Қадрдони бозии футбол

Ба бозии футбол шавқ доштани ҳар писарбача як ҳолати табиист.

Дар наврасӣ баробари бо футболбозӣ гузаронидани вақти холии худ ба «Пахтакор», ки дар лигаи олии мамлакат номнавис буд, дилбастагӣ доштем. Бозиҳои ин даста дар Тошканд аз тариқи телевизион намоиш дода мешуданд. Пирӯзиҳои «Пахтакор» ба ҳаводорон ҳисси нишот бахшида, нокомиҳояш изтиробангез буданд. Баробари ному фамилияи бозингарони «Пахтакор» исми шарифи Ахбор Имомхӯҷаев, ки шореҳи футбол буд, аз бачагӣ ба қалбамон шинос. Чунин ба назар мерасид, ӯ натанҳо ҷараёни бозиро шарҳ медиҳад, балки баробар бо мухлисон ба ҳаяҷон меояд, кӯдаквор шод ё ғамгин мегардад.

Аз байн солҳои зиёд гузаштанд, аммо бозиҳои дурахшони «Пахтакор» ҳанӯз дар пеши назар меистанд. Номи бисёр бозингарони онсолаи даста – Геннадий Краснитский, Владимир Фёдоров, Михаил Ан, Юрий Пшеничников...  дар дилҳо боқӣ мондааст. Хушбахтона, бархе аз ситорагони даста, аз ҷумла Бародар Абдураҳимов, Тӯлаган Исҳоқов ва Владимир Хадзипанагис имрӯз ҳам дар қайди ҳаётанд ва онҳоро метавон афсонаҳои зиндаи «Пахтакор» номид. То солҳои наздик шореҳ Ахбор Имомхӯҷаев низ дар байни мо буд. Агар ҳаёт мебуд, ба синни 90 мерасид...

Соли 1960 «Пахтакор» ба лигаи олӣ роҳ ёфт. Дар бозии аввалини  онсолаи худ муқобили ЦСКА (Маскав), 20 апрел дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, ба ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳар се голи «Пахтакор»-ро Геннадий Краснитский зад.

Он аввалин бозие буд, ки телевизиони Ӯзбекистон бевосита намоиш дод ва шарҳи он ба ӯҳдаи Ахбор Имомхӯҷаев буд. Шарҳи ӯ бо садои мутантан ин тавр оғоз ёфт: «Диққат намоед, аз стадиони «Пахтакор»-и Тошканд гап мезанем!..»

А. Имомхӯҷаев ба шореҳӣ чӣ тавр муяссар гашт?

Соли 1956 «Пахтакор» арзи ҳастӣ намуд. Стадион низ ҳамон сол сохта шуд. Барои шореҳон озмун эълон намуданд. 26 нафар дар он иштирок карда бошанд, аз рӯи забони русӣ ба Роман Турпишев, аз рӯи забони ӯзбекӣ ба Ахбор Имомхӯҷаев пирӯзӣ насиб гардид.

Худи ҳамон сол «Пахтакор» дар стадиони худ клуби «Спартак»-и Ереванро қабул намуд. Дебюти А. Имомхӯҷаев ба ҳамон бозӣ рост омад ва вай ба фаъолияти шореҳӣ шурӯъ сохт. Дар ин кор ба ӯ яке аз асосгузорони мактаби наттоқӣ Турғуной Собирова, ба Роман Турпишев бошад, диктори номӣ Алберт Азарян устодӣ кардаанд.

Рафти бозиҳои «Пахтакор» дар сафар аз тариқи радиои Ӯзбекистон пахш  мешуданд. Имохӯҷаев ҳамроҳ бо Турпишев ба Маскав, Санкт-Петербург, Минск, Киев, Боку, Тбилиси, Ереван ва Олмаато сафар карда, мусобиқаҳоро аз ҷойи ҳодиса шарҳ медод. Ҳар як қуввасанҷӣ ба таври фаромӯшнопазир сурат мегирифт.

Мухлисон зӯрозмоиҳои «Пахтакор» ва «Динамо» Киевро, ки ҳамеша шадид ва тезутунд сурат мегирифтанд, бо қалби пурҳаяҷон тамошо мекарданд. «Динамо» (К) яке аз пурзӯртарин тимҳо дар Аврупо низ ба шумор мерафт. Бисёр вақт мешуд, ки дастаи мо ба рақиби пурнуфузаш пирӯз ояд ва ин барои ҳаводорон тӯйи ҳақиқӣ мешуд. Имомхӯҷаев ашки шодӣ мерехт. Аммо, мутаассифона, ашки талхи ӯро низ дидаанд қарибонаш: «Пахтакор» августи соли 1979 ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд...

Ахбор Имомхӯҷаев дар баробари шореҳӣ ба баъзе бозиҳо доварӣ низ кардааст.

«Вохӯрии рафиқонаи «Пахтакор» ва ҷамоаи яккачини собиқадорони собиқ иттиҳодро асло фаромӯш намекунам, дар ду кунҷ Шокир Исмоилов ва Анатолий Беляков ба ман кӯмак мекарданд», мегуфт вай.

Дар ин бозӣ ситораи футболи шӯравӣ Эдуард Стрелтсов низ тӯбронӣ карда буд. Мусобиқа ба ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Ахбор Имомхӯҷаев соли 1958 бо Фарида ном духтар хонадор гардид. 40 сол ба як болин сар ниҳоданд. Панҷ нафар фарзандро тарбия карданд. Маълум, ки ҳалқаҳое, ки рамзи Олимпиадаанд, панҷто мебошанд (асосгузори эмблема барон Пьер Де Кубертен). Ахборака бо ифтихор номи фарзандонашро ба даруни ҳалқаҳо сабт мекард. Афсӯс, духтари хурдиаш Олия барвақт зиндагиро тарк кард. Доғе монд дар дили Ахборака.

Писарҳояш Аброр ва Зафар, наберааш Диёр дар мактаби журналистикаи футбол таълим гирифтанд. Зафар имрӯз котиби  матбуоти КМО.

Худи ӯ солҳои 1954-1956 дар омӯзишгоҳи омӯзгории вилояти Тошканд таълим гирифта ва чанд сол дар дабистон омӯзгорӣ карда буд. Баъдтар дар Институти тарбияи ҷисмонии Тошканд хонд ва онро соли 1963 хатм намуд. Геннадий Краснитский, Владимир Шерн, Ҳамид Раҳматуллоев ва Мақсуд Шарипов барин футболбозҳои номвар дӯстон ва ҳамсабақон дар давраи донишҷӯияш буданд.

Баъди соҳиби маълумоти олӣ шудан дар дабистони таълими умумии рақами 83-юми ноҳияи Зангиота аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс дод. Пасон ӯро ба институт таклиф карданд. Дар муассисаи олӣ аз футбол сабақ дод...

Соли 1980 бо ташаббуси як қатор дӯстонаш, ки акнун собиқадор буданд, «Тонг» ном ҷамоаи футбол ташкил карда шуд. Дар тим баробари ҳаваскорон Баҳодур Иброҳимов, Станислав Стадник барин футболбозони машҳур тӯб меронданд. Баъдтар Бародар Абдураҳимов, Амон Тағоймуродов, Фарҳод Тӯймуродов, Темур Крюк, Алишер Мадраҳимов, Козим Қаюмов барин шахсони маъруф ба ҷамоа ҷалб гардиданд.

Ахбор Имомхӯҷаев асосан ҳакамӣ менамуд. Имконият фароҳам ояд бозӣ ҳам мекард.

Шореҳи куҳансоли футбол қалами хуб низ дошт, мақолаҳо менавишт. Вай дар озмуни «Олтин қалам» ғолиб дониста шуд. Китобҳояш «Футбол хурсандиам, дардам, ифтихорам», «Мафтуни туам, футбол» ва «Ӯзбегимнинг Миржалоли» аз ҷониби доираи васеи ҷомеа гарм истиқбол карда шудаанд.

Имрӯз фарзандон ва наберагони Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, довари дараҷаи ҷумҳурӣ, яке аз шореҳҳони нотакрори футбол ба анъанаи нек идома дода, ҳар сол мусобиқаи ёдбуди «Ахбор Имомхӯҷаев»-ро ташкил менамоянд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: