Камина дар овони мактабхонӣ бо Назирҷон Муллоҷонов ном хонандаи мактаби Ӯротеппа шинос шуда будам ва ин ошноӣ ба дӯстию бародарии мо пайваста, то поёни умраш, ки ба дараҷаи вазири саноати сабук ва хӯроквории Тоҷикистон расида буд, давом кард.
Минбаъд бо чанде аз фарзандони барӯманди ин маскани қадима – Истаравшан Субҳонқулихон Муртазохонов, мутахаллис ба Меҳрӣ, ки аз шарикдарсони Садриддин Айнӣ дар мадрасаи Бухоро буд, фолклоршинос ва таърихнигор, академик Раҷаб Амонов, олими маъруфи соҳаи иқтисод, академик Ҳабибулло Саидмуродов, профессори Донишкадаи савдои Самарқанд Аслон Қутфиддинов, донишманди эҷодкор, кони зарбулмасалу мақол ва суханҳои ҳикматомези халқӣ Разиюллоҳ Абдуллозода, шоирон Саидалӣ Маъмур, Раънои Зоирдухт, Валиҷон Акбарӣ, Нуринисо ва дигарон дар суҳбату мулоқотҳо будам.
Бо истаравшаниҳое, ки дар муҳити фарҳангии Тошканд мавқеъ пайдо кардаанд, ҳамчун Шавкат Ниёзӣ, Муродҷон Махсудов, Маъруф Отахонзода, Шоқаҳҳор Салимов ва боз чандин адибону донишмандон ва соҳибони касбу кори гуногун дӯсти наздик шудам.
Шиносоӣ бо Абдуҷалол Қодирии Истаравшанӣ низ ба дӯстию бародарии абадӣ мубаддал гашт. Оғози вохӯрии ман бо Абдуҷалол чунин сурат гирифта буд.
Баҳори соли 2018 дар хона сари компутер нишаста, бо эҷод машғул будам, ки яке телефон занг зад. Гӯширо бардоштам, марде гӯё аз ошноҳои наздики ман бошад, самимона салому алайк карда, дар куҷо буданамро пурсид. Гуфтам, ки дар хона ҳастам.
Саломи дӯстони тошкандӣ Шоқаҳҳор Салимов, Муродҷон Махсудов ва Маъруф Отахонзодаро расонда гуфт, ки нияти мулоқот бо инҷониб дорад.
Абдуҷалол дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки алъон дар яке аз ташкилотҳои бонуфузи сохтмони Тошканд фаъолият дорад.
Абдуҷалол Қодирӣ 28 феврали соли 1956 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омада, беш аз 40 сол аст, ки дар шаҳри Тошканд истиқомат мекунад.
Гузаштагони Абдуҷалол ҳама аҳли фарҳангу адаб буда, дар таърихи санъати мусиқӣ ва овозхонии Осиёи Марказӣ мақоми арзанда доранд. Вай абераи Худойбердии Танбӯр – маъруф ба Зебопарӣ, набераи Мулло Абдулқодир Ҳофизи Истаравшанӣ, фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдурасул Қодирии Истаравшанӣ мебошад.
Ӯ баъд аз хатми мактаби таълими ҳамагонӣ таҳсилро дар факултаи муҳандиси сохтмони шаҳрвандӣ ва саноатии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон идома медиҳад.
Баъди адои хидмати ҳарбӣ аз соли 1980 то соли 1988 дар хоҷагии механиконидашудаи байниколхозии шаҳри Ӯротеппа ҳамчун муҳандиси сохтмон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Абдуҷалол дар вазифаҳои гуногуни бозаргонӣ ва тиҷоратӣ ва ҷонишини раиси Бунёди фарҳанги тоҷикон «Ориёно» дар шаҳри Тошканд фаъолият дошт.
Абдуҷалол дар пайравӣ ба аҷдод ба омӯхтани шеъру мусиқӣ завқи хосса дорад.
Ӯ бо ҳамсараш Гулчеҳрабону – зодаи ноҳияи Шаҳристони Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тошканд, алъон устоди коллеҷи тиббии Тошканд, соҳиби панҷ фарзанди хушодобу меҳрубон аст. Фарзандони онҳо Гулрухсор, Ҳасану Ҳусенҷон, Суҳробҷон ва Ситорабону соҳиби касбу кор гардида, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ӯзбекистон хидмат мекунанд.
Баъд аз он вохӯрӣ дар Самарқанд ҳар боре, ки ба Тошканд равам, нахуст Абдуҷалолро дида, аз пайи корҳои дигар мешавам.
Банда ҳаддалимкон шеърҳои ӯро таҳрир карда, ба чоп омода кардам. Чанд ғазал ва дубайтии ӯ дар матбуот нашр шудаанд. Ба чанд ғазали ӯ мухаммас баста дар китоби «Бӯстони мухаммас» ва чанд ғазалашро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, дар китобҳои худам ҷой додаам. Барои китоби ӯ «Садо аз зиндагӣ» сарсухан навиштам.
Мо бо Абдуҷалол ба Ватани бобоёну падарии ӯ Истаравшани қадим сафар карда, дар ҳалқаи ёру дӯстон суҳбатҳо оростаем.
Абдуҷалоли зиндадил, китобдӯст, шефтаи шеъру адаб, дар ҳаёт бисёр рӯзҳои хурсандӣ дида, шаҳди шодиву нишот чашидааст ва ҳамеша ба онҳо шукр намуда, ба бадиҳои кӯрдилон ва ғаму андӯҳи рӯзгор сабру таҳаммул кардааст. Ҳамаи фазилатҳои ӯ дар дафтарҳои зиёди ашъораш – дубайтию рубоӣ, ғазалиёт, шеърҳои ҷудогона, манзумаю достонҳои пурмуҳтаво ҳамчун «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хасаннома», «Ҳусейннома», «Суҳробнома», «Ситоранома», «Ҷавоҳирнома», «Некрӯзнома», «Панду насиҳатҳо», «Ғазалиёт», «Дубайтиҳо», «Садо аз зиндагӣ» ва ғайра бо рангу мазмун ва оҳангҳои гуногун ифода ёфтаанд.
Дафтари шеърҳои Абдуҷалолро варақ зада, ба ҳақ будани ин гуфтаҳо боварии комил ҳосил мекунам. Чунончи ӯ мегӯяд:
Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро,
Дар банди асириҳо сутудам ҳамаро.
Зинҳор зи кас вафо наҷӯйед, ки ман,
Дидам ҳамаро, озмудам ҳамаро.
Дар навиштаҳои Абдуҷалол шодиву нишоти мардуми озод, истиқлоли Ватан, тасвири манзараҳои дилфиреби диёр дар фаслҳои гуногуни сол, ободонии шаҳру деҳот, таҳсилу меҳнат, илму эҷод, таърихи дуру дарози аҷдод бо панду насиҳатҳои орифона ба фарзандону наврасон тасвири худро ёфтаанд.
Ин марди ҳунар ва эҷодкор ҳоло ба синни мубораки 70 қадам гузошта, алъон баробари меҳнати пуршараф ба сифати муҳандиси манзилҳои иқоматӣ ва кошонаҳои иҷтимоӣ дар Тошканди Нав, бо эҷоди шеъру достонҳои дилнишин низ машғул аст.
Мо ӯро бо ин синни муборак табрик намуда, барояш сиҳатии бардавом, умри дароз, пирӯзиҳо дар зиндагӣ таманно дорем.
Дар ин ҷо як мухаммаси худро бар ғазали Абдуҷалол меоварам:
САМАРҚАНДАМ
Ба чашми ошиқони хеш тобонӣ, Самарқандам,
Ту зебу зинати аҳли Хурсонӣ, Самарқандам,
Миёни шаҳрҳо монанди султонӣ, Самарқандам,
«Ҳамеша мисли гулбоғи шукуфонӣ, Самарқандам,
Зи илму маърифат доим чароғонӣ, Самарқандам».
Ба дарди хеш ҷӯянд ошиқони пок дармонҳо,
Ки берунанд ин ашхос аз ҳар гуна фармонҳо,
Кунад осоиш аз файзу футуҳат ҷумлаи ҷонҳо,
«Азизӣ баҳри фарзандони худ, эй шаҳри армонҳо,
Ки худ як шабчароғи шаҳри армонӣ, Самарқандам».
Дурахшад дар шаби маҳтоб ҳар қасри дурахшонат,
Биёяд бӯйи гул як умр аз тарфи хиёбонат,
Бувад аҳли башар бо ташнагӣ умре санохонат,
«Хушовозанд ҳофизҳои бемонанди хушхонат,
Чу шоирҳои худ умре ғазалхонӣ, Самарқандам».
Ҳамегӯянд аҳли дил, ки хубият фаровон аст,
Дару девори таърихии ту худ як дабистон аст,
Гули бахти ту андар боғи шодият шукуфон аст,
«Самоят пурсафою осмонат ахтаристон аст,
Чу фарзанди накӯноми Зарафшонӣ, Самарқандам».
Дилам чун тифли мактаб роҳ ҷӯяд бар дабистонат,
Гули шодӣ шукуфад то абад андар гулистонат,
Ҳазорон шоират бошад ба меҳри дил санохонат,
«Ба чашмам нур бахшад лолаҳо андар хиёбонат,
Ки худ ҳамқисмати боғу гулистонӣ, Самарқандам».
Ба дил бахшад тавон ҳар нони беҳамтои ширинат,
Бубахшад лаззате бар коми ҷон ҳалвои ширинат,
Бинӯшам қатра-қатра то абад саҳбои ширинат,
«Ҳаловатбахш бошад оби ҷонбахшои ширинат,
Таманнои тамоми ишқбозонӣ, Самарқандам».
Гули ишқи ту андар манзилам озода месабзад,
Дарахти орзу дар соҳилам озода месабзад,
Ниҳоли шодӣ андар маҳфилам озода месабзад,
«Ба ишқат сарв дар боғи дилам озода месабзад,
Ту хушбӯтар зи мушку шохи райҳонӣ, Самарқандам».
Ба авсофи ту шоирҳою олимҳо санохонанд,
Тамоми пиру барно қимататро хуб медонанд,
Ҳама фарзандҳоят ҳамчу Фағфуру Сулаймонанд,
«Мадорисҳои ту ганҷи бузурге аз ниёгонанд,
Макони лаълу ёқут, гавҳаристонӣ, Самарқандам».
Қамарзода ба васфат дафтари шеъру сухан дорад,
Зи авсофат ба қалби хеш беҳамто чаман дорад,
Ба боғи орзуи хеш сарву настаран дорад,
«Сарояд, Қодирӣ, васфи туро то ҷон ба тан дорад,
Яқинам то ба маҳшар зинда мемонӣ, Самарқандам».
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.