 32 дона гӯгирдчӯб будааст.
Ба худ андешидам, ки оё истеҳсоли ин воситаи муҳими рӯзгор стандарти ягонаи муайян дорад? Аслан он чӣ гуна бояд истеҳсол шавад? Дар ин раванд истеҳсолкунандагон бояд ба чӣ хел талаботи техникӣ риоя намоянд?
Талаботи истеҳсол
– Маҳсулоти гӯгирд дар асоси талаботи Стандарти ГОСТ 1820-2001 истеҳсол мешавад, – иброз дошт сарвари шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бахшҳои савдо, хӯроквории умумӣ ва сайёҳии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ Абдураҳмон Раупов. – Ин стандарт соли 2001 дар доираи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартсозӣ, метрология ва сертификатсия (МГС) қабул шудааст ва дар Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Молдова мавриди амал қарор дорад. Тибқи талаботи стандарт, дар қуттиҳои ҷудогонаи гӯгирд, ки дар шакли 4 (2/3) ҳастанд, миқдори чӯбакҳои гӯгирд бояд ҳадди аксар аз 40 то 60 дона ва ҳадди ақалл аз 37 то 52 дона бошад. Сари гӯгирд ҳангоми бо фишори муътадил ба сатҳи махсуси дорои фосфор соиш додан, бояд бе баромадани шлак ё қатраҳои сӯзон оташ гирад. Оташ бояд дар ҳолати уфуқӣ аз сари гӯгирд ба чӯбаки он гузарад ва бидуни баровардани дуд бисӯзад. Илова бар ин, дар бастаи гӯгирд маълумот дар бораи номи маҳсулот, нишонаҳои ин стандарт, номи истеҳсолкунанда ё тамғаи савдо ва маҳалли ҷойгиршавии он, номи кишвари истеҳсолкунанда ва нишонаи мутобиқат барои маҳсулоти сертификатсияшуда бояд бошад.
Афсӯс, дар бастаи гӯгирдҳои мо, ки дар шакли 4 (2/3) истеҳсол шудаанд, чанде аз ин талабот риоя нашудаанд. Якум, миқдори гӯгирдчӯбҳо аз миқдори ҳадди ақали онҳо (аз 37 то 52 дона) ҳам камтар аст. Дувум, дар баста дар бораи номи истеҳсолкунанда ё тамғаи савдо маълумоте нест. Сеюм, ҳангоми оташ гирифтан низ дуд баромада, бӯйи ғализ ба димоғ мезанад. Хуб, дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
«Худаш як дона гӯгирд бошад...»
Бино ба таъкиди А.Раупов ҳангоми истеҳсоли гӯгирд риоя накардан ба талаботи меъёр, бесифат истеҳсол намудани он мумкин аст ҳолатҳои нохушро ба миён оварад. Ҳамзамон, зарари моддӣ дар пай дорад. Аз ин рӯ, ҳар як истеъмолкунанда зимни хариди маҳсулот ҳуқуқ дорад, ки аз фурӯшанда дар бораи меъёр ва қоидаҳои истеҳсоли маҳсулот маълумот талаб намояд. Мутобиқати онро ба меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ, аз ҷумла радиологӣ ва зиддиэпидемиявӣ муайян кунад. Барои ҳаёт, саломатии инсон ва муҳити зист бехатар будани инро мушаххас намояд.
– Ин талаботи ҳуқуқӣ дар моддаи 12-уми Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муқаррар гардидааст, – таъкид кард мутахассис. – Афсӯс, ки аксар ҳамватанони мо «Худаш як дона гӯгирд бошад... Чанд сӯм меистад, ки донаашро ҳисоб кунем» гуфта, ба чунин масъалаҳо беэътиборӣ мекунанд. Лекин набояд фаромӯш кард, ки қонун танҳо барои маҳсулоти қимат ё бузургҳаҷм навишта нашудааст. Он барои ҳифзи ҳар як шаҳрванд, ҳар як харид, ҳар як воҳиди мол пешбинӣ шудааст. Вақте мо ҳисоб намекунем, намепурсем ва талаб наменамоем, онҳо низ бепарвоӣ мекунанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, то манфиатҳои ҳуқуқии худро донем ва дар ҳолати зарурӣ бояд талаб карда тавонем. Ва маҳз бо мақсади ҳифзи чунин ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мо мунтазам чорабиниҳои санҷишиву назоратӣ мегузаронем. Аз ҷумла, дар корхонаҳои истеҳсоли гӯгирду субъектҳои соҳибкорӣ.
Бино ба таъкиди корманди кумита дар натиҷаи чунин тадбирҳои назоратӣ соли гузашта як қатор ҳолатҳои қонуншиканӣ ошкор шудаанд. Аз ҷумла, дар рафти тадбирҳои санҷишие, ки дар ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «ATLAS-INVEST» ва «UP MATCH»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудаанд, номувофиқ будани гӯгирдҳои тамғаи «JEEP»-и истеҳсолӣ – аз 11 то 17 дона кам будани шумораи ҳадди ақали гӯгирдчӯбҳо муайян гардидаанд. Яъне, ҷамъияти «UP-MATCH» ба маблағи 150 миллион сӯм маҳсулот фурӯхта, аз истеъмолкунандагон 44 миллиону 700 ҳазор сӯм маблағи изофӣ гирифтааст. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ATLAS-INVEST» низ бо маблағи 66,5 миллион сӯм гӯгирд фурӯхта, аз истеъмолкунандагон 20,5 миллион сӯм маблағи барзиёд ситонидааст.
– Бо мақсади бартараф намудани ин камбудиҳо мо ба ҷамъиятҳо дастурҳои ҳатмӣ пешниҳод намудем, – илова кард А. Раупов. – Гӯгирдҳои бесифатро аз нуқтаҳои савдо ҷамъ овардем. Инчунин, ҷиҳати баргардонидани маблағҳои изофӣ ба истеъмолкунандагон ё иваз намудани гӯгирдҳо бо маҳсулоти босифат чорабиниҳо андешида шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ зиёда аз 60 миллион сӯм ба фоидаи истеъмолкунандагон бозҳисоб карда шуд.
Маблағ чӣ гуна баргардонида мешаванд?
Дар ҳамин маврид савол пайдо мешавад: агар гӯгирди истеҳсоли маҳаллӣ ё воридотӣ ба стандарт номувофиқ бошад, маблағе, ки барзиёд гирифта шудааст, чӣ хел ба харидорон баргардонида мешавад?
– Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 28 ноябри соли 2002 «Дар бораи чораҳо оид ба густариши иштироки ҷомеа дар ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» маблағе, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба даст овардааст, бояд ба истеъмолкунандагон баргардонида шаванд, – афзуд А. Раупов. – Ва агар муайян намудани онҳо имконнопазир бошад, ин маблағ ба даромади буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Яъне, нахуст арзиши гӯгирд, ки ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст, муайян мегардад. Баъд онҳо ба андозаи арзиши муайяншуда ба харидорон баргардонида мешаванд. Дар ҳолати ғайриимкон гардидани дарёфтани истеъмолкунандагон, бобати гузаронидани маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ чораҳо андешида мешавад. Дар ин маврид мехостам, нуктаеро алоҳида таъкид намоям: агар мо бо роҳҳои гуногуни таблиғотӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи чунин талабҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулот – хоҳ он гӯгирд бошад ё чизи дигар, ба истеъмолкунандагон маълумоти бештар диҳем, ҳуқуқи қонунии онҳоро фаҳмонем, истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон ҳам масъулияти худро беҳтар эҳсос мекунанд ва мекӯшанд то ба мардум маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартро пешниҳод намоянд.
Ба ҷойи охирсухан
Аҷаб нест, ки дар зиндагии ҳар яки мо чунин ҳолат рух дода бошад: дар дохили қуттӣ боқӣ мондани танҳо як дона гӯгирд. Маҳз дар ҳамон лаҳза арзиши як донаи онро бештар дарк мекунем. Бахусус, дар вазъияте, ки меҳмон дар хона аст ё аз нуқтаҳои савдо дурем, ё ки ҳаво сарду шароит номусоид. Он вақт бо тамоми ҷаҳд ва эҳтиёткорӣ мекӯшем, ки ҳамин як дона беҳуда насӯзад. Воқеан, як дона гӯгирд гоҳо кофист, то хона гарм, таоми гарму лазизе омода, чой нӯши ҷон шавад ва ё баръакс...
Дар охир мехоҳем саволеро ба миён гузорем: оё Шумо ягон бор гӯгирдчӯбҳоро шумурдед? Эҳтимол не. Чун фикр мекунед, ки ин муҳим нест ва барои шумо фарқе надорад. Вале фарқ дорад. Зеро ҳар як дона ҳисоб аст. Ҳар камбудӣ масъулият талаб мекунад.
Пас, ҳозир қуттиро бигиреду гӯгирдчӯбҳоро шумуред ва агар каманд, ҳатман ба телефони боварии кумита – 1159 занг занед, то онро пайгирӣ намоянд. Зеро ин на танҳо ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ, балки мавқеи шаҳрвандии шумост. Ва ин танҳо масъалаи гӯгирд нест. Масъалаи муносибати мо ба адолат, қонун ва масъулияти ҷамъиятӣ мебошад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».