Шиносоии мо бо шоира Зулфия Исроилова дар солҳои донишҷӯйӣ сурат гирифта буд. Дугонаам Юлдуз сабабгори шиносоии мо гардида буд.
Ба сабаби қаробати эҷодии ду шоири барҷастаи адабиёти ӯзбек – Зулфия Исроилова ва Шоири халқии Ӯзбекистон Тӯра Сулаймон, ки мисли бародару хоҳарон буданд, духтари ӯ – Юлдуз ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло донишгоҳи миллӣ) дар оилаи Зулфия зиндагӣ мекард.
Аз ин рӯ, Юлдуз эҷодкорони барҷаставу номдорро аз наздик мешинохт. Дар давраи ҳамкурсон мавзӯи суҳбати мо асосан дар бораи Зулфия буд. Ҳама ба дугонаам ҳавас мекарданд.
Зулфияхонум аз Юлдуз борҳо хоҳиш кардааст, ки дугонаҳои қаринашро ба меҳмонӣ даъват кунад. Рӯзе дугонаам ману Гулсунро ба хонаи шоир даъват кард. Албатта, вохӯрӣ бо шоири халқӣ, шахси машҳуре, ки мардум арҷ мегузоранд, барои мо – донишҷӯёни одӣ хушбахтии бузург буд. Вақте ба хонаи онҳо рафтем, зани хоксору самимӣ, ки дар бар либоси одӣ дошт, пешвоз баромада моро ба оғӯш гирифт.
– Дугонаҳои наздиктарини ман Шоҳида аз Намангон ва Гулсун аз Бухоро, – моро муаррифӣ кард Юлдуз.
– Илоҳо ба дӯстиатон чашм нарасаду бардавом бошад, – гуфт шоир ва давом дод:
– Юлдуз, Шоҳида, Гулсун, бигузор, мисли гул шукуфон бошанд. Мана шеър ҳам тайёр, – гуфту хандид ва бори дигар самимона оғӯш кард. Беихтиёр мавзӯи суҳбати мо ба адабиёт ва шеърият пайваст...
Вохӯрии аввал дар мо таассуроти фаромӯшнопазир гузошт. Махсусан, барои мо – духтарони деҳа як вохӯрии ҳаяҷоновар буд. Чунин вохӯриҳои хотирмон бештар ба вуқӯъ мепайваст.
Роҳбари собиқи шуъбаи Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах Юлдуз Бегалиева (ҳоло дар нафақа) на танҳо бо тақозои касб тарғибгари адабиёт аст, балки шахси наздиктарини Зулфияхонум низ маҳсуб мешавад. Ӯ дар бораи шоира хотираҳои зиёд дорад. Ва хостем чанде аз онҳоро пешкаши хонандагони рӯзнома намоем.
– Ман аз он хушбахтам, ки солҳои 1984-1988 бо Шоири халқии Ӯзбекистон, сарояндаи вафодорӣ ва садоқат – Зулфия Исроилова дар як хона зиндагӣ кардам, – мегӯяд Юлдуз. – Бисёр вақт дар бораи адабиёт ва шеър суҳбат мекардем. Ӯ дар бораи Ҳамид Олимҷон бо ҳиссиёти баланд ҳарф мезад. Хислатҳои хуби шоирро ба ёд меовард. Шоира аз вохӯрию чорабиниҳои эҷодӣ бе гулдаста барнамегашт. Шогирдон ҳамеша бо гулдаста ба хонааш меомаданд. Зеро ҳама медонистанд, ки ӯ гулро дӯст медорад.
Шоир боз як фазилати ибратпазир дошт. Қабри шавҳараш – Ҳамид Олимҷонро, ки дар маркази Тошканд – хиёбони назди Осорхонаи санъати Ӯзбекистон воқеъ буд, бо гулдастаҳо зиёрат мекард: гулҳои зеботарини хонаро интихоб менамуд. Шоир ба курсӣ ором менишасту ба дарёи хаёлот ғарқ мешуд. Хаёлан бо ӯ суҳбат мекард. Ман дарди дили ӯро намефаҳмидаму ҳайрон мешудам: «Охир шавҳараш ӯро намешунавад-ку...»
Солҳо гузашт. Калон шудаму ҳолати Зулфияро фаҳмидам. Акнун донистам, ки зани солхӯрда муҳаббати худро нисбат ба шавҳараш бо гулҳо ифода намуда, бо рӯҳи Ҳамид Олимҷон суҳбат мекардааст.
Ҳарчанд Ҳамид Олимҷон ҳамагӣ 35 сол умр дид, аммо шеърҳояш зиндагии ӯро идома медиҳанд, ба суруд табдил ёфта, танин меандозанд.
Дар хотир дорам, тобистони соли 2019 нависандаи машҳур, муаллифи асари «Қатлнома» Набиҷон Боқӣ ҳамроҳи олими этнографи турк Мурод Эрхун аз шуъбаи Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги кишвар дар вилояти Ҷиззах боздид кард.
Меҳмонон ҳар як экспонати ду шоири бузургро бо шавқ аз назар гузарониданд. Чашми меҳмон ба байте, ки дар як кунҷи сурати калони ин ду ҷуфт навишта шуда буд, афтод ва бо овози баланд қироат кард:
Энг гуллаган ёшлик чоғимда,
Сен очилдинг, кӯнгил боғимда.
Шунда, кӯзим кӯрди баҳорни,
Шунда, қалбим таниди ёрни...
Меҳмон ҳайраташро пинҳон дошта натавониста, гуфт: «Охир, ин суруди дӯстдоштаи ҷавонони турк аст. Онҳо ҳамеша ин сурудро месароянд. Офарин, тасанно!..» ва ба дӯсташ занг зада гуфт, ки матни ин сурудро шоири бузурги ӯзбек – Ҳамид Олимҷон навиштааст.
Дар ҳақиқат, шеъру суруди хуб на танҳо ба як миллат, балки ба аҳли башар тааллуқ дорад...
Шоҳида ДАМИНОВА,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.